Виктор Михайлов, коршиноси масоили амниятӣ ва мудири сомонаи Antiterrortoday.com мегӯяд, ба "Давлати исломӣ" савганди садоқат супурдани раҳбари кунунии Ҳаракати исломии Туркистон (ҲИТ), як созмони террористие, ки бо номи Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) маъруфтар аст, боиси ҷудоӣ дар байни фармондеҳони ин гурӯҳ шудааст. Бино ба маълумоти Виктор Михайлов, як гурӯҳи фармондеҳони саҳроии ҲИТ ин қарори Усмон Ғозиро ҳамчун “хиёнат” ба ҷунбиши Толибон, гурӯҳи ҷангие, ки дар вақташ ба ҷангиёни ҲИТ ва аъзои хонаводаҳои онҳо дар сарзаминҳои қабиланишини Вазиристони шимолии Покистон паноҳгоҳ дода буд, қабул кардаанд.
ҲИТ (ҲИУ) як гурӯҳи тундравест, ки дар поёни солҳои 80 дар Узбакистон зуҳур карда, аъзояш дар солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 дар Тоҷикистон аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин меҷангиданд. Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 ва ду қасди ҳамлаи мусаллаҳонаи ҲИТ ба Узбакистону Қирғизистон ҷангиёни ин созмонро ҳамроҳ бо аҳли хонаводаҳояшон аз Тоҷикистон ба Афғонистон танг карданд. Оғози амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон дар поёни соли 2001 боис шуд, ки боқимондаҳои ин гурӯҳ ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бибаранд. ҲИТ (ҲИУ) ба ҳамкории зич бо гурӯҳҳои дигари террористӣ, бахусус бо Ал-Қоида айбдор мешавад. Фаъолияти ҲИТ (ҲИУ) дар Тоҷикистон қонунан манъ шуда, ин созмонро чандин кишвар, аз ҷумла Амрико ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ шомил кардааст.
Виктор Михайлов, ки чандин сол боз фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарои исломиро таҳқиқ мекунад, дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Тошканд гуфт, маълумоти ӯ бар пояи сӯҳбатҳо бо ҷангиёни собиқест, ки ба ин ё он далел гурӯҳҳои террористиро тарк кардаанд.
Радиои Озодӣ: Раҳбари ҲИТ ахиран изҳор дошт, ки онҳо дигар на Ҳаракат, балки як бахши ба ном “вилояти Хуросон” дар ҳайъати “Давлати исломӣ”-анд. Ин савганди садоқати Усмон Ғозӣ ба “Давлати исломӣ”-ро ҷангиёни ҲИТ чигуна қабул карданд?
Виктор Михайлов: ҲИТ кайҳо боз дигар он ташаккули муттаҳиде нест, ки дар замони раҳбарони собиқаш Ҷумъаи Намангонӣ ё Тоҳири Юлдош буд. Баъди кушта шудани раҳбари Ал-Қоида Усома бин Лодин, ин созмон аз манбаи асосии маблағгузориша маҳрум шуд. Албатта, ба ғайр аз Ал-Қоида ҳам онҳо манобеи дигари таъмини молӣ доштанд. Аз ҷумла, аз ҳисоби назорати корвонҳои қочоқи маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, рекэт, шабакаҳои тиҷоратии зери назорати онҳо дар Покистону Туркия, кумаки сандуқҳои хайрияи туркӣ ва пулҳое, ки узбакҳои сарватманди сокини Арабистони Саудӣ барояшон равон мекунанд. Вале баъди ҳамлаи ҷангиёни ҲИТ ба урдугоҳи фарзандони низомиҳои Покистон дар соли 2014, фармондеҳи артиши Покистон Роҳил Шариф қасам хӯрд, ки ин гурӯҳро, ки бар хилофи тааҳҳуди ҳанӯз дар соли 1999 супурдаи Ҷумъаи Намангонӣ ва Тоҳир Юлдош ба аъмоли террористӣ дар қаламрави Покистон даст зад, нобуд мекунад. Болои ин, бо марги Мулло Умар, раҳбари Толибон, нерӯҳои марказгурез чӣ дар дохили Толибон ва чӣ дар дохили ҲИТ қувват гирифтанд. Ва савганди садоқати Усмон Ғозӣ (дар асл Абдуносир Валиев) ба раҳбари “Давлати исломӣ” Абӯбакри Бағдодӣ, ки аз тариқи фиристодаи ҲИТ Усмон Ҳакимӣ ирсол шуд, ба назари ман, аз ночорӣ буд. Қатъи маблағгузорӣ аз сӯи Толибон, талаф ёфтни ҷангиён ва фармондеҳони зиёди ҲИТ дар ҷангҳо бо артиши Покистон ва набуди обрӯву нуфузе, ки “амир”-они қаблии ҲИТ доштанд, ин ҳама Усмон Ғозиро маҷбур кардааст, дар ҷустуҷӯи “хӯҷаин”-ҳои нав барои худашу афродаш шавад. Зимнан, бисёре аз фармондеҳони саҳроии ҲИТ, ки ҳанӯз байъати Намангонӣ ва Юлдош ба Толибонро ёд доранд, ин иқдоми “амир”-и кунунии ҲИТ-ро ҳамчун “хиёнати ошкор” ба ҷунбиши Толибон қабул карданд."
