Ёриҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро аз фақр нараҳонд. Чаро?

Тоҷикистон ба унвони як кишвари дар ҳоли рушд дарёфти ёриҳо аз шарикони рушдро идома медиҳад. Бо вуҷуди ин сатҳи фақр ва мушкилот дар иқтисоди кишвар ба таври қобили мулоҳиза боқӣ мемонанд.

Ёрии навбатӣ

Бонки осиёии Рушд аз соли 2020 то 2022 барнома дорад, ки ба Тоҷикистон 404 млн доллар барои мусоидат ба ҳали чолишҳо ва ниёзмандиҳои кишвар ихтисос бидиҳад. Дар иттилоияи расмии БОР гуфта мешавад, ки андозаи ниҳоии ёрӣ бастагӣ ба дастрас будани маблағҳои ин бонк ва омодагии тарҳҳо, ҳамчунин эҳтимоли шарик шудан ва маблағгузории муштарак аз сӯйи созмонҳои дигар дорад. Ба ҷуз тарҳҳо ба бахши давлатӣ, БОР қасд дорад, имконияти сармоягузорӣ ба бахши хусусиро дар соҳаҳои тиҷорати кишоварзӣ, бахши молия ва бахшҳои диггарро баррасӣ кунад.

Дар барномаи сармоягузорӣ тарҳҳои рушди маҳоратҳои меҳнатӣ, идомаи рушди соҳаҳои энергетикӣ, бо шумули пуштибонии ислоҳот дар соҳа ва беҳтар кардани зерсохтҳо, пуштибонии рушди бахши молия, ҳимоят аз тарҳҳо дар бахши рушди гардишгарӣ, бозсозии даҳлезҳои калидии автомобилӣ, рушди зерсохтҳои шаҳрӣ, тавонмандсозии муқовимат дар баробари офатҳои табиӣ, ислоҳоти фазои сармоягузорӣ ва ҳамчунин беҳсозии мудирияти захираҳои обӣ ворид шудаанд.

Мувофиқи маълумоти БОР аз соли 1998 то кунун ин ниҳод барои Тоҷикистон 1,8 млрд доллар, бо шумули 1,1 млрд ба сифати бурсияҳо додааст.

"Бо ин маблағҳо зерсохтҳои нақлиётӣ ва энергетикӣ беҳсозӣ шуда, рушди иҷтимоӣ пуштибонӣ гардида, тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ тавсеъа ва ҳамкориҳои минтақавӣ тақвият пайдо кардааст",--гуфта мешавад дар иттилоияи ин ниҳод.

«6 млрд дуллор ёрӣ аз соли 1992 то 2017»

Ба ҷуз Бонки осиёии рушд, ки дар солҳои ахир сармоягузор (донор)-и асосии Тоҷикистон шудааст, дар шумори шарикони асосии Тоҷикистон ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа, Сандуқи байналмилалии пул ва ниҳодҳои дигар низ ҳастанд. Тибқи додаҳо дар соли 2015 дар раванди ёрии беруна ба Тоҷикистон 80 шарик ҷалб шудааст, ки дар шумори онҳо кишварҳову созмонҳои донор, созмонҳои байналмилалии чандҷониба ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ мебошанд. Ҷониби Тоҷикистон то кунун ҳаҷми умумии ёрии дар замони истиқлол гирифтаашро эълон накардааст. Аммо бино ба маълумоти Кумитаи ёрӣ барои рушди Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тавсеа (СҲИТ) аз соли 1992 то 2017 ҳаҷми пулии ёрии расмӣ ба Тоҷикистон бо ҳадафи рушд 5 млрду 915 млн долларро ташкил медиҳад. Ба ин маблағ, тибқи ишораи манбаъ қарзҳои имтиёзнок, бурсияҳо ва дигар ёриҳои молиявӣ ҳам шомиланд.

Бо вуҷуди ин Тоҷикистон ҳанӯз дар шумори кишварҳои фақир боқӣ мондааст. Дар радабандии Сандуқи байналмилалии пул барои соли 2018 ҷумҳурӣ дар миёни 20 кишвари қашшоқтарини дунё ҷой гирифтааст. Танҳо бар асоси иттилои расмӣ ҳудуди 30% мардум зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд. Коршиносон омилҳои гуногунеро далели ин вазъ медонанд. Бархеҳо рӯйкардҳои номуассири донорҳои байналмилалро ном мебаранду, баъзеи дигар заъифии ниҳодҳои давлатӣ ва мушкилоти ҳалнашавандаро.

