Раҳматилло Зоиров гуфт, ки чаро аз ҲНИТ пуштибонӣ накард

Раҳматилло Зоиров

Раҳматилло Зоиров – раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон – дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ сукути беш аз яксолаи худ ва ҳизбашро шарҳ дод. Вай рӯзи 21 ноябр гуфт, 11 моҳ боз дар Қазоқистон кор мекунад ва охири имсол ба Тоҷикистон баргашта, ҳизбро "аз нав сохтанист".

"Гонорар"-и ман аз музди муҳоҷирони сатҳи миёна каме болотар аст ва бо истифода аз ин музд қарзҳоро баргардондам.

Зоиров: "Дар ин муддат пурра дар муҳоҷират набудам. Сари чанд вақт ба Душанбе рафта, ба кори ҳизб машғул мешудам. Хонаводаам низ дар онҷост. Вале, дар маҷмӯъ, кори асосиам дар Қазоқистон аст. Як сол пеш барои ҳимоят аз ҳуқуқи чанд шаҳрванди Тоҷикистон ба Қазоқистон омада будам. Баъдан Додгоҳи Қазоқистон пешниҳод кард, ки ҳамроҳи онҳо кор кунам. Ҳоло фаъолияти судҳои ин кишварро баррасӣ карда, хулосаамро дар шакли маводи таҳлилӣ медиҳам. Аз ин кор ҳам музд мегирам, ҳам - таҷруба."

Озодӣ: Аммо чӣ маҷбур кард, ки, ба қавли худатон, ба муҳоҷират равед?

Раҳматилло Зоиров

Зоиров: "Аввал ин ки ба Раҳматилло Зоиров имкон намедиҳанд, дар Тоҷикистон кор кунад. Ҳатто фаъолияти адвокатӣ карда наметавонам, ба ҷуз аз додани машваратҳои бе пули ҳуқуқӣ. Агар рӯшод гӯям, дар интихоботи порлумонии соли 2015 дар қарз ғӯтидам. Барои иштироки номзадҳои ҳизб аз бонк ва шахсҳои алоҳида қарз гирифта будам ва бояд онҳоро пардохт мекардам. Бовар доштам, ки номзадҳои ҳизб вориди порлумон мешаванд ва гаравпулиро баргашта медиҳанд. Аммо ин тавр нашуд ва ҳамаи қарз ба гардани ман афтод. Наметавонистам, ки ин пулҳоро аз аъзои Шӯрои сиёсии ҳизб пурсам. Ба хотири он ки дар Тоҷикистон кор нест ва овозаи зиёд нашавад, пешниҳоди кор дар Қазоқистонро пазируфтам. Дар ин ҷо будани ман беҳуда нест. Он муҳоҷироне, ки дар Русия ва ҳар ҷойи дигари дунё кор мекунанд, фақат ғами худ ва хонаводаи худро мехӯранд. Вақте ман дар муҳоҷиратам, натанҳо хонавода, балки ҳизб ва корҳои илмӣ низ дар пеши назарам ҳаст. "Гонорар"-и ман аз музди муҳоҷирони сатҳи миёна каме болотар аст ва бо истифода аз ин музд қарзҳоро баргардондам. Ҳоло ният дорам, ки баъд аз анҷоми қарордоди корӣ дар моҳи декабр ба Тоҷикистон баргардам."

Ҳоло аз чор се ҳиссаи аъзои мо дар муҳоҷиратанд. Натанҳо дар Русияву Қазоқистон. Аъзои мо дар Амрико, Рум, Мадрид, дар бисёр ҷойҳо ҳастанд.

Озодӣ: Як соле, ки берун аз Тоҷикистон будед, кори ҳизбатон "шах шудааст" ва ба назар мерасад дигар бозигари майдони сиёсӣ нест. Садои Шумо ва ҳизбатон кам шунида мешуд ё аслан шунида намешуд...

Зоиров: "Давоми як соли охир ҳизб сукут (оромӣ)-ро пеш гирифта буд. Мо баъди интихоботи гузаштаи порлумонӣ ба хулосаи қатъӣ омадем, он роҳҳое, ки то соли 2015 паймудем, бенатиҷа буданд. Барои пешравӣ усулҳои навро бояд истифода кунем. Барои дили мардумро ёфтан бояд дарди дилашро ташхис дод. Ҳоло барномаи худро, таҳлилҳои худро дар шакли мақола ё китоб пешниҳод мекунем. Натанҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои мардуми ҷаҳон, то онҳо донанд, ки дар кишвари мо чӣ мушкилҳо ҳаст ва роҳи ҳаллаш чист. Нақшаҳои ман дар масъалаи ҳизб зиёд аст. Ҳизбро аз нав месозем. На ба ин маъно, ки ҳамаи аъзои ҳизб ё Шӯрои сиёсиро дигар мекунем, балки усули кор ва шеваи бархӯрдро тағйир хоҳем дод. Имрӯз шароите, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, усулҳои навро мехоҳад. Он чизе, ки дар солҳои 1992-2010 вобаста ба ҷанги шаҳрвандӣ, комиссияи оштии миллӣ ва демократикунонӣ ё, баръакс, рӯйгардонӣ аз демократия буд, кӯҳна шудааст. Роҳе, ки ҳукумати Тоҷикистон низ пеш гирифтааст, аз масъалаи ҲНИТ сар карда, то мубориза бо терроризм, натиҷаи хуб дода наметавонад. Агар мо аз усулҳои пешрафта кор нагирем, барои ояндаи Тоҷикистон хидмат карда наметавонем. Дар моҳи декабр ва ё аввали баҳори соли оянда дар Душанбе анҷуман баргузор карда, масъулиятҳои наве, ки дар назди ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳастанд, мушаххас ва аз пайи иҷрояш мешавем."

