Соҳибкори тоҷик ва раиси "Гурӯҳи 24", Умаралӣ Қувватов мегӯяд, бовар дорад, ки мақомоти Дубай ба истирдоди ӯ ризоият нахоҳанд дод.
Додситонии Имороти Муттаҳидаи Араб мӯҳлати боздошти тоҷири тоҷик ва раиси "Гурӯҳи 24", Умаралӣ Қувватовро то 18-уми феврал дароз кард. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, мавсуф ба зудӣ ба Тоҷикистон интиқол дода хоҳад шуд. Ҷаноби Қувватов рӯзи 23-юми декабри соли гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд ва дертар мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ин боздошт бо дархости онҳо ба вуқӯъ пайвастааст. Рӯзи 31-уми январ ба Радиои Озодӣ муяссар шуд, бо Умаралӣ Қувватов гуфтугӯи телефоние анҷом диҳад.
Радиои Озодӣ: Шумо дар дуроҳа ё моварои истирдод ба Душанбе ва озодӣ аз маҳбаси Дубай ҳастед. Эҳтимоли кадоме аз ин ду, ба фикри Шумо, зиёдтар аст?
Умаралӣ Қувватов: “Бурдани мо ба Тоҷикистон ҳеҷ имконият надорад ва эълонҳое, ки дар миёни мардум пахш кардаанд, ки ҳама кор барои бурдани мо ҳал шудааст, ҳақиқат надоранд. Сабаб дар он аст, ки онҳо дар гапҳои худашон бисёр баста шудаанд ва бисёре аз гапҳои онҳо дурӯғ баромадааст.”
Радиои Озодӣ: Яъне Шумо бовар доред, ки ба зудӣ озод мешавед?
Умаралӣ Қувватов: “Иншоаллоҳ, ҳама кор дар дасти Парвардигор аст, то ҳоло гуфта метавонам, ки мо, албатта, озод мешавем ва кори худро пеш бурдан мегирем.”
Радиои Озодӣ: Аммо таҷриба нишон додааст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳар касеро, ки хостаанд ба ин ё он роҳ ба Душанбе интиқол додаанд. Агар Шуморо ба он ҷо бурданд, стратегияи дифоии Шумо чӣ гуна хоҳад буд?
Умаралӣ Қувватов: “Дар Тоҷикистон ягон намуд қонун ва адл нест ва кас наметавонад, ҳуқуқи худро дифоъ кунад. Агар ин тавр шуд, ман барои хабарнигорон ва барои мардуми Тоҷикистон як васият нашр мекунам ва ба тақдир тан медиҳаму меравам.”
Радиои Озодӣ: Раиси Оҷонси зидди коррупсия Фаттоҳ Саидов рӯзи 25-уми январ гуфт, парвандаи зидди Шумо бо иттиҳоми рабудани 6 миллион сомонӣ ва зимни шикояти шаҳрвандони Тоҷикистон, Чин ва Афғонистон боз шудааст. Ҷавоби мушаххас ба ин иттиҳомот доред?
Умаралӣ Қувватов: “Оре, дорам. Гап дар он аст, ки дар ибтидо ба хабарнигорон гуфта буданд, ки мо дар ширкати “Тоҷирон” кор намекардем. Боз пасон гуфтанд, ки не, ин кор мекард. Акнун мегӯянд, ки як солу ҳафт моҳ пеш ман гӯё ба Тоҷикистон дар 6 миллион сомонӣ бор оварда бошам ва пули онро надодаам. Дар ин ҳолат, агар ин гап рост бошад, ширкати “Тоҷирон” бояд ин пулро бипардозад. Аммо ин гапҳо ҳама бофтагӣ аст, ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамон зани хитоӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бо ман ягон мушкили ҳалношуда надорад. Ширкати Афғонистон ҳам дар сари вақт пулҳоро гузаронда буд. Бубинед, дар ҳамаи тарҳҳое, ки ман кор мекардам, аз ҷумла сохтмони базаҳову трубопроводҳову насосу компрессорҳо ва ғайра, мо пулро пеш аз гирифтани мол месупурдем.”