Радиои Озодӣ: Мушаххасан ин кадом фармондеҳҳо бо Усмон Ғозӣ дар ин масъала ихтилофи назар доранд? Чунин маълумот ҳам доред?
Виктор Михайлов: Бархе фармондеҳони саҳроӣ, аз ҷумла Акмалиддин, Мустафо ва Ҳаким, ки бо гурӯҳҳои худ дар вилоятҳои Қундуз ва Бадахшони Афғонистон мустақар шудаанд, аз итоат ба Усмон Ғозӣ сар печида, ҳатто қасам хӯрдаанд, ки ӯро барои ҷудо шуданаш аз Толибон аз байн хоҳанд бурд. Гап сари он аст, ки вақте дар поёни солҳои 90 ҲИТ-ро аз Тоҷикистон ба Афғонистон танг карданд, раҳбарони вақташ Ҷумъа Намангонӣ ва Тоҳир Юлдош дар ҳузури Усома Бин Лодин ба раҳбари ҷунбиши Толибон Мулло Умар савганди садоқат супурданд. Дар иваз Толибон онҳоро паноҳ дода, иҷозат доданд, ки хонаву дар бисозанд ва ҳатто аз қабилаҳои паштуи Вазиристони шимолӣ зан бигиранд. Аз ин рӯ, бисӣре аз ҷайнгиён ба қарори “амир”-ашон ҷиҳати байъат ба “Давлати исломӣ” нигоҳи хеле манфӣ доранд. Раҳбарони Толибон низ ин иқдоми Усмон Ғозиро ҳамчун “хиёнат” ва зарба аз пушт аз сӯи ҷангиёне, ки “меҳмон”-и онҳо буданд, пазируфтанд.
Радиои Озодӣ: Аммо нуфуз ва шояд нирӯи Усмон Ғозӣ то куҷо кифоят мекунад, ки аз ҷудоӣ дар дохили ҳаракаташ ҷилавгирӣ кунад?
Виктор Михайлов: ҲИТ дар беҳтарин замонҳо то 4000 ҷангӣ дошт. Ҳоло шояд ягон 400 нафараш монда бошад. Аз ин миён ҳамагӣ ягон 120 нафар таҳти итоати бевосита ба Усмон Ғозӣ қарор доранд. Ӯ аз лиҳози ҷаззобият(харизма) ва нуфуз аз Ҷумъаи Наангонӣ ё Тоҳири Юлдош хеле ақиб мемонад, ки ин созмонро аз ҷудоӣ эмин бидорад. Усмон Ғозӣ ё Абдуносир Валиев аз Тошканд аст ва соли 1999 аз Ҳизб-ут-Таҳрир ба сафи ҲИТ пайваста буд. Дар вақташ ӯ бо таносуби андаке ба раҳбарии ҲИТ омад ва алакай ҳамон вақт на ҳама вайро ҳамчун раҳбар эътироф карданд. Медонед, ҷангиёни ҲИТ кайҳо боз дигар онҳое нестанд, ки дар солҳои 90 аз Осиёи Марказӣ бо умеди ягон вақт баргаштан ба ин минтақа ва сохтани “хилофат” рафта буданд. Бисёре аз онҳо ё кушта шуданд ё канорашон заданд. Насли нави ин ҷангиён дигар он қадар сахт муштоқи бозгашт ба ин сӯи Омӯ нест. Онҳо дар Афғонистон соҳиби оила шудаанд, ҳар кадом тиҷорати худро дорад, аз ҷумла аз тариқи ҳамроҳӣ кардани корвонҳои маводи мухаддир ё силоҳ. Онҳо дар ин сарзаминҳои нав реша давондаанд, автомат дар онҷо ҳам онҳоро хуб мехӯронад ва аз ин рӯ онҳо чандон хоҳиши партофтани ин ҳама ва ҷангидан дар маконҳои дигарро надоранд.
Радиои Озодӣ: Вале байъати ҲИТ ба “Давлати исломӣ” то куҷо зарур аст?
