Дар сӯҳбате аз Ойниҳол Бобоназарова, номзади ИНИТ дар бораи вокушинҳое, ки баъди пешниҳод шудани ӯ дар ҷомеа ба миён омад, пурсидем.
Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ҳуқуқшиноси маъруф Ойниҳол Бобоназарова намояндагӣ хоҳад кард. Дар бораи номзади ягонаи мухолифин ҳизбу созмонҳои узви ин эътилоф рӯзи 9 сентябр дар нишасти навбатии худ тасмим гирифтанд.
«Озодӣ»: Интихоби Шумо ба ҳайси номзади ягонаи ИНИТ вокунишҳои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овард. Қишри рӯшанфикр номзадии шуморо хуш пазируфт. Аммо бархе аз шеваи пешниҳоди шумо интиқод карданд, яъне, ҳамчун як варианти компромиссӣ, тавре худи шумо гуфтед . Худи шумо чунин шеваи пешниҳодро чӣ гуна пазируфтед?
Ойниҳол Бобоназарова: "Ман фикр мекунам, ки агар тамоми ҷомеа якдилона маро қабул мекард, ин маънои онро дошт, ки ман он қадар одами хуб набудаам. Онҳое ки танқид мекунанд, онҳое ки аз ин пешниҳод розӣ нестанд, аз онҳо ҳам ман миннатдорам. Бояд ҳамин тур бошад. Агар дар ҷомеа гуногунандешагӣ набошад, чизи хуб нест.
Он ки ба ман чунин пешниҳод шуд, аслан бароям ногаҳонӣ нест. Аслан ҳанӯз аз соли 2004 рӯзноманигорон аз ман мепурсиданд, ки кай шумо номзадиатонро ба президентӣ мегузоред. Аммо ман дар давраи аввал аз дигарҳо пуштибонӣ мекардам ва то даҳзаи охир мехостам дигар номзад шаванд. Чун дигарҳо мехостанд. Масалан, Раҳматилло Зоиров бисёр мехост ва ман ҳам ӯро пуштибонӣ мекардам. Аммо чунин шуд, ки як гурӯҳ ӯро ҷонибдорӣ накарданд. Масъала ин буд, ки ё ҳамин иттиҳод барҳам мехӯрад ё онро бояд дастгирӣ мекардам. Ман фикр мекунам, ки ман аз ягонтои инҳо аз бисёр ҷиҳатҳо кам ҳам нестам. Бубинед, ки қариб 30-40 сол ман дар ин муборизаҳо ҳастам."
«Озодӣ»: Бархе мегӯянд, агар мехостанд Бобоназароваро муаррифӣ кунанд, чаро пештар барои муаррифии бештари ӯ талош накарданд. Оё дуруст аст, ки нерӯи мухолифи ҳукумат бе ягон омодагӣ ва заминае ба чунин мақоми баланд номзад пешниҳод кунад?
Ойниҳол Бобоназарова: "Ин айби ман аст. Ҳар боре онҳо пешниҳод мекарданд, ман мегуфтам, намехоҳам. Бинобар ин, онҳо фикр карданд, ки ман намехоҳам. Ҳатто боре дар рӯзномаи «Фараж» гуфта буданд, ки чаро Бобоназарова хомӯш аст."
«Озодӣ»: Вале онҳо барои муаррифии шумо талош доштанд?
Ойниҳол Бобоназарова: "Бале. Чанд бор аз ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ман суҳбат доштанд. Ҳатто дар интихоботи соли 2006 яке аз ҳизбҳо ҳам ба ман гуфта буд, ки агар хоҳед, мо номзадии шуморо пешниҳод мекунем. Ман рад кардам. Ин навбат ман фикр мекунам, онҳо натарсида ин корро карданд. Мегӯянд, ки маро намешиносанд. Ман ба ин ҳеҷ бовар надорам. Ман яке аз созмондиҳандагони ҳизби демократ будам. Ман яке аз нафароне будам, ки бо низомӣ шӯравӣ дар мубориза будам. Як нафаре будам, ки зиндонӣ шуда будам, яке аз нафарҳое будам, ки дар созмонҳои байналмилалӣ кор кардам ва солҳои зиёд дар факултаи ҳуқуқшиносӣ будам ва ҳазорҳо шогирд дорам. Ҳар ҳафта тамоми рӯзномаҳо ё дар ин ё он мавзӯъ назари маро мегиранд ё бо ман мусоҳиба мекунанд. Ба он ки мегӯянд, чеҳраи ноошно аст, ман ҳеҷ розӣ шуда наметавонам."
