Шоми 20 октябр дар маросими эълони ғолибони Ҷашнвораи байналмилалии “Дидор”, ки тӯли чаҳор рӯз дар шаҳри Душанбе идома дошт, ҳакамон ба филм ва коргардонҳои Афғонистон, Гурҷистон ва Русия ҷоизаҳоро сазовор донистанд. Ба ин тартиб, ҷоизаи коргардонҳои беҳтарин ба Хадим Ҳусайн ва Вайс Санҷар, коргардонҳои афғон, барои таҳияи филми “Трилогия”, ки аз се қисм иборат аст ва дар бораи саргузашти зане бо номи Саодат қисса мекунад, дода шуд.
Ҷоизаи “Беҳтарин филми пурраметраж” ба филми “Санҷиш” ё худ “Испитания”-и коргардони рус Александр Котт тақдим гардид. Ҷоизаи сеюм “Беҳтарин филми кӯтоҳметраж”-ро филми “Динола”-и коргардони гурҷӣ Мариам Хатчавани сазовор гардид.
Аммо ҷоизаи тамошобинро, ки аз тарафи тамошобинон ба таври овоздиҳӣ интихоб карда мешавад, ду филми тоҷикӣ сазовор шуданд. Ҳамин тавр, ҷоизаи тамошобин ба филми “Хуни халқ”-и коргардон Зайналобуддини Мӯсо ва “Як ҷаҳон аз ману ту”-и коргардонҳои тоҷик -- Бахтиёр Каримов, Улуғбек Содиқов ва Муҳаббат Сатторӣ дода шуданд. Филми тасвирии Бахтиёр Қаҳҳоров беҳтарин филми тасвирии тамошобин дониста шуд.
Ҷашнвораи байналмилалии "Дидор-2014", ки имсол ба 110-солагии Комил Ёрматов – коргардон, филмноманавис ва ҳунарпешаи тоҷик ва асосгузори синамои Тоҷикистону Узбакистон бахшида шуда буд, дар он беш аз 70 филми кутоҳметраж ва дарозметражи беш аз 10 кишвари ҷаҳон тӯли 5 рӯз ба намоиш гузошта шуд. Ин ҷашнвора ба ин муносибат бо филми офаридаи Сафарбек Солеҳов бо номи “Комил” ифтитоҳ ёфт. Ин синамобазмро ҳайати ҳакамон аз кишварҳои хориҷӣ аз ҳисоби коргардонҳои шинохта, аз ҷумла Давлат Худойназаров, коргардони шинохтаи тоҷик ва ҳоло муқими Русия, Франс Фрай аз Шветсария, Ризо Миркаримӣ, коргардони Эрон доварӣ мекарданд.
Дар шашумин ҷашнвораи “Дидор”-и синамогарон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрону Афғонистон, ки ба муносибати 110-солагии Комил Ёрматов, коргардон, ҳунарпеша, филмноманависи тоҷик ихтисос дода шудааст, дар баробари филми “Комил” 12 филми синамогарони дигари тоҷик ҳам ба намоиш гузошта шуданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Синамобазми байналмилалии “Дидор” аз соли 2004 ин ҷониб дар ду сол як бор баргузор мешавад. Вижагии синамобазми имсола дар Тоҷикистон, бахши наве бо номи “Бозёфт” буд, ки дар он барои бори аввал филмҳои ҳанӯз сад соли қабл офарида шуда, рӯйи пардаи синамо оварда шуданд. Яке аз ин филмҳо ҳам дар бораи Бадахшони Тоҷикистон буд, ки аз ҷониби рус Владимир Ерафеев синамогари аввали асри бисти рус таҳия шудааст.