Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Муҳаммад Тиллозода, писари Муҳиддин Кабирӣ -- раиси ҲНИТ баъди раҳоиаш аз додгоҳ.
Муҳаммад Тиллозода, писари раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ, рӯзи душанбе (25-уми июн) бо пардохти 40 ҳазор сомонӣ аз додгоҳи ноҳияи Ваҳдат раҳо шуд. Тиллозодаи 21-сола дар рух додани садамае бо сабаби бепарвоӣ ва саҳлангории ронанда айбдор дониста шудааст, ки дар ниҳоят сабаби марги писарбачаи 12-сола шудааст.
Ин ҳодиса рӯзи 3-юми май дар канори деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат рух додааст. Дар рӯзи аввали фоҷеа волидони Муҳиддин Ортиқов гуфтанд, ки аз гуноҳи Муҳаммад Тиллозода гузаштаанд. Худи Муҳиддин Кабирӣ тавассути матбуот ба баррасии одилонаву қонунии ин қазия даъват карда, аз мудохила ба ҷараёни додгоҳ худдорӣ кардааст.
Озодӣ: Озодӣ муборак шавад, Муҳаммад. Чӣ эҳсосе Шуморо фаро гирифтааст?
Тиллозода: "Шукронаи Худо, эҳсоси хурсандӣ мекунам."
Озодӣ: Ба фикри худи Шумо, фоҷеа бо чӣ сабаб рӯй дод?
Тиллозода: "Фоҷеа аз беэҳтиётии мо сар зад, беэҳтиётии тарафайн. Ман ҳангоми дидани кӯдак дар миёна роҳ сигнал додам, вале ӯ дар ҷои худ истод ва ба ман назар кард. Чун мошин наздик расид, ӯ ҳам мисли ман, худбоварӣ кард ва давиду ин ҳодиса шуд. Ноомади кор дар он буд, ки ман фурсат доштам, ки мошинро манъ кунам, вале чун ман мошинро ба тарафи рост гирифтам ва кӯдак ҳам дар ҳамин ҳолат дар ҷояш меистод ва гӯиё ба ҳамон самти рост ҳамла мекард, мисле ки ба ҳамон тараф гузарад. Яъне ҳамон тарафе, ки ман мошинро гардондам, ӯ ҳам ба ҳамон тараф ҳаракат кард ва фоҷеа рух дод."
Озодӣ: Шумо таҷрибаи чандсолаи ронандагӣ доред?
Тиллозода: "Ба таври расмӣ ман таҷрибаи дусола дорам, вале то замони ба даст гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ҳам мошинсавориро дар деҳа таҷриба кардаам. Ман мошинсавориро хуб баладам, ин ноомади кор буд."
Озодӣ: Шабу рӯзе, ки дар боздоштгоҳ будед, аз сари Шумо чӣ гузашт? Шунидем, ки Шуморо гӯиё лату кӯб кардаанд...
Тиллозода: "Рӯзи аввале, ки он ҷо ворид шудам, тасаввуротам комилан дигар буд. Лату кӯб ба онҳо урфу одат шудааст. Ҳар касе, ки тоза медарояд он ҷо, бояд аз он имтиҳон, аз зулму золимӣ гузарад. Вақте маро он ҷо дароварданд, муддати 15-20 дақиқае, ки лату кӯб карданд, баъд аз фаҳмиданд, ки писари киву чӣ мешавам, узрхоҳӣ карданд ва ба ҳуҷра дароварданд. Вақте он ҷо будам, фаҳмидам, ки нисбати дигар бародарон, шаҳрвандон зулм бениҳоят аст. Аммо рӯзҳои охир ҳис мекардам, ки зулм камтар шуд, шояд бо сабабе, ки мо хабарре берун набарем."
Озодӣ: Яъне милисаҳо заданд?
Тиллозода: "Бале, як дафъа заданд. Маҳбусон кордор нестанд, баръакс, онҳо тарсидаанду пуштибонӣ мекунанд. Равияи кору зиндагӣ дар дохили маҳбасро меомӯхтанд."
Озодӣ: Чанд нафар ҳамроҳатон дар боздоштгоҳ буданд?
Тиллозода: "Тамоми муддат, 34 ё 35 рӯзе, ки мо он ҷо будем, мегуфтанд, ки дар карантинем. Маҳбусон то 10-15 рӯз он ҷо буданду баъд ба ҳуҷраҳои дигар интиқол меёфтанд. Ман тамоми вақт он ҷо будам. Ҳуҷра барои 12 нафар буд, вале гоҳо 15 ва дигар вақт 20 нафар мешудем."
Озодӣ: Дар масъалаи таҳсилатон каме иттилои норӯшан ба даст мерасад. Аввал гуфтанд, ки Шумо дар Малайзия дар кадом донишгоҳ таҳсил мекунед, имрӯз дар додгоҳ гуфтанд, ки на, Шумо он ҷо таҳсил намекунед. Масъала чист?
Тиллозода: "Ман дар донишгоҳи Исломии Малайзия таҳсил мекардам ва муддати 2,5 сол он ҷо будам. Вақте ба Тоҷикистон сафар кардам ва ба ин мушкилот гирифтор шудам, онҳо бо сабаби ҳозир нашудан ба дарсҳо маро хориҷ карданд. Вале аз рӯи қонун, ман ду ҳафта дорам, ки бо тавзеҳи сабабҳои аслии ҳозир нашудан дар дарсҳо дубора ба донишгоҳ баргардам. Ман нияти идомаи таҳсилро дорам ва мехоҳам баргардам."
Озодӣ: Яъне ҳоло Шумо дар соли чанд таҳсил мекунед?
Тиллозода: "Соли аввал, таҳсилам бо баҳои миёна мегузарад, чун ба забони англисӣ аст. Вақте забонро беҳтар омӯхтам, боварӣ дорам, ки таҳсилам беҳтар мешавад. Ман ният дорам, ки ба факултаи иқтисодӣ ба равобити хориҷӣ ба таҳсил гузарам."
Озодӣ: Имрӯз баъди озод шудан аз зиндон Шумо ба хонаи он марҳум рафтед. Метавонед бигӯед, ки киро дидед, чӣ гуфта шуд?
Тиллозода: "Бале, дар толори судӣ падари марҳум буданд, бо он кас салому алейк кардем. Баъди додгоҳ ба хонаи марҳум рафтем ва он ҷо модарашон буданд. Бо он кас сӯҳбат кардем. Он кас пурсиданд, ки дар лаҳзаҳои охир писарашон чӣ гуфтанд ва чӣ шуд. Яъне хостанд, ки воқеаро аз забони ман шунаванд, ба хотири ин ки овоза хеле зиёд буд. Лаҳзаҳои дарднок буд.
Озодӣ: Модари марҳум ҳам шуморо бахшиданд?
Тиллозода: Бале, бале.
Озодӣ: Дар боздоштгоҳ киро ё чиро ёд кардед?
Тиллозода: Озодиро, оиларо, хешу табор, дидори дӯстонро ёд кардам.
Озодӣ: Тамоми ин ҳодиса барои шумо дарс, панде шуд?
Тиллозода: Ин як мактаби бузург буд, чун инсон вақте пастиро мебинад, қадри озодиро, қадри инсонро мефаҳмад, лаҳзаҳои ҳаётро. Иншоолоҳ, нияти сарфакорона пеш бурдани ҳаётро меомӯзад. Ҳар касе ин чизро гузашт, босабру ботамкин мешаваду ба қавле дӯстро аз душман фарқ мекунад.