«Озодӣ»: Умуман, ба ҷуз он суханоне, ки дар интернет ва матбуот ҳаст, ба худи шумо чӣ вокунишҳое буд?
Ойниҳол Бобоназарова: "Ба ман аз Русия, Англия, Олмон, Туркия, Эрон, Гурҷистон шиносу ношиносҳо занг мезаданд. Онҳо шарҳи ҳоли маро хондаанд ва ҳама ба ман барор орзу мекунанд. Ҳатто равоншиносон суханрониҳои моро хонда хулосаҳои худро мебароранд. Ман дар бораи ҷумҳурӣ намегӯям. Аз шимолу ҷанбу ва шарқу ғарби ин қадар дастгириҳоро дида истодам. Бинобар он чизҳое ки мегӯянд, ман нодуруст мешуморам. Масалан, мегӯянд, чаро наҳзатиҳо ӯро дастгирӣ карданд, чун симои исломӣ надорад. Бояд гӯям, ки аз соли 1999 ман шахсе будам, ки вақте ҳуқуқи онҳо поймол мешуд, ман ҳимояашон мекардам. Аз ҳисоби 30-фоиза ба ман мансаб ҳам пешниҳод карда буданд, рад кардам. Яъне на имрӯз маро Кабирӣ пешниҳод кард. Дар замони худ устод Нурӣ маро даъват ва вазифа пешниҳод карда буд. Яъне, барои онҳо ҳам ман шинос ҳастам. Бубинед, ки охирон қонунҳое, ки қабул шуд, қонуни танзими расму оин ва дигарҳо, муллоҳову имомхатибон хомӯш буданд. Онҳо бояд бо намояндагӣ аз мардум садо баланд мекарданд. Мардум ба онҳо муроҷиат накарданд, ба ман карданд. Ман нафаре ҳастам, ки худро демократ меҳисобам ва мехоҳам як ҷомеа, як давлате бошад, ки ҳам исломӣ худро хуб ҳис кунад, ҳам коммунист, ҳам демократ. Ана ин аст мақсади ман."
«Озодӣ»: Ҳангоми пешбарии шумо бештар ба кадом ҷанба такя мекарданд?
Ойниҳол Бобоназарова: "Ҳамон таҷрибаи зиёди ман, ки солҳо дар сиёсат будам, пеш аз ҳама ба ин такя мекарданд. Ва таҷрибае, ки ман дар созмонҳои байналхалқӣ доштам. Маро ҳамчун як ҳомии ҳуқуқи башар мешинохтанд. Воситаҳои ахбор ҳам ба ман хеле кӯмак кард. Вақте дигарон намехостанд барои матбуот сӯҳбат кунанд, ман сӯҳбат мекардам. Мегӯянд, ки ҷомеаи мардсолорӣ тайёр нест. Дар Афғонистон омода будааст. Дар Покистон ҳатто вазири корҳои хориҷиашон зан аст. Дар Бангладеш ва дигар давлатҳои мусулмонӣ занҳо сарвар ҳастанд. Ман ин гуна суханҳоро қабул надорам. Ин ҷои айби ҷомеа нест. Эҳтимол ҳукумат баъзан халал мерасонад. Аммо як ҷиҳати хуби ин масъала он аст, ки занҳоро такон дод. Занҳо ҳам ҳис карданд, ки ба майдони сиёсат ворид шудан лозим аст."