Радиои Озодӣ: Шумо гуфтан мехоҳед, ки пули ягони ширкатро аз худ накардаед ва пуле аз Тоҷикистон набаровардаед?
Умаралӣ Қувватов: “Ман аз сарзамини Тоҷикистон дасти холӣ баромадагӣ ҳастам, ба он сабаб, ки, то ҳол нагуфта набудам ва нав ба Шумо мегӯям, ба он сабаб, ки амният гирди хонаи маро гирифта буд ва доимо ба ман занг мезаданд, ки ана ин вақт туро мегирем, он вақт туро мегирем. Аввал ман баромадам ва занма қатӣ кӯдаком гуфтам, Шумо оҳиста худатонро бикашед. Яъне имконияти аз сарзамини Тоҷикистон кашидани пул набуд. Инҳо фаҳмида буданд, ки ман бисёре аз аснодро ҷамъ карда будам, бисёр чизҳоро забт карда будам. Медонистанд, ки ман меравам ва бо ҳар роҳ мехостанд, ки пулро надиҳанд. Баъд аз расидан ба Русия як миқдор пуле, ки дар давраи кориям дӯстоне аз ман қарз гирифта буданд, баргардонанд ва бо он дар Русия тиҷорат сар кардам ва он ҳам на бештар аз 150 ҳазор доллар буд."
Радиои Озодӣ: Як хонандаи Радиои Озодӣ навишт, ки ҷаноби Қувватов имрӯз худро дилсӯзи мардум нишон медиҳад, аммо чаро вақте ки ҳамнишини афроди қудратманду бонуфуз буд, аз ин шиносоияш ҳадди аксари истифодаро мекард ва чаро он вақт садо баланд накардаву имрӯз шиорҳои сиёсӣ меафканад?
Умаралӣ Қувватов: “Дар ин бора ман хеле озодона гап зада метавонам. Вақте ки мо корро ташкил карда будем, мехостем, ба манфиати мардум кор кунем. Дар даҳ соле, ки ман кор кардам, ин қадар кардам, ки чандин ҳазор нафар ҷойи кор пайдо карданд. Ба онҳое, ки мегӯянд, ман он вақт гап намезадаму ҳоло гап мезанам, мегӯям, ки ҳоло ҳам қисми зиёди мардум гап намезанад, ягон кас гап намезанад. Вақте ки ман дар даруни Тоҷикистон будам, вақте ки меҳнат мекардам, ман оҳиста-оҳиста ҳам барои худам кор мекардам ва ҳам барои мардум ҷойи кор ташкил мекардаму медодам, аммо вақте ки ба сиёсат нигоҳ кардам ва дидам, ки ин масъалаи марги халқи тоҷик аст ва ин барои мардуми мо масъалаи калидӣ аст, он гоҳ, ду сол пеш ба ин фикрҳо расида будам.”
Радиои Озодӣ: Шумо чӣ хел бо хонадони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон наздик шудед ва ҳамкори онҳо гаштед?
Умаралӣ Қувватов: “Гап дар он ки ман бисёр нақшаҳои корӣ доштам, беандоза зиёд. Ва ба худам гуфта будам, ки ман бояд тахминан то 20 ҳазор ҷойи кор ба мардум бидиҳам. Шумо аҳамият диҳед, ки то имрӯза ман дар як сехонагӣ дар 33-юм микрорайон зиндагӣ мекардам. Як вақт мо пеши Бобои Шариф (Шариф Соҳибов, мансабдори сатҳи миёна, яке аз дӯстони деринаи президент Эмомалӣ Раҳмон) рафтем ва бо он кас маслиҳат кардем ва ман нақшаҳои худро гуфтам. Ӯ маро бо домоди калонӣ (-и раисиҷумҳур, шавҳари Фирӯза -- идора) Зоҳир монд, аммо дидам, ки Зоҳир аз паси кор нест, одами корӣ нест. Бо Шамсулло шинос шудам, ки он вақт донишҷӯ буд. Тамом кард, Ман ӯро фарёд кардам, ки биё ҳамкорӣ кунем ва ман корро ба ту ёд диҳам. Вай он вақт домоди Ҷаноби Олӣ набуд. Хуб, ман ин бачаро қатии худам гирифтам ва кор ёд додам ва мутобиқи нақшаҳо ҳаракат карда, пеш рафтем. Труба сохтем, газ тарафи Афғонистон бурдем."