Виктор Михайлов: Агар ба зоҳири масъала бингаре, бале, Усмон Ғозӣ фиристодааш Усмон Ҳакимиро пеши Бағдодӣ фиристод ва ӯ аллакай бо гурӯҳаш дар онҷо меҷангад. Ин дуруст аст. Вале “Давлати исломӣ” даргири мушкилоти ҷиддии худаш дар Сурия ва Ироқ аст ва бояд онҳоро ҳал кунад. Ва Бағдодӣ ҳамту ба ҳар касе, ки ба ӯ байъат месупорад ва таҳти парчами сиёҳи “Давлати исломӣ” рост мешавад, пул намедиҳад. Ба назари ман, ҲИТ соле пеш ба урдугоҳи низомии кӯдакон дар Покистон танҳо барои он ҳамла кард, ки бо ягон роҳе боз аз худ дарак диҳад. Аммо медонед, аксари онҳое, ки барои ҷангидан ба “Давлати исломӣ” мепайванданд, ҷавонони тамриннодидае ҳастанд, ки азми “шаҳид” шудан доранд, вале маҳорати ҷангидан – не. Аз ин рӯ, даъватгарони “Давлати исломӣ” барои ҷангиёни тамриндида пули калон медиҳанд, тақрибан то 20 000 доллар. ҲИТ аз ин зовия барои “Давлати исломӣ” қобили таваҷҷӯҳ аст, чунки ҷангиёни зиёди тамриндида дорад, бахусус онҳое, ки дар масъалаи сохтани бомбу мина ва таркишҳо маҳорат доранд. “Давлати исломӣ” аз ин рӯ бештар моил ба ҷалби ҷангиёни ҲИТ ба Сурия ва Ироқ аст, то ба мабдағгузории фаъолиятҳои ҷангии ҲИТ дар Афғонистон.
Радиои Озодӣ: 5 сол пеш як навъ ребрендинги ҷангиёни тоҷики ҲИТ сурат гирифт ва онҳо ба раҳбарии Амриддин Табаров ва Абдулло Раҳимов дар як гурӯҳи алоҳида бо номи “Ансоруллоҳ” ҷудо шуданд. Ин гурӯҳ байни солҳои 2009-2011 ду дафъа талош кард дар шарқи Тоҷикистон пойгоҳ пайдо кунад. Ҳоло аз “Ансоруллоҳ” чӣ хабарҳое ба гӯш мерасанд? Нирӯи ин гурӯҳ ҳоло чӣ қадар аст?
Виктор Михайлов: Бино ба охирин маълумоте, ки ман дар бораи “Ансоруллоҳ” дорам, ин як гурӯҳи хурди иборат аз тақрибан 20 ҷангист, ки ҷои худро дар зери офтобу луқмаи нони худро меҷӯяд. Онҳо талош доранд бо ришсафедони маҳаллӣ муомила кунанд ва бо роҳҳое ҷои худро пайдо кунанд ва ягон тиҷоратеро ба даст бигиранд. Ин ва бисёре аз дигар гурӯҳҳои террористӣ зери назари хадамоти вижаи Покистон қарор доранд. Онҳо ба бархе кумак мекунанд, бархеро зери ҳимоят мегиранд, барои бархе санаду шиносномаву виза дуруст мекунанд. “Ансоруллоҳ” низ манбаи таъмини молӣ дошт, вале мутаассифона, ман дар бораи ин манбаъ маълумоте надорам.
Радиои Озодӣ: Шумо муддати тӯлоние масоили марбут ба гурӯҳҳои ифротгарои исломиро таҳқиқ мекунед. Ба назари шуумо, терроризми исломӣ дер давом хоҳад кард? Ваё мисле ки дар Аврупои имрӯз мебинем, комилан ё тақрибан аз байн меравад?
Виктор Михайлов: Мутаассифона, ин падида то дер хоҳад монд. То замоне ки бозигарони сиёсии ҷаҳонии соҳиби васоили ҷиддии молие вуҷуд доранд, ки барои расидан ба аҳдофи худ мусалмонҳои тундгароро мехоҳанд истифода баранд ва истифода ҳам мебаранд, терроризми исломӣ барояшон як силоҳи идеалӣ боқӣ хоҳад монд. Мушкил дар Ислом, бунёдгароии сломё ё тундгароӣ нест. Терроризм танҳо замоне аз байн меравад, ки ё бозигарони сиёсие, ки аз терроризми исломӣ истифода мебаранд, аз байн бираванд ваё манобеит молии онҳо тамом шавад. Ҳамзамон таъсири идеологҳои тундгаро ба ҷавонони мусалмонро метавонад тарбияи имомҳои босавод ва мӯътабар коҳиш бидиҳад. Чизи умедворкунанда ин аст, ки аксарияти мутлақи мусалмонон роҳи террору тундгароиро қабул надоранд. Вале то замоне ки барои касе дар роҳи расидан ба ҳадафҳояш “калашников” лозим аст, нирӯҳои муайян дар ҷустуҷӯи ангуште, ки бояд ба куланги автомат зер кунад, хоҳанд буд. Вазифаи мо кӯтоҳ кардани дасти ин қувваҳо ба ҷавонони мусалмон аст.