«Озодӣ»: Худи шумо ба чӣ такя мекунед? Ба назари худатон бештар дар байни кадом қишри ҷомеа маъруфият доред ва ба дастгирии онҳо метавонед умед бандед?
Ойниҳол Бобоназарова: "Азбаски худам демократ ҳастам, ҳатман ба ҷомеаи шаҳрвандӣ такя мекунам. Дуюм ба рӯзноманигорон, ки хеле бо ман ошно ҳастанд. Зеро ҳатто дар мавзӯъҳои сахт ман бо онҳо ҳамкорӣ доштам. Ва аз ҲНИТ умедворам, ки маро дастгирӣ мекунад. Зеро онҳо бо чашми худ диданд, ки вақте ҳуқуқашон вайрон шавад, ман мехезам, ин новобаста аз он аст, ки ман мегузарам ё не. Бубинед, ҳатто ҷаноби Шабдолов ҳам номзадии маро ҷонибдорӣ кард. Яъне, ҳам коммунистҳо, ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ маро дастгирӣ карданд. Ман намедонам, ки агар каси дигар мешуд, то чӣ андоза ин қадар тарафдорҳо пайдо мекард.
Ҷаноби Раҳмон бисту як сол дар сари қудрат буд ва норозиёни худро ҳам дорад. Эҳтимол онҳо маро дӯст надоранд, аммо ба ман овоз медиҳанд. Ман ҳаргиз дар қудрат набудам, ба касе чизе ваъда надодаам. Касе наметавонад аз гиребони ман гирад. Ман худ худамро пешниҳод накардаам. Маро гуфтанд, ки биёед, мо шуморо дастгирӣ мекунам. Ман бисёр шахси озодам. Ба ман гуфтанд, ки агар пирӯз оед, ба Кабирӣ ё Зоиров чӣ вазифа медиҳед? Ман ба ҳеҷ кас ҳеҷ вазифа ваъда намекунам, чунки оне ки имрӯз меояд, барои дифои худ, барои ақидааш меояд. Онеро ки барои вазифа меояд, ман қабул надорам."
«Озодӣ»: Мегӯянд ки номзадии шумо ҳукуматро ҳам хурсанд кард. Худи шумо дар ин бора чӣ мегӯед?
Ойниҳол Бобоназарова: "Ман фикр мекунам, ки эҳтимол, то андозае хурсанд карда бошад. Зеро онҳо медонанд, ки ман ҳуқуқшинос ҳастам ва ҳаракат мекунам ҳамаи масоилро дар доираи ҳуқуқу қонун ҳал кунам. Ман экстермист нестам, радикал нестам. Ин як чизи хуб аст ҳама барои ҳукумат ва ҳам барои дигарон. Ман талош мекунам, агар ҳукумат ҳуқуқи ман ё онҳоеро, ки ба тарафдории ман овоз додаанд, поймол кард, ҳама механизмҳои қонуниро истифода барам ва то охир истодагарӣ кунам. Бисту як сол аст ман ҳукуматро танқид мекунам ва онҳо ҳис карданд, ки танқиди ман тӯҳмат ё гапи ҳавоӣ нест. Ман вақте танқид мекунам, як чиз пешниҳод ҳам мекунам. Яъне на ба мақсади танқид мегӯям, балки барои он ки ислоҳ кунем. Бисёр мехоҳам ҳамон овозҳое, ки воқеан, ба ман медиҳанд, ҳукумат ба фоидаи худ накунад. Бархе коршиносон, ба мисли Князов гуфтаанд, ки «агар ба болои Бобоназарова фишор оранд, ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ба болои Раҳмон фишор оварад». Ман фикр мекунам, ки фишор овардан ба болои ман ва тарафдорони ман ба суди ҳукумат нест."
«Озодӣ»: Аслан, робитаатон бо ҳукумат чӣ гуна аст?
