Хуҷанд -- мизбони имсолаи Наврӯзи ҷаҳонӣ

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҷашни имсолаи Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Аммо масъулони дабирхонаи Наврӯз дар Эрон гуфтаанд, мизбони имсолаи ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ то ҳанӯз муайян нашудааст.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, маросим ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ имсол дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, баргузор хоҳад шуд. Абдуҷаббор Абдуғаффоров -- раиси дастгоҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 26 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "бо хулосаи ҳукумати кишвар" моҳи март ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд мегузарад.

Ӯ афзуд, аз ҳоло омодагиҳо барои таҷлили ин ҷашни бостонӣ оғоз шудааст. Ба гуфтаи раҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Наврӯз дар ҳамаи манотиқи кишвар ҷашн гирифта мешавад, вале ҷашни асосӣ, ки дар он меҳмонони хориҷӣ ширкат хоҳанд кард, дар Хуҷанд сурат мегирад.

Ин дар ҳолест, ки масъулони дабирхонаи Наврӯз дар Эрон рӯзи гузашта ба хабаргузории "Меҳр" гуфтаанд, намедонанд мизбони ҷашни ҷаҳонии Наврӯз барои имсол кадом кишвар аст. Ба навиштаи хабаргузории "Меҳр"-и Эрон, бо вуҷуди он ки Наврӯз дар бештари кишварҳои Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Ҳинду Покистон, Балкан, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбакистон ва Курдистони Ироқ ҷашн гирифта мешавад, аммо ҳанӯз мизбони ҷашни имсолаи Наврӯзи байналмилалӣ муайян нашудааст.

Ҷашни Наврӯз дар рӯйхати мероси номаръии ЮНЕСКО сабт шуда ва ҳар сол низ бархе аз кишварҳо дар феҳристи интизор барои пайвастан бар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз қарор мегиранд ва дабирхонаи Наврӯз низ дар Эрон ташкил шудааст. Мақомоти ин ниҳод қаблан ба хабаргузории "Меҳр"-и эронӣ гуфтаанд, ки талош доранд кишварҳои узв аз 7 то 12 кишвар афзоиш ёбад.

Нахустин давраи Ҷашни Наврӯз соли 2011 дар Эрон баргузор шуд ва раҳбарони Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ироқ ва вазири умури хориҷии Озарбойҷон ва муовини нахуствазири Туркия дар он ҳузур доштанд. Ҷашни Наврӯзи байналмалилӣ солӣ 2012 дар шаҳри Душанбе ва соли 2013 дар Туркманистон баргузор шуд.

Бо вуҷуди таҳдидҳои амниятӣ, дар ҷашни байналмилалии Наврӯзи соли гузашта дар Кобул, тақрибан 700 нафар раҳбарони маҳаллии Афғонистон, раҳбарони боломақоми 11 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Эрону Ироқ, Покистону Тоҷикистон ва Озарбойҷон ширкат доштанд.

Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи феврали соли 2010 Наврӯзро иди ҷаҳонӣ эълон кард. Наврӯз, соли нави ақвоми эронинажод, ки дар аввали баҳор таҷлил мешавад, дар кишварҳои зиёде, ба монанди Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Ҳинд ва Туркия бо анъанаҳои маҳаллӣ, монанди рақсу тарона пайванд гирифтааст.