Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синелников: Миллате, ки Анисаҳоро ба майдон меорад, сабз хоҳад монд


Аниса Собирӣ
Аниса Собирӣ

Михаил Синелников бо тавсиф аз эҷоди Аниса Собирӣ - шоири ҷавони тоҷик гуфтааст, "дарахти миллате, ки чун Аниса шоиронро ба майдон меорад, сабзу пурбор хоҳад монд".

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, баргузории шаби эҷодии Аниса Собирӣ дар Маскав як навъ муаррифии истеъдодҳои ҷавони тоҷик ба ҷомеаи он кишвар будааст. Муҳаммади Эгамзод -- сухангӯи сафорат дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби шеъри Аниса Собирӣ, муаллифи "Девонаград", 10 июн дар "Хонаи Миллатҳо"-и Маскав баргузор шуда, куллан фазои тоҷикӣ доштааст.

Юлия Вербитская, ки ба ҷамъоварии осори наққошии тоҷикон машғул аст ва пайваста осори наққошиии ҳунармандони тоҷикро барои бойгонии худ харидорӣ мекунад, толор ва саҳнаро бо осори наққошии Зуҳур Ҳабибуллоев, Сабзалӣ Шарифов, Муриват Бекназаров, Акмал Миршакар ва дигарон оро додааст.

Оқои Эгамзод афзуд, "ин як саҳифаи нав дар муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия хоҳад буд. Бо истифода аз фурсате, ки ба миён омад, хостем бори дигар ба ҷомеаи Русия, бахусус ба шаҳри Маскав дар симои Аниса Собирӣ, ки бо забони русӣ эҷод мекунад, нишон диҳем, ки кишвари мо дорои истеъдодҳои хуб аст."

Имомуддин Сатторов
Имомуддин Сатторов

Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, баъд аз ошноӣ бо ашъори Аниса, сафири Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторов таъкид кардааст, “манбаи илҳоми шоир ватанаш ҳаст ва ба қавле диёраш Тоҷикистонро “Маккаи шеъри худ” интихоб кардааст”. Шоири рус Михаил Синелников, ки бо бузургони адабиёти тоҷик ошноӣ дорад, ҳангоми суханони худ хитоб ба Аниса гуфтааст, “миллате, ки шоиронеро чун Аниса ба майдон меорад, дарахти фарҳангиаш ҳамеша сабзу пурбор хоҳад монд”.

Аниса 24 сол дорад ва бо вуҷуди ҷавонӣ мехоҳад, ҳузури қавии худро дар майдони адабиёти русзабон нишон диҳад. Лев Чугунов, сокини шаҳри Маскав ҳам мегӯяд, "шеъри Аниса нисбат ба синну соли худаш бузургтару камолёфта аст".

Аммо Гули Зард, шоираи тоҷик, ки дар ин шоми эҷодӣ ширкат дошт, фалсафаи шеъри Анисаро васф мекунад ва мегӯяд, шеърҳои Аниса ӯро ба дунёи Ҷалолуддини Балхӣ бурдаанд.

"Фалсафаи навиштаҳои Аниса касро ба ҳайрат меорад. Новобаста ба он ки духтар хеле ҷавон аст, он қадар дар ҳаёт решаҳои чуқур дорад, ки кас ҳайрон мемонад. Барои мисол, дуторнавоз аз паси тирезаи хонаи худ модареро мебинад, ки гирён нишастааст. Бояд ҳамон ҳолати гирён будани модарро бо дутори худ бинавозад, ки ҷигари шунаванда об

"Девонаград", нахустин китоби Аниса Собирӣ
"Девонаград", нахустин китоби Аниса Собирӣ

шавад. Ё агар қаламкаше як духтари хушбахтро бубинад, ки бо табассум бо азизи дилаш парвоз карда, аз хиёбонҳо гузашта меравад, бояд ҳамин ҳолатро тасвир карда тавонад. Аниса ғаму дарду кулфати ба сар доштаи худро дар дунёи кӯчаки худ бо "ман"-и худ офаридааст ва Худованд ӯро шунидааст," -- афзуд ӯ.

Аниса дар 13-солагӣ падарашро аз даст дод ва нахустин шеърҳояш дар 15-солагӣ ба нашр расиданд. Дар 17-солагӣ баъд аз хатми мактаб ба Маскав рафт ва дар Донишгоҳи Вазорати корҳои дохилаи Русия таҳсил кард ва онро бо дипломи аъло бо рутбаи лейтенанти калон ва бо ихтисоси ҳуқуқдон хатм кард.

Аммо ӯро дар Тоҷикистону Русия бештар шеърҳояш маъруф карданд. Вай соли гузашта дар 23-солагӣ нахустин китоби ашъорашро бо номи “Девонаград” ба чоп расонд. Дар соли 2015 барандаи “Падида”- ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд ва инчунин барандаи ҷоизаи адабии “Курсии тилоӣ”-и Осиёи Марказӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG