"НИГОҲ"
Изҳороти ахири Бонки Ҷаҳониро ба маънии ба дарозо кашондани иҷрои ин тарҳ арзёбӣ карда ва дар матлабе навиштааст, "коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, ки ваъдаи анҷоми экспертизаро ба "барфҳои имсол" дода буданд, бо об шудани барфҳо боз ваъда ба барфҳои соли дигар доданд." Нашрия ин вазъро ба он марбут донистааст, ки "экспертиза 1001 майда-чуйда" доштааст. Барои ширкатҳо хеле муҳим будааст, ки сангпуштҳои ҳудуди нерӯгоҳи Роғун оё то пур шудани нерӯгоҳ "ҷони ғариб"-и худро кашида метавонанд ё ба дарё ғарқ мешаванд. Муҳим будааст, ки сангпуштҳо ғарқ нашаванд, аммо як кишвар бо 7,5 миллион аҳолӣ дар зимистони қаҳратун бебарқ монданаш не."
"СССР"
Дар ин замина навиштааст, "хелеҳо хеле хуб медонанд, ки ин бонк мавқеи худ не, Амрикову шариконашро мегӯяд. Шояд дар Вашингтон сӯҳбатҳои ахири Раҳмону Путинро ба маъние фаҳманд, ки байни Душанбеву Кремл баҳси дигаре намондаву акнун вақт аст, онҳо мавқеи худро ошкор кунанд?" Яъне, ба навиштаи нашрия "фишор биоранд… чун таҳлилгарон мегӯянд, пас аз сафари Ҳилларӣ Клинтон ба минтақаи мо ва изҳороташ манфиатҳои Каримовро бояд меёфтем." Ба таъкиди "СССР", "пеш аз ин ҳам коршиносон мегуфтанд "муфатишшон"-и Роғун мавқеи худро то соли 2013 хоҳанд гуфт, замоне ки будубоши низомиёни рус дар Тоҷикистон маълум шавад."
"ФАРАЖ"
Мавқеъгирии Бонки Ҷаҳониро "кӯлоҳ гузоштан сари Тоҷикистон" унвон карда ва навишт, "ҳар созмоне хоҳони вориди Тоҷикистон шуданро дорад, дар аввал бо "ваъдаҳои болохонадор" хотири моро ҷамъ мекунад, вале вақте бо вазъ ошно гардиду моро омӯхт, роҳ ба сӯи "кидат" меҷӯяд. Бонки Ҷаҳонӣ низ яке аз онҳост." Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ нашрия менависад, "вақти он расидааст, ки дигар ба ягон созмону ҳаракат бовар накард ё шартҳои ҷиддӣ дар назди эшон гузошт!"
"НАҶОТ"
Дар ин робита назари Сайидироҳими Назар, аз мушовирони раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломиро овардааст, ки гуфта "такя кардан ба Бонки Ҷаҳонӣ дигар он қадар зарурат надорад, Тоҷикистон бояд чорае пайдо карда, Роғунро созад." Аммо Исмоил Раҳматов, сиёсатшиноси тоҷик, ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дар масъалаи Роғунро зарур медонад.
"МИЛЛАТ"
Дар матлаби "Интихоботи соли 2013; Чаро касе намехоҳад президент шавад?" руҷӯе ба интихоботи соли ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати номзадҳо дар ин маъракаи сиёсӣ кардааст. Нашрия бо чопи акси Эмомалӣ Раҳмон, ӯро номзади арзандаи ҲХДТ дониста, аммо зери акси Муҳиддин Кабирӣ, навишт, "бубинем, бародарони исломӣ чӣ кор мекунанд." Аммо нашрия дар поёни акси Ҳоҷӣмуҳаммад Умаров, овардааст, "шояд номзад шавам", аммо дар зери акси Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода навишт, "талош мекунанд, моро ба сиёсат тела диҳанд." Бо ин ҳам нашрия навиштааст, "мухолифон чеҳраҳои зиёде ҳам барои номзад кардан надоранд."
"ОЗОДАГОН"
15 дарсад (%) ихтисор шудани кормандони давлатиро ба баррасӣ гирифта ва ҷӯёи он шудааст, ки "Оё ин миқдор ихтисор кофист?" Дар посух ба ин суол бархе аз коршиносон гуфтаанд, "беҳтар мебуд, аз 25 то 50 дарсади кормандони давлатиро ихтисор мекарданд." Аммо бештари таҳлилгарон рӯи "шаффофият"-и иҷрои ин амр ишора кардаанд. Зеро ба таъкиди онҳо, аз он ки ихтисор амалӣ мешавад, беҳтар аст, то ин раванд бидуни тағобозӣ ва фасод сурат бигирад."
"ТОҶИКИСТОН"
Дар поёни раванди давъати баҳории ҷавонон ба Артиш, умдатарин мушкил - ҷалби маҷбурӣ ва ё "облава"-ро ба чолиш кашида ва навиштааст, "на танҳо фарзандон, ҳатто ҷиянҳои мансабдорон аз хизмати сарбозӣ мегурезанд." Ба навиштаи нашрия, "аз чунин вазъ мардуми камбағал дар шигифтанд ва мегӯянд: "чӣ, хидмати аскарӣ танҳо барои фарзандони мардуми бечора аст?" Нашрия менависад, "раисони ноҳия, вазирону кабирон ва мансабдорон лофи ватанхоҳӣ мезананд, аммо ба далели ин лоф лоақал писаронашонро ба аскарӣ намефиристанд."