Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блоки иқтисодӣ – "қаҳрамон"-и маҷлиси солонаи ҳукумат


Беш аз нисфи маҷлиси имсолаи ҳукумати Тоҷикистон ба баррасии мушкили иқтисодии кишвар равона шуд. Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷаласаи рӯзи 21-уми январро роҳбарӣ мекард, дар аксу гузоришҳои расмӣ бештар бо табъи хираву нороҳат ба назар мерасид.

Зарурат ба ислоҳот дар Тоҷикистон хеле пеш ба миён омадааст. Ҳанӯз аз соли 2002. Ҳукумат дар ин фосила баъзе ислоҳотро рӯи даст гирифт, ба мисли мораторияи санҷиши бизнес. Аммо ин мушкили иқтисодро ҳал намекунад.

"Қаҳрамон"-ҳои аслии ҷаласаи имсола ҳам бештар масъулони блоки иқтисодӣ буданд, ки бо сари хам интиқоди президентро мешуниданд. Зарбаи аслии интиқоди президент ба Хайрулло Раҳимов ва Руҳулло Ҳакимзода - раисони "Тоҷик Эйр" ва "Амонатбонк" расид, ки ҳарду дар ҷараёни маҷлис бо хитоби "ба шумо ҷавоб"-и президент бо курсиҳои худ падруд гуфтанд.

Иштирокдорони маҷлис мегӯянд, буҳрони "Тоҷик Эйр" ба барканории Рӯҳуллоҳ Ҳакимзода низ сабаб шуд. Ширкати ҳавопаймоӣ яке қарздорони "Амонатбонк" аст. Ба гуфтаи иштирокдорони маҷлис, вақте президент аз раиси “Амонатбонк” пурсидааст, ки қарзи "Тоҷик Эйр" баргардонда шуд ё не, посухи манфии Ҳакимзода президентро нигарон карда ва боис ба барканории ӯ шудааст.

Масъалаи камчин шудани арзи хориҷӣ дар бозор, хусусан доллари амрикоӣ низ аз таваҷҷуҳи президент дур намонд. Президент камбуди асъори хориҷиро як навъ "монеа" дар кори соҳибкорон хонд ва ба масъулони Бонки Миллӣ, ки дар толор рост меистоданд, таъкид кард, ин мушкилро ҳал кунанд.

Истеҳсоли алюминий кам шуд, чаро?

Мақомоти Бонки Миллӣ мисли соли гузашта ин навбат ҳам бо сари хам интиқоди президентро аз кам шудани арзи хориҷӣ мешуниданд. Ин дар ҳолест, ки истеҳсоли алюминий - яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ва манбаи даромади доллар ба кишвар кам шудааст.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, тавлиди алюминий нисбат ба соли гузашта 7,1 дар сад ва нисбат ба соли 2012 қариб се баробар кам шудааст. Алюминий яке аз ду маҳсулоти асли содиротии Тоҷикистон мебошад. Корхонаи тавлиди алюминиюм "Талко" дар 10 соли охир ҳаҷми истеҳсолро аз 419 ҳазор тоннаи соли 2007 то ба 103 ҳазор тонна дар 2017 коҳиш дод.

Дастандаркорони соҳа ин вазъро ба омилҳои берунӣ ва объективӣ рабт медиҳанд. Cаъдулло Гардуллозода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, рӯзи 23-юми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "сабаби асосии кам шудани истеҳсоли алюминий сари вақт дастрас нашудани ашёи хом буд. Дар миёнаҳои сол баъзе аз ашёи хоми истеҳсоли алюминий, аз ҷумла нафти коксӣ, ки аз хориҷ меояд, дар қаламрави Туркманистон дармонд. Бинобар ин, истеҳсолоти аллюминий кам шуд."

Гардуллозода афзуд, ҳоло ширкати Талко ду тарҳеро дар даст дорад, ки дар сурати иҷро шудан, тавлиди алюминий имсол то ба 300 ҳазор тонна афзоиш хоҳад ёфт. "Талко ният дорад, имсол ду хумдонро таъмир карда, боз чанде аз хумдонҳоро "модернизатсия" кунад", - гуфт Гардуллозода.

Ин масъули Вазорати саноат афзуд, нархи алюминий – яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷкистон зуд-зуд дар бозори ҷаҳонӣ тағйир меёбад ва андак коҳиш ёфтани нархи он ба кори Талко таъсир дорад.

Нусратулло Давлатзода
Нусратулло Давлатзода

Мақомот мегӯянд, Талко бо назардошти талаботи бозор ва болову поён шудани нарх алюминийро тавлид мекунад, чун дар ниҳояти амр аз фаъолияти худ зиён набинад. Бо вуҷуди коҳиш ёфтани сатҳи истеҳсоли алюминий соли 2018 ширкати Талко фаъолияти худро бо наздики 12 миллион доллар фоида ҷамъбаст кардааст.

Чаро даромади будҷа аз ҳисоби НДС кам шуд?

Як мояи дигари нигаронии президент аз бахши иқтисод 411,3 миллион сомонӣ ворид нашудани маблағ аз ҳисоби НДС ва ё андоз аз арзиши изофашуда буд.

Ба қавли ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ аз шумори онҳое, ки дар маҷлис ширкат доштанд, Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз ба суоли президент, ки "чаро нақшаи даромади будҷа аз ҳисоби НДС иҷро нашуд?", гуфтааст, кам шудани даромади ширкатҳои мобилӣ боис ба камомади даромади будҷа аз ин анвъи андоз шуд.

Дар ин ҷаласа, монанди нишастҳои ҳамсони гузашта, масъалаҳо интихобӣ ва вазъиятӣ баррасӣ шуданд. Гӯё намунаҳое барои намоиш ва чораҷӯӣ интихоб шуданд, монанди “Тоҷик Эйр” ва “Амонатбонк”. Дар ҳоле ки мушкилоти ҳамсон дигар ниҳодҳоро низ домангир аст.

Ин ишораи Давлатзода дар робита ба бадтар шудани вазъи ширкатҳои мобилӣ боис ба интиқоди президент аз Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа шуд. Президент Раҳмон аз ҷумла аз сифат ва суръати пасти Интернет изҳори нигаронӣ кардааст.

Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилӣ мегӯяд, воқеан ҳам фоидаи ширкатҳои мобилӣ кам шудааст, вале ин танҳо ба як омил вобаста нест, балки соҳа дар маҷмуъ дучори рукуд шудааст. "Дар чанд соли охир бинобар афзоиши хароҷот ширкатҳои мобилӣ маҷбур шуданд, нархи хидматрасониро боло баранд. Дар натиҷа мардум аз хидмтрасонии ширкатҳо камтар истифода мекунанд", - шарҳ дод ӯ.

Коршиносоне, ки ҷаласаи ҳукуматро назорат мекарданд, гуфтанд, интиқоди саросарӣ аз блоки иқтисодиву молиёт ва вазъи сармоягузориву соҳибкорӣ баёнгари амиқрафти мушкил дар ин соҳаҳо аст.

"Ҳама соҳаҳо ба ислоҳот ниёз дорад"

Салими Аюбзод
Салими Аюбзод

Салими Аюбзод, шореҳи масоили Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳама баёнгари он аст, ки ҳама соҳаҳо ба ислоҳот ниёз доранд. Ӯ афзуд, "дар ин ҷаласа, монанди нишастҳои ҳамсони гузашта, масъалаҳо интихобӣ ва вазъиятӣ баррасӣ шуданд. Гӯё намунаҳое барои намоиш ва чораҷӯӣ интихоб шуданд, монанди “Тоҷик Эйр” ва “Амонатбонк”. Дар ҳоле ки мушкилоти ҳамсон дигар ниҳодҳоро низ домангир аст. Барои намуна, вазъи корхонаи алюмин низ чунин аст, ки раисиҷумҳур коҳиши зиёда аз ҳафтдарсадии истеҳсолро танқид кард ва гуфт, тавлид назар ба соли 2012 се баробар кам шудааст. Манзурам ин аст, ки мушкил асосан дар мудирияти ниҳодҳои иқтисодии кишвар дида мешавад, на дар система ё низоми куллӣ. Барои ҳамин, раҳбарон иваз карда мешаванд, ҳол он ки бояд система тағйир дода шавад."

Ба қавли Салими Аюбзод, бо чунин вазъ расидан ба ҳадафи ҳукумат барои индустриализатсия ё саноатӣ кардани Тоҷикистон мушкил мешавад. Таҳлилгари дигари тоҷик Марат Мамадшоев ҳам мегӯяд, зарурати роҳандозии як ислоҳоти фарогир дар иқтисоди Тоҷикистон кайҳо боз фаро расидааст.

"Мушкили иқтисоди Тоҷикистон ин аст, ки рақобат надорад"

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

"Зарурат ба ислоҳот ва ё реформаҳо дар Тоҷикистон хеле пеш ба миён омадааст. Ҳанӯз аз соли 2002. Ҳукумат дар ин фосила баъзе ислоҳотро рӯи даст гирифта буд, ба мисли мораторияи санҷиши бизнес. Аммо ин дар маҷмуъ мушкили иқтисодро ҳал намекунад. Мушкили иқтисоди Тоҷикистон ин аст, ки дар он рақобат вуҷуд надорад", - афзуд ӯ.

Мамадшоев мегӯяд, набуди рақобат аз он аст, ки сатҳи инҳисори бахшҳои иқтисод хеле баланд аст, чун дар миёни иштирокдорони бозор баробарӣ вуҷуд надорад. "Дар мо формулаи “Ба одамони худӣ ҳама чиз ҷоиз, нисбат ба дигарон қонун амал мекунад" роиҷ аст", - мегӯяд Мамадшоев.

Таҳлилгари тоҷик гуфт, ҳама гуна ислоҳоти бунёдӣ иродаи сиёсии мақомотро талаб мекунад ва ҳоло интихоб ба худи онҳост, ки то куҷо чунин иродаро ба намоиш мегузоранд.

XS
SM
MD
LG