Ойниҳол Бобоназарова: "Ба ҳар гуна маҷлисҳо маро даъват намекунанд, аммо дар баъзе масъалаҳо ҳамкорӣ мекунанд. Бо парлумон ҳамкорӣ дорам, меравам. Вақте онҳоро ҳам даъват мекунам, дар конфронсу ҳамоишҳои мо ширкат мекунанд. Вақте бо шикояти мардум ба сохторҳои қудратӣ муроҷиат мекунам, маро бисёриҳо мешиносанд ва то ҷое масъалаҳоро ҳал мекунанд. Аслан, бояд гӯям, ки ман душман надорам. Агар касе зидди ман гап мезанад, ин фикри ӯст. Ман ҳамонро ҳам эҳтиром дорам. Аммо дар масоили принсипиалӣ, вақте сиёҳро сафед мегӯянд, ман дар мавқеи худ устувор ҳастам."
«Озодӣ»: Оё аз ҳукумат ягон нафаре то имрӯз шуморо барои пешниҳод шуданатон табрик кард?
Ойниҳол Бобоназарова: "На ягон нафар, балки нафарони зиёд табрикам карданд. Аммо ман намехоҳам онҳоро ном гирам, ба хотири он ки ин проблема нашавад. Дар сӯҳбатҳо мегуфтанд, мо шодем. Ҳатто Сайфулло Сафаров, фикрҳои хуб гуфт. Раиси КМИР ҳам гуфт, ва ман шогирди он кас ҳастам ва эҳтиром дорам. Ҳеҷ кас накобад, ки ман душманкобӣ мекунам. Нафаре ки маро танқид мекунад, ман ӯро душман намеҳисобам. Агар сахт гап занад, мегӯям, маданияташ ҳамин аст. Дуруст гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон варианти Қирғизистонро интихоб карданд, яъне зане омаду тарафҳоро ба сари мизи гуфтушунид овард. Роза Отумбоева дар масъалаи занҳо қолабшиканӣ кард. Ман аз он хонум миннатдорам, ки барои хеле сабуктар кард."
«Озодӣ»: Яъне, шумо ҳам омода ҳастед ҳамин гуна рисолатро ба дӯш бигиред?
Ойниҳол Бобоназарова: "Албатта, ин рисолати хеле душвор аст. Вақте ба хона омада дар ин бора гуфтам, дар чеҳраи наздиконам хурсандиро надидам. Зеро онҳо медонистанд, ки ман як масъулияти калонро ба дӯш гирифтам. Имрӯз ҳам вақте аз ман мепурсанд, ки худро чӣ тавр ҳис мекунед, ман мегӯям «як бори гароне бар дӯши худ ҳис мекунам ва мардуми зиёдеро, ки дар қафои ман истодааст ва ман бояд он чизеро, ки аз ман вобастааст, то охир бирасонам."
«Озодӣ»: "70 дарсади интихобкунандагон занҳоянд. Ба назари шумо, то кадом сатҳ онҳо метавонад шуморо дастгирӣ кунанд?
Ойниҳол Бобоназарова: "Албатта, он занҳое, ки дар ҳукумат ҳастанд, метарсанд, ки вазифаашонро аз даст медиҳанд, ба ман овоз намедиҳанд. Ман аз онҳо хафа ҳам намешавам. Аммо дар кӯча занҳои зиёде ба наздам меоянд, мегӯянд шуморо дастгирӣ мекунем. Ман солҳои зиёд бо он занҳо кор кардам ва тарафдорони зиёде дорам аз ҷумлаи онҳо. Ягон бор дар таърихи Тоҷикистон зан чунин қудрат надошт. Барои худи он занҳо ҳам аҷиб аст. Онҳо сарфи назар аз он ки ба кӣ овоз медиҳанд, ба интихоб меоянд, онҳо фаъол мешаванд."
«Озодӣ»: Аслан, шумо ҳамеша муқобили ба марду зан ҷудо кардани одамон будед. Вале бо пешниҳод шудани шумо зуд ба шумо ҳамчун зан нигаристанд. Оё метавонед дар ин муддати кӯтоҳ ба ҷомеа муаррифӣ кунед, ки шумо на танҳо як зан, балки шахсият ҳастед?
