Ҷашни "Сайри гули лола"-и тоҷикон дар Сибир

18-ӯми июн дар шаҳри Красноярски Сибир дар ҷазираи Татишев ҷашни тоҷикони муқими кишвари Красноярск мавсум ба “Сайри гули лола” баргузор шуд.
Дар он ба ҷуз аз тоҷикони муҳоҷири муқими ин минтақа ҳайатҳо аз Хакасия, Тотористону Бошқирдистон ширкат доштанд. Хабаргузории Сибир иттилоъ додааст, ки ин ҷашн ҳар сол дар моҳи июн бо ибтикори ҷамъияти тоҷикон баргузор мешавад ва соли ҷорӣ бори дувоздаҳум “Сайри гули лола” баргузор шудааст.

Дар маҳали баргузории ҷашн намоишгоҳе бо номи “Ошноӣ бо Тоҷикистон” созмон дода шуда буд. Ин ҷашн бо мусобиқот дар навъҳои варзиши миллии тоҷикон ба поён расид. Дар як мусоҳибаи телефонӣ Муталиб Шарипов, раиси ҷамъияти тоҷикони Сибир ва созмондиҳандаи ин ҷашн дар Крансноярск ба суоле дар ин бора, ки ҷашни “Сайри гули лола” дар Сибир аз куҷо сарчашма мегирад, чунин гуфт:


Шарипов: “Соли 1999 буд, як-ду сол кӯшиш кардем, ки Наврӯзро гузаронем, вале он ба боду ҳавои мо дар Сибир дуруст наомад. Бино бар ин мо интернетро ҷустуҷӯ кардем ва як ҷизро ёфтем. Дар он ҷо дар давраҳои қадим дар шимоли Тоҷикистон иди “Сайри гули лола”-ро барои ҷамъоварии ҳосили якум ҷашн мегирифтаанд. Дар ин рӯз ошиқон ба дидори маъшуқон мерасидаанд. Мардум ҷамъ шуда бо сару либоси идона ба сайри гули лола мебаромадаанд, тантанаҳо барпо мекардаанд, хӯрокҳои миллӣ мепӯхтаанд.


Мо ҳаминро ба назар гирифтем ва ба хотири он, ки дар Сибир зиндагӣ мекунем ва дар ин ҷо ҳамагӣ се моҳ-севуним моҳ гармӣ ҳаст ва боқимонда мисли фасли зимистон аст, барои ҳамин мо ҳар сол аз 15 то 20 июн ин идро ҷашн мегирем. Ҳоло ҷашни “Сайри гули лода”-ро шаҳрдории Красноярск ба чорабиниҳои шаҳр дохил кардааст ва мардуми ин шаҳр медонанд, ки мардуми тоҷики ин ҷо ҳар сол як бор ид доранд”.

Озодӣ: Имсол ин ҷаншро чӣ гуна баргузор кардед, ҳолу ҳавои ид ва муҳит чӣ гуна буд?

Шарипов: “Имсол иди “Сайри гули лола”-и мо нисбат ба солҳои пеш беҳтару хубтар гузашт. Программаи консертӣ доштем. Овозхони тоҷик Файзигул бо ансамбли худ даъват шуда буд. 9 нафар ташриф оварданд”.

Озодӣ: Шумо онҳоро аз Тоҷикистон даъват кардед?

Шарипов:
“Аз Тоҷикистон даъват кардем ба хотири ҳамин ҷашни “Сайри
Соли 1999 буд, як-ду сол кӯшиш кардем, ки Наврӯзро гузаронем, вале он ба боду ҳавои мо дар Сибир дуруст наомад.

гули лола”. Мардуми Красноярск новобаста ба миллияту халқият иштирок карданд. Ҳаваскорони тоҷик обрӯи миллати моро дар ин ҷо хеле боло бардоштанд”.

Озодӣ: Оё мақомоти расмии ин минтақа ҳамин ҷашнро ба расмият мешиносанд ва медонанд, ки ҷашнро ҷамъияти тоҷикон созмон додаанд ё баргузор мекунанд?

Шарипов:
“Албатта, ин ҷашнро бо ташаббуси раҳбарияти ҳамин шаҳр мегузаронем. Мири шаҳр иштирок кард. Раҳбарони дигар ташкилотҳои ҷамъиятиву давлатӣ иштирок карданд. Ҷашни “Сайри гули лола”-ро раҳбарияти ин шаҳр ба расмият шинохтааст ва дар рӯйхати идҳои шаҳрӣ ҳамроҳ карда шудааст. Ба мо ёрдам мекунанд. Намояндагони корҳои дохилии шаҳр барои бехатар гузаронидани маъракаи мо ёрдами худро расонданд”.

Озодӣ: Оё мардумоне, ки Наврӯз доранд, масалан мардумони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, дар ин ҷашн ширкат доштанд?

Шарипов
: “Албатта, ҳам иштирок карданд ва ҳам санъаткорони онҳо як номера-ду номераи консертӣ иҷро карданд. На танҳо мардумони Осиёи Миёнаву Қафқоз, балки намояндагони халқҳои славянӣ иштирок карданд. Онҳо низ барномаҳои консертии худро дар ин иди мо пешниҳод карданд. Иди хеле калон шуд. Касе, ки аз меҳмонони Тоҷикистон дар ин ҷашни мо бори якум иштирок карданд, ҳатто апаи Файзигул гуфт, ки хаёл мекунам, ки имрӯз дар Тоҷикистон будам.

Тамоми мардум бо хурсандӣ ин иди моро пешвоз гирифтанд. Хӯрокҳои тоҷикӣ пешкаш кардем. Мардуми Сибир ҳоло медонанд, ки тоҷикон аз қадим то имрӯз чӣ хел хӯрокҳои миллӣ доранд. Як намоишгоҳ доштем бо номи “Ошноӣ бо Тоҷикистон”. Одамон дар он ҷо бо намунаҳои ҳунари миллии мо ошно шуданд. Ҳамаи ин дар барномаҳои фарҳангӣ буд. Баъд аз нисфирӯзӣ гуштини миллии тоҷикӣ гузарондем. Паҳлавонон аз гӯшаву канори Русияву Тоҷикистон омада буданд. Маъракаи моро обод карданд”.

Озодӣ: Бубинед, ҳамаи ин корҳо аз даъвати ҳунармандону паҳлавонон то баргузории ҷашн ва пешкаш кардани хӯрокҳои миллӣ харҷи худро дорад. Оё ин харҷро ҷамъияти шумо бар ӯҳда гирифт ё аз тарафи шаҳрдорӣ ё вилоят ҳам кӯмаки молӣ шуд?

Шарипов: “Аз тарафи шаҳрдории Красноярск ҳам ёрдам шуд, аз тарафи бачаҳои худамон, ки дар як бонк кор мекунанд. Бачаҳое, ки шароити хуби зиндагӣ доранд, худашон ёрами худро ба қадри имкон расонданд. Мо ягон танқисӣ накашидем".