Дар ҳоле ки мардум ва коршиносон дар Тоҷикистон аз донишу фаъолияти пизишкони ҷавон шикоят мекунанд ва ба онҳо эътимод надоранд, Зафар Нуралиев, як табиби 32-солаи тоҷик ба ин андешаҳо розӣ нест. Зафар, ки дар синни 28 ба унвони номзади илми тиб дар бахши ҷарроҳии пластикии ортопедӣ ноил шудааст, панҷ сол боз дар яке аз бемористонҳои Олмон фаъолият дорад. Ин ҷавон мегӯяд, мисли ӯ дар клиникаҳои Олмон наздики 50 нафар хатмкардаҳои солҳои ахири Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон кор мекунанд ва ҳама соҳибэҳтироманд.
Зафар бо қисса кардан аз таҷрибаи худ ва дигар ҳамтоёнаш мехоҳад, исбот кунад, ки пешрафту муваффакият аз худи инсон вобаста аст. Ин пизишки ҷавон бо истифода аз рухсатияш, ки дар Тоҷикистон қарор дорад, ба суолҳои Радиои Озодӣ дар бораи ин назарҳои танқидӣ посух дод.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зафар Нуралиев: "Ман соли 2006, баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба аспирантура дохил шудам ва таҳти роҳбарии Убайдулло Қурбонов кори илмияро дар мавзӯи "Осебҳои суфраи гӯш" шурӯъ кардам. Соли 2008 вақте аз озмуни созмони олмонии DAAD гузаштам, сазовори стипендия шудам ва муддати як сол дар яке аз шӯъбаҳо ва бо профессори беҳтарин Клаус Экснер дар шаҳри Франкфурт ихтисосамро такмил додам. Ҳамзамон бо ин барои рисолаи илмиям мавод ҷамъоварӣ намудам. Соли 2010 рисолаи номзадии илмиямро дифоъ кардам. Пас аз он то қадри имкон кӯшиш кардам, дар гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ ширкат кунам ва дар ин баробар ба омӯзиши забони олмонӣ низ машғул будам. Дар ин ҳангом барои таҷрибаомӯзӣ аз як клиника дар Олмон пешниҳод гирифтам ва зимни омӯзишу шиносоӣ худи онҳо ба ман барои кор шартнома пешниҳод намуданд. Ин шартнома барои се сол буд ва ман ҳоло дар бахши ҷарроҳии панҷа, ортопедӣ ва травматологӣ дар яке аз клиникаҳои номдори шаҳри Бременн кор мекунам. Дар як ҳафта то 35 ҷарроҳиро анҷом медиҳам. Табиист, ки баъзе аз амалиётҳое, ки мушкилтар аст, бо кумаки пизишкони собиқадор сурат мегирад."
Радиои Озодӣ: Шумо аз қабл барои худ мақсад гузошта будед, ки дар Олмон фаъолият хоҳед кард? Ва ё чаро маҳз Олмон?
Зафар Нуралиев: "Тибби Олмон дар ҷаҳони муосир пешрафта аст. Аз ин хотир ҳанӯз аз давраи донишҷӯиям ба худ мақсад гузоштам, ки ихтисосамро маҳз дар ҳамин кишвар такмил хоҳам дод. Дар рӯзҳои истироҳат ва баъд аз дарс соатҳо забономӯзӣ мекардам. Албатта, мақсади рафтани ман ба Олмон ҳам ҷанбаи иқтисодӣ дорад ва ҳам ба хотири такмили ихтисос аст. Чун агар нигоҳ кунем, аз ҷиҳати иқтисодӣ пизишк дар Олмон баъд аз президенту сарвазирон қарор дорад ва ҳурмату эҳтиром низ дар сатҳи болост. На танҳо ман, балки дигар ҳамсабақони ман низ чунин тасмимро доштанд, ки дар Олмон кор кунанд ва ҳоло наздики 20 нафари онҳо дар шаҳрҳои мухталифи Олмон ва дар клиникаҳои мухталиф фаъолият мебаранд. Масалан, Равшан Маҳмудов дар риштаи ортопедӣ ва осебшиносӣ, Рустам Ҳоҷибоев дар ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард ва Марҳабо Ятимова чун духтури амрози занона кор мекунанд. Марҳабо Ятимова низ номзади илм аст ва дипломи ҳамаи мо қабул шуд."