Радиои Озодӣ: Гардиши мол дар ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон” чӣ қадар аст?
Умаралӣ Қувватов: “Ҳар вақт ҳар хел. Як вақт, масалан, зимни созишнома бо амрикоиҳо 50-70 ва баъзан то 100 миллион доллар бор меояд, ки мо транзитӣ мегузаронем. Аз ин мо фақат, ҳаққи транзитӣ мегирифтем ва сармояи умумии ширкат дар вақти таъсисаш 33 миллион доллар буд, ҳоло мумкин 170 миллион доллар бошад. Ақли ман намегирад, ки аз ҳисоби ҳамин ширкат маро гунаҳкор кардаанд. Аз буҷаи давлатӣ не, аз ҳамин ширкате, ки ман ташкил кардам ва ҳаққи маро домоди Ҷаноби Олӣ зӯран гирифт ва ман метавонам бигзям, ки имрӯз Тоҷикистон ин ҳукумати як оила аст.”
Радиои Озодӣ: Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, ин вазорат Шуморо “бемори рӯҳӣ” наномидааст, вале Нусратулло Салимов афзуд, санади тиббие мавҷуд аст, ки бино бар он Шумо аз соли 1998 то 2008 дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои рӯҳӣ табобати амбулаторӣ гирифтаед. Ин ҳарф воқеият дорад?
Умаралӣ Қувватов: “Ин гап дурӯғи мутлақ аст, ҳам аз лиҳози тиббӣ ва ҳам садо доданаш аз забони вазир, ки ба камилмии ӯ ва сиёсатзадагияш ишора мекунад. Чӣ хел ман метавонам, ҳам бемор бошаму ҳар сол табобат гирам ва ҳам ин қадар корҳои тиҷоирро анҷом диҳам ва боз аз Афғонистон нафаронро оварда дар Тоҷикистон нобуд кунам. Маро бисёрзана ҳам гуфтанду дузду ғоратгар ҳам. Ҳамааш барои он ки хомӯш наистодам ва даст ба сиёсат задам. Ҳар касеро, ки ба сиёсат медарояд, инҳо ҳамин гуна бо тӯҳматҳои зиёд беобрӯ кардан мехоҳанд. Агар ман девонаам, чаро Шамсулло Соҳибов, агар сабтҳоро шунида бошед, ин қадар муфассал ба ман муҳити тиҷоратӣ ва муносибатҳоро мефаҳмонад? Ман сабтҳои зиёди дигар дорам, ки дар Ютюб нашр хоҳам кард ба вақту соаташ.”
Радиои Озодӣ: Дар як навори видеоӣ, ки дар Ютюб нашр шудааст, Шумо дар маросими ирфоние дар Афғонистон ширкат кардаед, ки дар поёни он ба Шумо салла бастаанд ва як парвандаи сабз додаанд. Мешавад, ки ин наворро шаҳр бидиҳед?
Умаралӣ Қувватов: “Масъала ин аст, ки агар Шумо дар Афғонистон ба маҳфили мардум ворид нашавед, ҳамроҳи ин мардум шинухез накунед, чой нахӯред, нон нахӯред, сӯҳбат накунед, мардуми Афғонистон ба Шумо дар тиҷорат бовар намекунад, ихлос намебандад. Дар масъалаи навор бояд гӯям, он як миқдор дурӯғ аст, барои он ки он ҷо камака монтаж кардагиянд. Аммо ҳангои роҳбарӣ ба сохтмонҳо маро ҳамчун “тиҷори тоҷикӣ” ба бисёре аз маъракаҳо мебурданд, ба ман салла мебастанд, тӯҳфа медоданд. Ин русуми мардуми Афғонистон аст. Дар масъалаи сӯфӣ, яъне ки тариқат. Дар Тоҷикистони мо ҳазрати Эшони Абдураҳмонҷони раҳматуллоауалайҳ, Шайхи Элокӣ, Муллоаброр раҳматуллоҳиалайҳ ва бисёре аз дӯстони Худо дар сарзамини Тоҷикистон буданд ва ман аз мусулмонии худ ва аз он ки ихлос дорам дар мазорҳо ҳеҷ вақт рӯ намегардонам. Яъне ки оре, ман шахси тариқатӣ ҳастам.”