Ойниҳол Бобоназарова: "Чунин андешаронӣ албатта, раванди тӯлонӣ дорад, мо бояд онро бишканем. Вақте дар бораи Зоиров мегӯянд, намегӯянд, Зоиров мард. Аммо дар мавриди ман зан буданамро таъкид мекунанд. Ман зан ҳастам, табиатан Худо маро зан офаридааст. Аз он ки маро зан мегӯянд, чизе иваз намешаванд. Ман мехоҳам маро ҳамчун шахсият шиносанд. Ман мехоҳам бештар аз ҷониби мардҳо овоз бигирам. Дар мардуми мо дар баробари мафҳумҳои зан-модар мафҳумҳои паршикаста, заифа мегӯянд. Ман мехоҳам ҳамин қолабро шиканам."
«Озодӣ»: Пас, барои ин чӣ тасмимҳое мехоҳед бигиред?
Ойниҳол Бобоназарова: "Барои ман осон аст. Он хатоҳое, ки ин ҳукумат кард, ман онҳоро намекунам. Агар ман тавонам, он ислоҳотеро, ки дар консепсия ҳаст, ҷорӣ кунам, худи ҳамин ҷомеаро демократӣ мекунад ва ҳар нафар ҳис мекунад, ки ин ватан аз ман аст. Ин барнома дар асоси пешниҳодҳои мардум таҳия шудааст. Ман хоҳиши мардумро иҷро мекунам. Агар онҳо наоянду ба ман овоз надиҳанд, пас онҳо барои худ овоз надодаанд. Ин бори аввал аст, ки номзад худ барнома надорад ва барномааш аз номи ҳазорон нафар таҳия шудааст."
«Озодӣ»: Вақте бори аввал ба Душанбе омада будед, чӣ андешаҳое дар сар доштед, ё фикр мекардед, ки то ин поя ба сиёсат ворид мешавед?
Ойниҳол Бобоназарова: "Не, чунин андешаҳо надоштам. Аммо аз солҳои аввали донишҷӯӣ барномаҳои радиои «Мавҷи Олмон»-ро гӯш мекардам ва аллакай ба сиёсат ворид шуда будам. Аз Сахаров ва дигарон, ки тавассути радиоҳои хориҷӣ сухан мегуфтанд, чизҳои аҷибе мешунидам. Аз замони донишҷӯӣ хислатҳои озодандешӣ дар ман пайдо шуда буд ва хеле фаъол ҳам будам. Ман коммунист будам, аммо дар баъзе конфронсҳо хеле сахт баромад мекардам. Бо котиби СК Лучинский баҳсе ҳам доштам. Ҳатто баъзе лақабҳои сиёсӣ ба ман дода буданд. Имрӯз аҳли хонаводаам медонанд, ки ман чӣ азобҳо кашидаам ва нигарониашон ҳам аз ҳамин буд. Аммо ҳоло ман аз модарам дуо гирифтам. Модари навадсолаам бо ин мазмун ба ман барор хост: «Духтари ман ҳеҷ гоҳ барои худаш зиндагӣ накардааст. Агар аз дасташ меомад, ҳамеша ба ҳама кӯмак мекард».
Имрӯз ҳамсарам дар паҳлӯи ман аст, фарзандонам ҳам. Онҳо ҳарчанд норизо буданд, аммо интихоби маро эҳтиром мекунанд. Дар хонаводаи мо ҳатто ҳуқуқи кӯдак эҳтиром мешавад.
«Озодӣ»: Интихоби Шумо ба ҳайси номзади ягонаи ИНИТ вокунишҳои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овард. Қишри рӯшанфикр номзадии шуморо хуш пазируфт. Аммо бархе аз шеваи пешниҳоди шумо интиқод карданд, яъне, ҳамчун як варианти компромиссӣ, тавре худи шумо гуфтед . Худи шумо чунин шеваи пешниҳодро чӣ гуна пазируфтед?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад