Лолисанам: Қазияи Ҳувайдо Тиллозода бозгӯйи вазъи муҳоҷирон дар Русия аст. ВИДЕО

Акс аз филми тасвирии "Ҳувайдо"

Як коргардони тоҷик фоҷиаи Ҳувайдо Тиллозодаи панҷсоларо, ки соли 2018 дар Русия кушта шуд, дар филми тасвирӣ ҷой додааст. Лолисанам Улуғова мегӯяд, аз ҳодиса дертар хабардор шуд, вале ҳеч гоҳ аз гӯшаи хотираш зудуда натавонист. "Ин мушкили натанҳо тоҷикон, балки тамоми муҳоҷирон аст, ки ҳуқуқашон бештар вақт поймол мешавад", -- бовар дорад ӯ.

Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин гумонбар аст, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист, аммо бо гузашти се сол мурофиааш ниҳоӣ нашудааст.

Дар суҳбат бо Лолисанам Улуғова аз ӯ пурсидем, ки чаро ин мавзуъро барои як филми тасвирӣ интихоб кард?

Лолисанам Улуғова

Лолисанам Улуғова: "Ба андешаи ман, ин мавзуъ ҳеч касро бефарқ гузошта наметавонад. Сад афсӯс, ки соли 2018 серкор будам ва танҳо баъди як сол аз фоҷиа огоҳ шудам. Гузоришеро хондам, ки дар бораи қатли ин духтар ҳикоя мекард. Дарди волидони ӯро эҳсос кардам. Мегӯянд, эҷодкорон одатан эҳсосӣ мешаванд, аммо ин ҳодиса воқеан сахт таккон дод. Дар аввал фикр доштам, сенарияро навишта, як намоишномаи хурд омода кунам. Вале ҳар бор, ки матнро аз нав мехондам, чизе гулӯямро мегирифт ва гиряам меомад. Тасмим гирифтам, коре кунам, ки таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ин мушкил ҷалб кунад."

ПАЁМЕ БА ВОЛИДОН

Радиои Озодӣ: Хостед, танҳо фоҷиаро баён кунед, ё паёми хосе ҳам доштед?

Лолисанам Улуғова: "Пеш аз ҳама, огоҳие ба волидону кӯдакон буд, ки бояд якдигарро назорат кунанд. Мушоҳида мекунам, ки одамон нисбат ба мушкилоти якдигар то ҳадде бепарво шудаанд. Як саҳна аз ин филми тасвириро мехостам шарҳ диҳам. Дар он нишон додам, ки агар чашми кӯдак сер бошад, ба фиреби шахсони ношинос низ дода намешавад. Масалан, дар саҳна аввал гумонбар ба ҷиноят ба ӯ себ медиҳад, кӯдак себро қабул намекунад. Яъне, шояд аз ҷиҳати хӯрок мушкил надошт. Вақте гумонбар ба ҷиноят ба ӯ бозича медиҳад, онро гирифта, ҳамроҳаш меравад. Мехостам, бигӯям, ки падару модар бо фарзандон бештар суҳбат кунанд, аз аҳволашон пурсанд. Ба кӯдакон ин бисёр муҳим аст."

Дафни Ҳувайдо Тиллозода дар Кӯлоб, соли 2018

Радиои Озодӣ: Оё ҳангоми таҳияи филми тасвирӣ бо падару модари Ҳувайдо ҳам суҳбат доштед ё танҳо бо маълумоти расонаҳо такя кардед?