Раҳматилло Зоиров бо Амнияти Абдулназар дар дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Душанбе. Соли 2013

Озодӣ: Сукут чаро? Дар ҳоле ки дар ин муддат як ҳизби сиёсӣ баста ва террористӣ эълон шуд ва чанд вакили дифоъ ҳам боздошту зиндонӣ гардиданд.

Зоиров: "Ин масъала ду тараф дорад. Аввал инки дар ҳақиқат аз танқид даст кашидем (қисман даст кашидем), аммо аз таҳлил даст набардоштем. Дувум, масъалаи мамнӯъ шудани ҳизби наҳзати исломӣ. Дар бораи ин масъала шахсан гуфта будам, ки ягон мусоҳиба намедиҳам ва изҳори ақида намекунам. Ин масъала сабабҳои гуногун дошт. Яке аз сабабҳо эҳтиёт ва фаъолият дар доираи қонун буд, аммо на тарс. Дар давоми ин муддат фикр мекунед, ки моро ором гузоштанд? Фишор болои ҳизби сотсиал-демократ ҳам буд. Вақте фишорҳо оғоз ёфт, дар Русия будам ва ба Тоҷикистон баргашта, бевосита ба Додситонии кулл ва додситонҳои шаҳру навоҳӣ ва вазири адлия нома навиштам. Гуфтам, ки агар ҳар суоле доред, аз ман бипурсед, на аз аъзои ҳизб дар маҳалҳо. Дар ҳизб масъулиятро бояд раис бар дӯш гирифта тавонад. Лекин ҳизбро дар ҷараёни ҳамин воқеаҳо ҳифз кардан вазифаи асосии мо буд. Ҳоло аз чор се ҳиссаи аъзои мо дар муҳоҷиратанд. Натанҳо дар Русияву Қазоқистон. Аъзои мо дар Амрико, Рум, Мадрид, дар бисёр ҷойҳо ҳастанд. Бо онҳо ҳам мулоқот дорем. Аз ин вазъ камбудҳои зиёд ба вуҷуд меояд. Аммо аз тарафи дигар ҷаҳонбинии онҳо зиёд мегардад.”

Раҳматилло Зоиров ва Бузургмеҳр Ёров

Озодӣ: Дар масъалаи Бузургмеҳр Ёров, ки ҳамроҳи ҳизби сотсиал-демократ буд, чаро хомӯш будед?

Зоиров: "Мо аз нигоҳи сиёсӣ қазияи Шӯҳрат Қудратовро баррасӣ кардем ва изҳорот додем. Аммо ин корро нисбат ба Бузургмеҳр Ёров накардем. Зеро моддаҳое, ки нисбат ба Бузургмеҳр Ёров эълон шуд, ҳамчун узви Шӯрои сиёсии ҳизби сотсиал-демократ набуд. Аз инҷо об намехӯрд. Мо гуфтем, ки аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ёрӣ карда метавонем. Дафъаи охир, ки дар Душанбе будам, аз вакилони дифоъ хостам, ки ҳукми Бузургмеҳр ва маводро ба мо пешниҳод кунанд, мо аз нигоҳи ҳуқуқӣ кумак карда тавонем."

Озодӣ: Фикр намекунед, ки чунин шояд бетарафӣ то ҳадде бовари мардумро ба ҳизб коста кардааст? Яъне, дар лаҳзаҳое, ки мардум ба ҳимояти фикрӣ ниёз дорад ва ё мехоҳад, дарди дилашро аз забони сиёсатмадоре ё ҳизби сиёсӣ шунавад, шумо нестед. Вале баъди “ҳал шудани” масъалаҳо мехезеду мегӯед, мо ба корамон идома медиҳем.

Тоҷикистон мехоҳад, бисёр масъалаҳоро бо зӯр ҳал кунад ва бо истифода аз нерӯи мақомоти қудратӣ. Ин роҳи ҳал нест.

Зоиров: “Фикр мекунам, ҳизб бовари мардумро аз даст надодааст. Ҳозир Тоҷикистон давлати идеологист. Давлате, ки тавассути ниҳодҳо ва махсусан васоити ахбори умум барои дигар кардани андешаи мардум машғул аст. Баъдан дарк кардан зарур аст, ки мардуми Тоҷикистон нисбат ба мардуми бист соли қабл мардуми “патерналист” шудааст. Бовараш ба давлат, бовараш ба шахси Эмомалӣ Раҳмон аз бисёр ҷиҳат зиёд шудааст. Танқид ҳам мекунанд, вале эътироф кардан зарур аст, ки дар ин ҳолат бо ҳукумат рақобат кардан ғайриимкон аст.”

Озодӣ: Вазъ дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст?

Зоиров: “Фикр мекунам, дар ягон давлати Осиёи Марказӣ намедонанд, ки масири асосӣ кадом аст. Барои онки дар ин давлатҳо ҳамкории байни ҳукумат ва ҷомеа барои мушаххас кардани воқеияти ҳаёти иҷтимоӣ ва давлатӣ заминаҳо мавҷуд нест. Ҳукумат намехоҳад, ҷомеаро биомӯзад. Ҷомеа дилгир шудааст. Ин вазъ як рӯз ба таркиши иҷтимоӣ оварданаш мумкин аст. Тоҷикистон мехоҳад, бисёр масъалаҳоро бо зӯр ҳал кунад ва бо истифода аз нерӯи мақомоти қудратӣ. Ин роҳи ҳал нест. Ин проблемаро амиқтар кардан аст. Ҷомеаи Тоҷикистон на “диагноз” дорад ва на пизишк. Мо бемориҳоро аз рӯ зада, дар дохил ҷой карда истодем.”