Радиои Озодӣ: Шумо дар дуроҳа ё моварои истирдод ба Душанбе ва озодӣ аз маҳбаси Дубай ҳастед. Эҳтимоли кадоме аз ин ду, ба фикри Шумо, зиёдтар аст?
Умаралӣ Қувватов: “Бурдани мо ба Тоҷикистон ҳеҷ имконият надорад ва эълонҳое, ки дар миёни мардум пахш кардаанд, ки ҳама кор барои бурдани мо ҳал шудааст, ҳақиқат надоранд. Сабаб дар он аст, ки онҳо дар гапҳои худашон бисёр баста шудаанд ва бисёре аз гапҳои онҳо дурӯғ баромадааст.”
Радиои Озодӣ: Яъне Шумо бовар доред, ки ба зудӣ озод мешавед?
Умаралӣ Қувватов: “Иншоаллоҳ, ҳама кор дар дасти Парвардигор аст, то ҳоло гуфта метавонам, ки мо, албатта, озод мешавем ва кори худро пеш бурдан мегирем.”
Радиои Озодӣ: Аммо таҷриба нишон додааст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳар касеро, ки хостаанд ба ин ё он роҳ ба Душанбе интиқол додаанд. Агар Шуморо ба он ҷо бурданд, стратегияи дифоии Шумо чӣ гуна хоҳад буд?
Умаралӣ Қувватов: “Дар Тоҷикистон ягон намуд қонун ва адл нест ва кас наметавонад, ҳуқуқи худро дифоъ кунад. Агар ин тавр шуд, ман барои хабарнигорон ва барои мардуми Тоҷикистон як васият нашр мекунам ва ба тақдир тан медиҳаму меравам.”
Радиои Озодӣ: Раиси Оҷонси зидди коррупсия Фаттоҳ Саидов рӯзи 25-уми январ гуфт, парвандаи зидди Шумо бо иттиҳоми рабудани 6 миллион сомонӣ ва зимни шикояти шаҳрвандони Тоҷикистон, Чин ва Афғонистон боз шудааст. Ҷавоби мушаххас ба ин иттиҳомот доред?
Радиои Озодӣ: Шумо гуфтан мехоҳед, ки пули ягони ширкатро аз худ накардаед ва пуле аз Тоҷикистон набаровардаед?
Умаралӣ Қувватов: “Ман аз сарзамини Тоҷикистон дасти холӣ баромадагӣ ҳастам, ба он сабаб, ки, то ҳол нагуфта набудам ва нав ба Шумо мегӯям, ба он сабаб, ки амният гирди хонаи маро гирифта буд ва доимо ба ман занг мезаданд, ки ана ин вақт туро мегирем, он вақт туро мегирем. Аввал ман баромадам ва занма қатӣ кӯдаком гуфтам, Шумо оҳиста худатонро бикашед. Яъне имконияти аз сарзамини Тоҷикистон кашидани пул набуд. Инҳо фаҳмида буданд, ки ман бисёре аз аснодро ҷамъ карда будам, бисёр чизҳоро забт карда будам. Медонистанд, ки ман меравам ва бо ҳар роҳ мехостанд, ки пулро надиҳанд. Баъд аз расидан ба Русия як миқдор пуле, ки дар давраи кориям дӯстоне аз ман қарз гирифта буданд, баргардонанд ва бо он дар Русия тиҷорат сар кардам ва он ҳам на бештар аз 150 ҳазор доллар буд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад