Аниса Собирӣ, шоиру нависанда ва коргардони ҷавони тоҷик, филми нави худро бо номи “Нолаи танбӯр” (Cry of Tanbur) дар ҷашнвораи GO VIRAL дар Қазоқистон муаррифӣ кард. Ин филми 25-дақиқаӣ бар асоси қиссаи воқеии як сокини шаҳри Душанбе таҳия шуда, даҳшатҳои ҷанги дохилии Тоҷикистонро тасвир кардааст.
Силоҳдорон дар берун мегарданд ва духтар мепурсад, ки чаро ман дар берун бозӣ карда наметавонам?
Аниса Собирӣ рӯзи 17-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз Қазоқистон гуфт, қаҳрамони қиссаи ӯ дар замони даргириҳои дохилӣ наврас буд ва ҳолу ҳавои он давраро аз нигоҳи кӯдакиаш нақл кардааст. Собирӣ мегӯяд, намоиши комили филм ба зудӣ дар яке аз кишварҳои аврупоӣ ваё Амрико баргузор шуда, сипас, дастраси ҳаводорон хоҳад гардид.
“Муаррифии филм дар Қазоқистон танҳо барои хабарнигорон буд. Бовар кунед, баъзе аз мардум гиря карданд. Замони ҷанг замони бисёр дардовар аст. Филми мо ҳам дар бораи писари хурдакакест, ки падараш дар замони ҷанг рӯзноманигорӣ мекунад ва хонаводааш аз тарсу нигаронии зиёд, аз садои тиру туфанг ва камбуди ғизо азият мекашанд. Шабу рӯз дар таҳлукаанд, ки бо онҳо чӣ хоҳад шуд”, - афзуд ӯ.
Матлабро бо забони русӣ дар инҷо бихонед
Радиои Озодӣ: Саргузашти қаҳрамони филмро худатон шоҳид будед ё касе бароятон қисса кард?
Аниса Собирӣ: “Худи писар рӯзҳои паси сар гузоштаашро ба ман нақл кард. Мутаассифона, номашро бароятон гуфта наметавонам. Ҳоло бузург шудааст ва соҳиби хонавода. Бар илова, ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардум хостам, ки саргузаштҳои худро дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба ман фиристанд. Мардум номаҳои зиёд фиристоданд. Касе наздиконашро аз даст додааст, касе аз Ғарм пиёда то Душанбе расидааст. Ва касе ҳам гуруснагӣ кашидааст... Ин филм бисёр кӯтоҳ аст ва мо то он ҳадде тавонистем бисёр масъалаҳоро гунҷондем.”
Радиои Озодӣ: Писар дар филм чӣ сарнавишт дорад?
Аниса Собирӣ: “Ҳамаашро бароятон гуфта наметавонам, чун филм аҷоибиашро гум мекунад. Фақат метавонам бигӯям, ки падараш рӯзноманигор буд ва ҳаёташ таҳти хатар. Модараш ҳар лаҳза интизори шавҳар. Худатон медонед, ки рӯзноманигорӣ дар замони кори осон нест. Одам бо марг рӯ ба рӯст. Аз тарафи дигар, нон нест, хӯрок нест. Писарак маҷбур барои нон меравад. Мехоҳад ба модараш ёрӣ кунад. Хоҳари панҷсолааш фақат падарро мепурсад. Силоҳдорон дар берун мегарданд ва духтар мепурсад, ки чаро ман дар берун бозӣ карда наметавонам? Яъне, лаҳзаҳои ҷанг, даҳаштҳои ҷанг аз нигоҳи кӯдакон. Мақсад ҳамин буд, ки дар ягон ҷо ҷанг нашавад. Зарбаи аввалини ҷанг ба дил ва мағзи кӯдакон мерасад. Ва ҷанг барои руҳияи кӯдак ва ояндаи кӯдак бисёр хатарбор аст.”
Радиои Озодӣ: Ин ҳодисаҳо дар Душанбе гузаштааст ё минтақаҳои дигар?
Аниса Собирӣ: “Дар Душанбе гузаштааст. Ин қиссаи воқеист. Ҳозир қаҳрамони мо бузург шудааст, соҳиби хонавода аст. Падараш дар ҳаёт нест. Модараш зинда аст. Вале ман дар борааш маълумоти пурра дода наметавонам. Фақат ҳаминро мегӯям, ки дигар дар чашми ӯ рӯшанӣ нест. Чизе, ки дид ва сарнавиште, ки дошт, бисёр вазнин буд. Дар вақти кӯдакӣ одам ҷангро бинад, нигоҳаш дигар мешавад. Тоза кардани хотира бисёр сахт аст. Ҳеҷ вақт фаромӯш намекунад.”
Радиои Озодӣ: Гуфтед, падари қаҳрамони филм барҳаёт нест. Оё дар замони ҷанг кушта шудааст ё баъди он фавтид?
Аниса Собирӣ: “Гуфта наметавонам. Ин як бахши муҳими филм аст ва ман наметавонам ҳамаи “сир”-ро бароятон бикушоям.”
Радиои Озодӣ: Шумо дар аввал бо кори шоирӣ муаррифӣ шудед. Баъдан ба аксбардорӣ ва ҳоло таҳияи филм рӯ овардед. Шеъру шоирӣ тамом шуд ё идома дорад?
Аниса Собирӣ: “Кори шоирӣ идома дорад. Таҳияи филм як бахши эҷодиёти ман аст. Ман бузург нестам. Аммо Саъдиву Ҳофиз ва Сино ҳама корро мекарданд. Дар бахши математика буданд. Кори фалсафаро медонистанд. Аз дин суҳбат мекарданд. Ва шоир буданд. Ҳозир одамон фақат дар як бахш мекунанд. Одаме, ки эҷодкор аст, метавонад дар ҳама бахши эҷод кор кунад. Коргардонӣ кунад, рассом бошад ваё шоир. Ин ба масъала ва мавзуъ вобаста аст. Баъзе чиз ҳаст, ки дар қолаби навиштан мегунҷад. Баъзеи дигарро мешавад аз тариқи навор ё ҳатто як акс намоиш дод. Ман ҳоло ҳам бисёр шеър менависам, аммо чоп накардаам. Насиб бошад, дертар чоп мекунам.”
Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аниса Собирӣ, шоир ва аксбардору коргардони ҷавони тоҷик, дар 13-солагӣ падарашро аз даст дод ва нахустин шеърҳояшро дар 15-солагӣ ба нашр расонд. Дар 17-солагӣ баъд аз хатми мактаб ба Маскав рафт ва дар Донишгоҳи Вазорати корҳои дохилии Русия таҳсил кард ва онро бо дипломи аъло бо рутбаи лейтенанти калон ва бо ихтисоси ҳуқуқдон хатм намуд.
Ӯро дар Тоҷикистону Русия бештар шеърҳояш маъруф кардаанд. Аниса Собирӣ дар 23-солагӣ нахустин китоби ашъорашро бо номи “Девонаград” ба чоп расонд. Дар соли 2015 барандаи “Падида” – ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд ва инчунин барандаи ҷоизаи адабии “Курсии тилоӣ”-и Осиёи Марказӣ мебошад. Филми нахустинаш бо номи “Кафорат” дар ҷашнвораи Кинотаври Русия иштирок кардааст.