Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тангно" - филми эронӣ дар бораи кӯдаки тоҷик


Майсам Ҷаводӣ, синамогари эронӣ
Майсам Ҷаводӣ, синамогари эронӣ

“Тангно” -- филме аз ҳаёти як кӯдаки ношунавои тоҷик аст, ки синамогари ҷавони эронӣ дар ҷашнвораи “Дидор” муаррифӣ хоҳад кард.

Филми "Тангно"-и Майсам Ҷаводӣ - синамогари 29-солаи эронӣ, ки дар ҷашнвораи байналмилалии "Дидор" дар Душанбе ба намоиш гузошта хоҳад шуд, аз рӯзгори як кӯдаки ношунавои тоҷик қисса мекунад. Оқои Ҷаводӣ мегӯяд, ӯ бо ду филми кӯтоҳ бо номи “Танҳоӣ” ва “Тангно” ба синамобазми “Дидор” ба пойтахти Тоҷикистон омадааст ва умед дорад, аз тарафи бинандагон хуш пазиурфта хоҳад шуд.

Майсам Ҷаводӣ: “Танҳоӣ” ва “Тангно” ин ду филми офаридаи ман аст, ки дар ин синамобазм намоиш дода мешавад. Филми “Танҳоӣ” бозгӯи зиндагии занҳо дар сад соли пеш ва таърихи Эрон аст, ки ҳоло чӣ тағйироте дар ин самт пеш омадааст. Филм аз зиндагии занҳо дар замони пеш ва пас аз дини Ислом қисса мекунад ва оянда чӣ иттифоқе барояшон меафтад. Дар ин филми кӯтоҳметрӣ, ки 13 дақиқа аст, бештар дидгоҳҳои мухталифи динӣ ва ҳукуматӣ нисбат ба занҳост. Филми дувум “Тангно” ном дорад ва дар бораи як кӯдаки ношунавоӣ тоҷик нақл мекунад”.

Радиои Озодӣ: Шумо дар Эрон фаъолият доред ва чӣ гуна як кӯдаки тоҷик қаҳрамони филми Шумо шуд?

Майсам Ҷаводӣ: “Воқеан, “Тангно” аз рӯзгори як кӯдаки ношунаво дар рустои дур қисса мекунад. Муҳтавои ин филм фарогири мушкилест, ки барои ин кӯдак пеш меояд ва бархӯрди сокинони як русто бо кӯдаке, ки маълул аст ва нуқси физикӣ дорад. Ман ҳамеша ба унвони як филмсоз гуфта метавонам, синамогар нафарест, ки мушкилоти ҷомеаро мебинад ва онро ба шакли филм таҳия мекунад. Ҳамеша чизеро, ки таҳия месозам, кӯшиш мекунам он чизе, ки мебинам бояд ҷомеа ҳам бубинад. Ва ҳамин аст, ки ин кӯдаки тоҷики маълул ба ҳайси қаҳрамон дар филми “Тангно” интихоб шудааст”.

Радиои Озодӣ: Филми “Тангно” кай таҳия шуд ва аввалин бинандаи он кист?

Майсам Ҷаводӣ: “Ин филмро ҳамин сол, яъне 2014 таҳия кардам ва ҳоло дар синамобазми “Дидор” барои аввалин бор намоиш дода мешавад, ки бинандаи аввалин ҳам тамошобинони тоҷик ҳастанд. Хоҳишмандон метавонанд, ин филмро ҳар гоҳе, ки мехоҳанд тамошо кунанд. Зеро онро барои ҳамкасбони тоҷикам ҳам туҳфа мекунам. Ва бо ин роҳ мехоҳам бо синамогарони ҷавони тоҷик ҳамкорӣ дошта бошам”.

Радиои Озодӣ: Шумо оё аз кори филмсозони ҷавони тоҷик ҳам огоҳ ҳастед ва ба чӣ баҳо медиҳед?

Майсам Ҷаводӣ: “Ман бо чанд тан аз синамогарони ҷавони тоҷике, ки филмҳои мустанад месозанд, ҳамкорӣ дорам. Мушкили асосие ки пеши рӯи ҷавонони тоҷик ҳаст, ин ки дар Тоҷикистон донишгоҳҳои филмсозии ҳирфаӣ (касбӣ) нест. Аксари онҳое, ки филм месозанд, ҳамагӣ коргадонии театр ҳастанд. Ин заъфи бузурге, ки дар филмҳо низ мушоҳида мешавад. Албатта, ин айби ҷавонон нест, зеро онҳо бо вуҷуди он ки кадом як донишгоҳи филмсозии ҳирфаиро нагузаштаанд, кӯшиши зиёд мекунанд.”

Радиои Озодӣ: Шумо филмсозиро кай шурӯъ кардед ва ин аввалин филмҳои сохтаи Шумост, ки дар ҷашнвораи “Дидор” намоиш дода мешавад?

Майсам Ҷаводӣ: “Ман 13 сол боз коргардони театрам ва 7 соли ахир ба таҳияи филмҳои кӯтоҳ машғул шудам. То ҳол дар чандин ҷашнвораҳо ба мисли “Фаҷр" дар Эрон бо филмҳои сохтаи худам ширкат кардам. То ҳол 9 филме сохтаам. Вале аввалин бор аст, ки дар синамобазми “Дидор” бо пешниҳоди ду филми кӯтоҳметрӣ иштирок дорам.”

XS
SM
MD
LG