Лолисанам Улуғова: "Бо падару модари Ҳувайдо суҳбат накардам. Росташро гӯям, ҳатто тасаввур карда наметавонам, ки ин вохӯрӣ чӣ гуна мегузарад. Зеро инро ҳамчун вохӯрии ду нафари азиятдида медонам. Худро низ то андозае азиятдида меҳисобам. Ҳеч тасаввур карда наметавонам, ки дар ин вохӯрӣ аз онҳо чӣ метавонам пурсам, то ба дардашонро бештар накунам. Сенарияи ман аз рӯйи гузориши расонаҳо буд. Аввал матнро ба бародарам фиристодам, ӯ бо каме иловаҳо, манзурам, тасвири либоси кӯдаку либоси гумонбар ба ҷиноят бароям фиристод. Ба ман бештар тасвири падару модари кӯдак ва худи духтар муҳим буд. Мисли ҳамаи кӯдакон хостам, нақши ӯ беозору беғам бошад. Падару модари ӯро тавре бояд тасвир мекардам, ки зери бори мушкилоти зиндагӣ ҳастанд. Зиндагие, ки аксари муҳоҷирон дар кишвари бегона доранд."

"БОЯД МУШКИЛОТ ДАР САТҲИ ДАВЛАТӢ ҲАЛ КАРДА ШАВАД"

Радиои Озодӣ: Бо қуфли баста нишон додани дари додгоҳ ба кадом маъно буд? Мешавад гуфт, ки адолати додгоҳӣ ба рӯйи волидони Ҳувайдо Тиллозода ва умуман муҳоҷирон дар Русия бастааст?

Лолисанам Улуғова: "Бо ин қулф нишон доданӣ будам, ки мурофиаи додгоҳӣ хеле дароз шуд ва агар аҳамият дода бошед, ин қуфли тиллоӣ аст. Падару модари кӯдак чанд фасли солро пушти дар сипарӣ мекунанд. Аз ҷониби дигар, вақте дар кишвари бегона кор мекунӣ, мардум аз паси панҷара менигаранд. Аслан муҳоҷирон дар он ҷо мушкилоти зиёд доранд, аммо надонистани забон тамоми душвориро дучанд мекунад. Бештари муҳоҷирон шахсоне ҳастанд, ки натавонистанд дар ватан ҷойи кори муносиб ёбанд. Ин мушкили натанҳо тоҷикон, балки тамоми муҳоҷирон аст, ки ҳуқуқашон бештар вақт поймол мешавад. Ба ақидаи ман, набояд дар бораи ин масъалаҳо эҷодкорон фикр кунанд. Бояд мушкилот дар сатҳи давлатӣ ҳал карда шавад."

Навори суҳбату порчаҳои филми тасвириро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Коргардони тоҷик фоҷиаи Ҳувайдоро дар филми тасвирӣ нишон дод

Радиои Озодӣ: Дар як саҳнаи филм дида мешавад, ки шахси гумонбар ба ҷиноят бо сару рӯйи баста мавриди ҳамлаи кирмҳо қарор мегирад. Бо ин саҳна чӣ гуфтан мехоҳед?

Лолисанам Улуғова: “Ин танҳо ташбеҳ ё монандкунӣ буд. Мехостам, нишон диҳам, ки табиат аз ин беадолатӣ ба шӯр омад ва худаш ӯро ҷазо дод. Дар як саҳнаи дигар, ҳангоме ки гумонбар ба ҷиноят мехоҳад, осори ҷинояташро пинҳон кунаду ҷасади кӯдакро оташ занад, шамол монеи кораш мешавад. Хостам, бо ин ташбеҳ эътирози табиатро нишон диҳам. Рости гап, дар бораи ин зиёд фикр кардам, ки оё ман ҳуқуқ дорам, ӯро ҷазо диҳам. То ҷое медонам, ҳанӯз ҷазои сазовор нагирифтааст ва аз ин рӯ ба хулосае омадам, ки дар филми тасвирӣ табиат ӯро ба ҳамин тавр муҷозот кунад."

"МУҲОҶИРОН ЗИНДАГИИ ХУБ НАДОРАНД"

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, чаро ҳукми гумонбар ба қатли кӯдаки тоҷик ин қадар тӯл кашид?