Радиои Озодӣ: Чун аз диплом гуфтед, дар ин бора зиёд сӯҳбатҳо ҳам мешуд, ки дипломи хатмкунандагони Тоҷикистон дар дигар кишварҳо эътироф намешавад. Оё дар ин замина ба мушкиле мувоҷеҳ шудед?
Зафар Нуралиев: "Ба ростӣ, қабл аз сафар ман ва дигар ҳамсабақонам, ки ҳоло он ҷо кор мекунанд, аз он нигарон будем, дипломи мо қабул намешавад. Дар он ҷо диплом ва таҳсили ҳаштсолаи ман аз тарафи се профессор муддати се моҳ омӯхта шуд. Онҳо ҳар як соат, фан ва баҳову имтиҳонро бо Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Ахен, ки аз беҳтаринҳо дар Олмон аст, муқоиса карданд. Маълум шуд, ки соатҳои дарсӣ ва фанҳое, ки дар Тоҷикистон гузаштем, баръакс, бештар будааст. Бо назардошти ин, бе супоридани имтиҳон ва гузаштани курси иловагӣ дипломи моро эътироф намуданд ва сертификати дипломи олмониро доданд. Аз тарафи дигар мо то як андоза дар ҳарос будем, ки дар ҷойи нав, фарҳанги нав мо табибонро, ки аз дигар кишвар ҳастем, хуб қабул намекунанд. Вале чун корро сар кардем, дидем, ки баръакс муносибат хеле хуб аст ҳам миёни ҳамкорон ва ҳам маризоне, ки муроҷиат мекунанд. Барои олмониҳо миллати пизишк муҳим нест, балки дар ҷойи аввал дониш ва забондонӣ меистад. Ҷиҳати дигари фарқкунанда ин аст, ки олмониҳо дар бораи бемориҳо маълумоти хеле зиёд доранд, яъне аз интернету дигар василаҳо истифода мекунанд ва бо табиб метавонанд сӯҳбати озод дошта бошанд."
Радиои Озодӣ: Чун шумо зиёд аз эътимоди олмониҳо ба дониши пизишкони ҷавони тоҷик тавсиф кардед, аммо мо медонем, ки дар Тоҷикистон муносибат хеле фарқкунанда аст. Яъне мардум дар Тоҷикистон бештар ба он пизишконе бартарӣ медиҳанд, ки замони Шуравӣ таҳсил кардаанд ё бузургсоланд. Сабаб дар чист?
Зафар Нуралиев: "Воқеан, ман ҳам қариб дар ҳама ҷо дар Тоҷикистон дар ин бора мешунавам, ки пизишкони ҷавон дониш надоранд ва ба табибоне муроҷиат мекунанд, ки то солҳои 1990-ум донишгоҳро хатм кардаанд. Чунин муносибат маро, ки пизишк ва олими ҷавон ҳастам наметавонад бетараф гузорад. Бале, дуруст аст, ки тиб дар даврони Шӯравӣ пешрафта буд. Аммо бартарии мо насли ҷавон дар он аст, ки мо ҳам тибби замони Шӯравӣ омӯхтем ва ҳам аз Ғарбро. Аммо мардум аз он ки ҳоло донишомӯзон дар беҳтарин шароит таҳсил мекунанд ва дастрасӣ ба бештари технологияҳои муосирро доранд, огаҳ нестанд. Ҳамин нобоварии онҳост, ки мутахасисони ҷавон кишварро тарк мекунанд. Дар асл бигирем, муваффақияти ҳар як пизишки ҷавон ба худи ӯ вобастагӣ дорад, ки то кадом андоза ба пешаи худ содиқ аст. Ҷанбаи дигари масъала ин аст, ки донишгоҳ асосан ҷойи илмомӯзист. Барои он ки ин донишҳо дар таҷриба истифода шавад, чанд сол лозим аст. Дар ҳеч ҷойи дунё чунин нест, ки донишҷӯ дафъатан аз уҳдаи анҷоми тамоми ҷарроҳиҳо барояд. Барои ҳамин ҳам баъд аз донишгоҳ интернатура, ординатура ва аспирантура вуҷуд дорад. Барои ҷавонон муҳим ҳоло андӯхтани дониш ва омӯхтани забон аст. Бо таваҷҷӯҳ ба он ки ҳоло дарвозаҳои қариб тамоми кишварҳо барои мутахассисони хуб боз аст, онҳо ҳатман ҷойи кори муносиб пайдо хоҳанд кард."