Шон Стайл, сафири Канада дар Тоҷикистон, ки қароргоҳаш дар шаҳри Остонаи Қазоқистон аст, ахиран аз Душанбе боздид карда, бо мақомоти Вазорати корҳои хориҷӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфтугӯ анҷом дод. Стайл мегӯяд, ки кишвараш хостори сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон ва кӯмак ба бахшҳои муҳими он аст.
Ин дар ҳолест, ки пас аз бӯҳрони молии соли 2007 Канада кӯмакҳои мустақим ба 25 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказиро лағв карда буд. Озодӣ бо Шон Стайл, сафири Канада, сӯҳбате анҷом дод ва нахуст аз ӯ пурсид, ки чӣ барномаҳое барои густариши ҳамкориҳо миёни Канада ва Тоҷикистонро дар даст дорад?
Шон Стайл: Ҳадафи сафари ман тақвияти равобиту ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аст. Дар ҳар сафари худ имкониятҳои наверо барои густариши ҳамкориҳо дар заминаи тиҷорат ва сармоягузорӣ пайдо мекунам. Инчунин, кӯшиш дорам, ки барои наздик кардани мардуми ҳарду кишвар шароит фароҳам гардад.
Озодӣ: Ин бор Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед?
Шон Стайл: Ин аввалин сафари ман дар фасли баҳор аст. То кунун се бор ба Тоҷикистон омадам ва ҳар бор тағйиротеро дар рушди Тоҷикистон мушоҳида мекунам. Муҳим он аст, ки Тоҷикистон аз захоири табиӣ бой аст. Ҳамчунин захираҳои инсонии Тоҷикистон сутуданист. Зеро ман инро дар мулоқот бо донишҷуёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мушоҳида кардам. Ҷавонони тоҷик хеле фаъоланд ва барои ободиву пешрафти ватанашон талош мекунанд.
Озодӣ: Дар мавриди шабоҳати Канада бо Тоҷикистон мегуфтед ва дар ҳоли ҳозир кадом соҳаҳо миёни ҳар ду кишвар барои ҳамкорӣ муфид ҳастанд?
Шон Стайл: Канада ва Тоҷикистон монандиҳои зиёд доранд. Нахуст Канада ва Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ ба ҳам шабоҳати бештар доранд. Зеро Канада аз аввалин кишвар дар ҷаҳон аст, ки захираи бузурги гидроэнергетикӣ дорад. Тоҷикистон низ дорои захираҳои бузурги обу энержӣ аст. Аммо боис ба таассуф аст, ки то ҳол танҳо 5 дарсади ин захоир мавриди истифода қарор гирифтааст. Бояд бигӯям, ки ҳоло бархе аз ширкатҳои канадагӣ ҳамкориро дар заминаи гирдоэнергетика бо Тоҷикистон оғоз кардаанд. Бахши дигаре, ки ба ҳам шабоҳат дорад, ин коркарди саноати кӯҳист. Ширкатҳои канадагӣ қасд доранд, то дар истихроҷи нафту гази Тоҷикистон низ саҳм бигиранд.
Озодӣ: Дар мавриди ҳамкориҳо дар заминаи гидроэнергетика гуфтед ва таъкид намудед, ки бархе аз ширкатҳои канадагӣ ҳамкориҳоро оғоз карданд. Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар садади сохтмони нирӯгоҳи Роғун аст, оё дар ин замина ширкатҳои канадагӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард?
Шон Стайл: То ҷое огоҳам, то кунун ҳеч як ширкати канадагӣ дар ин замина иқдом накардааст. Аммо агар дархост шавад, умед дорам ширкатҳои канадагӣ омодаи ҳамкорӣ дар сохтмони нирӯгоҳи Роғун, бузургтарин нирӯгоҳ дар минтақа хоҳанд буд. Вале дар дигар соҳаҳои гидроэнергетика ширкатҳои канадагӣ алакай машғули коранд. Барои мисол, ширкати канадагии "Менетол" ба ҳамтоёни тоҷикаш хадамоти машваратӣ ва муҳандисиро ироа мекунад.
Озодӣ: Аммо бо вуҷуди густариши ҳамкориҳо ҳаҷми мубодилоти молу коло миёни Канада ва Тоҷикистон хеле ночиз аст. Ин рақам солона дар ҳудуди 2 миллион доллар аст. Барои афзун кардани он чӣ чораҳоро меандешед?
Шон Стайл: Дар ҳақиқат, сатҳи додугирифти тиҷоратӣ миёни Канада ва Тоҷикистон хеле ночиз аст. Мутаассифона, ду мушкили умда вуҷуд дорад, ки монеи афзоиши табодули молу коло миёни Канада ва Тоҷикистон шудааст. Яке, дурии кишварҳо, ки барои интиқоли бору коло душвориҳоро ба бор меорад. Дувум, ҷанбаи равонӣ. Мардуми ҳар ду кишварро лозим аст, то бештар якдигарро бидонанд ва ба ҳам наздик шаванд. Яке аз ҳадафҳои сафари навбатиам ҳам рафъи ин маҳдудият аст. Албатта, ҳукумати Канада бо Тоҷикистон ҳамкории хуб дорад. Вале мо барои пайвандӣ ва наздикии мардуми ҳар ду кишвар равобити фарҳангӣ, илмӣ, донишгоҳӣ ва башариро густариш хоҳем дод. Ҳол он ки имкониятҳо дар ин ҷода хеле фаровон аст. Метавонем, табодули ҳайатҳои фарҳангӣ, ҳунармандон, наққошон, мусиқанавозону овозхононро ба роҳ монем.
Озодӣ: Роҷеъ ба ҳамкориҳои низомии Канада ва Тоҷикистон мегуфтед. Масъалаи омода кардани афсарони тоҷик дар омӯзишгоҳҳои ҳарбии Канада чӣ гуна аст ва ҳамин тавр лоиҳаи минрӯбӣ аз ҷониби Канада чӣ пешрафтҳое дорад?
Шон Стайл: Дар ҳақиқат, афсарони тоҷик дар чорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба ва иҷрои лоиҳа барои омӯзиши забони англисӣ ва дигар тахассусҳо ба Канада сафар кардаанд. Ин лоиҳа аз соли 2005 мавриди иҷро қарор дорад ва танҳо ду-се соли ахир даҳҳо афсари тоҷик дар омӯзишгоҳҳои низомии Канада таҳсил кардаанд. Дар масъалаи лоиҳаи минрӯбӣ, ин ташаббуси Канада барои поксозии манотиқи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон аз мина буд. Албатта, пешрафтҳое дар заминаи поксозии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз мина сурат гирифта, вале ин лоиҳа ҳанӯз ҳам идома хоҳад кард.
Озодӣ: Иқдоми муштараки Канада ва Тоҷикистон дар бобати таъмини сулҳу амният дар Афғонистон, эҳёи иқтисодии ин кишвар дар кадом сатҳ қарор дорад?
Шон Стайл: Тоҷикистон барои Канада шарики муҳим дар заминаи таъмини суботу амният дар Афғонистон ва эҳёи иқтисодии ин кишвар аст. Мо аз тариқи лоиҳаҳои мухталиф, аз ҷумла аз тариқи Созмони Милали Муттаҳид бо Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар заминаи таъмини суботу амният ва эҳёии иқтисодии Афғонистон идома медиҳем. Зеро барномаи кумак ба Афғонистонро дар даст дорем. Дар минтақа Тоҷикистон нақши муҳиме барои таъмини суботу амният ва эҳёи иқтисодии Афғонистон дорад ва Канада ба нақши Тоҷикистон дар ин ҷода арҷ мегузорад. Мутаассифона, нақши Тоҷикистон дар заминаи кумак ба ҷомеаи байналмилалӣ дар заминаи мусоидат дар таъмини суботу амният ва эҳёи иқтисодии Афғонистон ва ҳамчунин дар мубориза алайҳи терроризм дар Афғонистон ба таври бояду шояд арҷгузорӣ нашудааст. Фикр мекунам, нақши Тоҷикистон болотар аз он чӣ ҳаст, ки мегӯянд. Канада талош дорад, то тарҳҳоеро барои рушди иқтисодии манотиқи марзии миёни Тоҷикистону Афғонистон маврид иҷро қарор бидиҳад. Албатта, ин барномаи дарозмуддат аст дар ҷиҳати эҳёи иқтисодии Афғонистон ва минтақаи босубту амн.
Озодӣ: Дар ҳар сурат Канада чӣ манфиатҳоро дар Тоҷикистон дунбол мекунад ва нақши сафорат дар чист?
Шон Стайл: Мо хоҳони кишвари қавӣ, босубот ва мустақили Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳастем. Канада ҳукумати муваффақе дорад ва метавонем имконоти сохтории худро барои пешрафти Тоҷикистон пешниҳод кунем. Аз сӯи дигар, таҷрибаи худро дар соҳаҳои муҳиме, назири гидроэнергетика ва коркарди саноати куҳӣ пешниҳод намоем. Мо, албатта, омодаем, ки дар ин замина ба Тоҷикистон кумак расонем. Инро метавонем аз тариқи ворид кардани сармояи мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон ва ё аз тариқи мукотибаи густардаи миёни мардумон амалӣ созем.
Озодӣ: Аммо мизони кумакҳои Канада ба Тоҷикистон чӣ қадар аст ва бештар ба кадом соҳаҳо?
Шон Стайл: Мо қаблан лоиҳаи кумаки мутақобилан судмандро ба Тоҷикистон амалӣ кардаем, ки то соли 2007 мавриди иҷро қарор гирифт ва солона 2 миллион долларро ташкил медод. Ҳоло мо аз тариқи шариконамон, назири Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ кумакҳоеро ироа мекунем.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Озодӣ: Чаро мустақим не?
Шон Стайл: Мутаассифона, соли 2007 иқтисоди мо дучори мушкил шуд ва мо маҷбур шудем, ки кумакамонро нисбат ба 25 кишвар таҷдиди назар кунем. Тоҷикистон низ аз ҷумлаи ин кишварҳост. Хуб, беш аз 10 сол гузашт ва мо тасмим дорем то сиёсатамонро нисбат ба Тоҷикистон тағйир диҳем. Манзурам, сармоягузории мустақимро роҳандозӣ мекунем.
Озодӣ: Канада нияти ифтитоҳи сафоратхона дар Тоҷикистонро надорад?
Шон Стайл: Дар ҳоли ҳозир чунин барномае вуҷуд надорад. Аммо мо сафоратхонаеро, ки дар Остона дорем бештар барои ҳузуру таъсирамон дар кишварҳои минтақа истифода мекунем.