Лолисанам Улуғова: "Ҳамчун як одами аз сиёсат дур метавонам танҳо аз мушоҳидаҳоям бигӯям, ки Тоҷикистон расман ба ягон ҳодиса вокуниш накардааст. Ҳатто имрӯз, ки дар расонаҳо баҳс дар бораи марз меравад, расман ягон кас садо баланд намекунад. Баръакс, Тоҷикистон мекӯшад, масъаларо нарм ҳал кунад. Ҳодисаҳои зиёде буданд, ки расонаӣ гаштанд, вале Тоҷикистон хомӯширо авло донад. Дигар ин ки ёдам нест, ки ягон шахсияти маъруф дар ин бора чизе гуфта бошад. Масалан, Чулпан Хаматова, ҳунарманди маъруфи рус, дар саҳифаи худаш дар бораи Манижа навишт. Мо чеҳраҳои шинохтае дорем, аммо касе вокуниш накард. Аз ин рӯ, шояд роҳи ҳалро аввал дар ҷомеаи худ ҷӯем?"

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Падари Ҳувайдо дар сари гӯри ӯ: "То қотил ҳабси абад нашавад, ором намегирам" ВИДЕО

Радиои Озодӣ: Мешавад гуфт, ки фоҷиаи кӯдаки 5-солаи тоҷик бозгӯи зиндагии тамоми муҳоҷирони тоҷик дар Русия аст?

Лолисанам Улуғова: "Бале, маҳз ин хонавода ва фоҷиае, ки ба сари онҳо омад, осебпазирии муҳоҷиронро нишон медиҳад. Ҳангоми навиштани матн бо чанд нафар суҳбат кардам, ки бо хонаводаи Ҳувайдо ошноӣ доштанд. Ҳамаи онҳо хонаводаро бисёр инсонҳои соддаву дилашон пок мешинохтанд. Яке аз хислатҳои тоҷикон ҳам ҳамин аст. Фикр мекунанд, ки дигарон низ бо онҳо меҳрубонанд. Ба ман дар ин бора гуфтан мушкил аст, зеро дар муҳоҷират набудам, аммо аз шунидаҳоям зиндагии хуб надоранд."

АСАРИ ИҶТИМОӢ ҲАСТ, ВАЛЕ КӢ МЕХАРАД?

Радиои Озодӣ: Филмҳои тоҷикие, ки паёми иҷтимоӣ доранд, хеле кам мебинем, чаро?

Лолисанам Улуғова: "Аслан гуфтан, ки хеле кам аст, шояд нодуруст бошад. Эҷодкорони зиёде дорем, ки асарҳои хуби иҷтимоӣ доштанд, аммо расонаӣ кардану ба ҷомеа расондан мавзӯи дигар аст. Дар инҷо мехоҳам, зикр кунам, ки одатан фарҳанги тоҷикӣ каме шоирдӯст аст. Дар шеърҳо бештар васфи ишқу ба ватану ёр, забон ва модар дида мешавад. Мо рассомони зиёде дорем, ки мехоҳанд аз мушкилот гӯянд, ба риштаи тасвир кашанд, аммо масъалаи дигар ин ки онҳо корашонро фурӯхта наметавонанд. Инҷо масъалаи молӣ ҳаст, ки бояд ба назар гирем. Як рассоми хуб дорем, бо номи Раҳим Сафаров. Ӯ расме дорад, ки дар он кӯдаке бо асобағал назди се растаи меваҳо тасвир ёфтааст. Маълум аст, ки рассом аз мушкилоти ҷомеа мегӯяд, аммо тасаввур кунед, ин кораш 10-15 сол боз мондааст ва касе намехоҳад бихарад. Аз ин рӯ, шояд эҷодкорон масъалаи молиро ҳам фикр кунанд."

Радиои Озодӣ: Филми тасвириро кай намоиш медиҳед?

Лолисанам Улуғова: "Гап дар сари он аст, ки ин кор дар доираи як лоиҳа буд ва бояд дар фестивал (шояд моҳи ноябри имсол) намоиш дода шавад. Аммо мехостам, беш аз ҳама шаҳрвандони худамон аз ин кор хабардор шаванд. Агар Вазорати фарҳанг ба ин кори мо таваҷҷуҳ кунаду филми тасвириро дар шабакаҳои телевизионӣ ба намоиш гузоранд, хеле хуб мешуд."