Нияти нек ва мушкилоти систематик

Шореҳи иқтисодӣ Нур Сафаров мегӯяд, ки шарикони Тоҷикистон ниятҳои хубе доранд, вале як қатор мушкилоте мавҷуд аст, ки монеи рушд мешаванд. Ба ин мушкилот, коршинос, бунбасти ҷуғрофиёӣ, вобастагии иқтисод аз омилҳои берунӣ, пеш аз ҳама аз иқтисоди Русия, ноамнӣ дар Афғонистон, ки сармоягузоронро дучори тарс менамояд ва ҳамчунин мудирияти ғайримуассири равандҳо ва тақсимоти захираҳову сатҳи баланди фасод ва дар натиҷа як фазои ноҷолиби сармоягузорро дохил мекунад. “Дар айни замон бояд ёдовар шуд, ки бештар аз 50 дар сади буҷаи ёриҳои берунӣ барои пардохти хидматрасониҳои мутахассисон, мушовирон ва таъмини дастгоҳи маъмурӣ масраф мешавад. Аз назари ман ниҳодҳое чун PIU (project implementation units) барои иҷро кардани тарҳҳо бояд бозбинӣ ва аз сӯйи донроҳо ва ҳам аз сӯйи давлат беҳинасозӣ шаванд ”,-таъкид менамояд Сафаров.

Ӯ мегӯяд, ки донорҳо мушкилоти кишварро меомӯзанд ва дарк мекунанд ва саҳми бисёр зарурии худро дар рушди зерсохтҳои энергетикӣ ва роҳҳои кишвар мегузоранд.

Як манбаъи Радиои Озодӣ, мутахассиси яке аз созмонҳои байналмилалӣ, ки бо донорҳо кор мекунад, дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, ки қисми бештари маблағҳое, ки аз донорҳои бузург ворид мешаванд, ба ниҳодҳои давлатӣ мераванд, ки дар ин ниҳодҳо ба сабаби сатҳи баланди бюрократия ва пойин будани гузоришдиҳӣ самаранокии онҳоро дунболагирӣ кардан мураккаб аст.

“Донорҳо пуштибонӣ мекунанд ва аксаран ин ёриҳоро ироа менамоянд. Давлат бояд нақши раҳбарикунандаро ба дӯши худ бигирад, вале аз он ҷо, ки ниҳодҳои давлатӣ заъифанд, ҳамин ки ёрии бурсиявӣ тамом шуд, мушкил дубора боз мегардад”,--мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ба сифати намуна ӯ соҳаи тандурустиро мисол мезанад, ки он ҷо аз ҳисоби бурсияҳо таҷҳизот харида мешавад, мутахассисон омӯзонида мешаванд, вале дар ниҳоят давлат имконе пайдо намекунад, ки бо ин таҳҷизот хидмат бирасонад ва мутахассионро маош бидиҳад.

«Тоҷикистон аз тавсияҳо сарпечӣ мекунад»

Саҳми молии шарикон дар рушди Тоҷикистон, тақрибан ҳама самтҳо, аз зерсохтҳои роҳҳову энергетикӣ гирифта то соҳаҳои маориф, тандурустӣ, амният, бахши кишоварзӣ, дастгирии будҷа ва ғайраро фаро мегирад. Сиёсати давлатӣ дар бахши ёрии берунӣ бо истротежиҳои миллӣ таъин карда мешавад, ки барои давраҳои миёнамуддат ва дарозмуддат пазируфта мешаванд. Иҷро кардани Стратегияи миллии рушди то соли 2030 –и барҳоли Тоҷикистон 118,1 млрд долларро талаб мекунад, ки ба назари таҳиякунандагони он қисми бештари он аз ҳисоби бурсияҳо ва қарзҳо ҷалб карда мешавад. Вале ҷалби қарзҳо ва бурсияҳо бештар бо такя ба тавсияҳои ниҳодҳои молиявӣ сурат мегирад, ки барои Душанбе бисёр хушоянд нестанд.

Мушкилот бо шарикон

Ин як мушкили асосӣ дар равобити ниҳодҳои байналмилалии молӣ ва Душанбеи расмӣ гардидааст. Моҳи январи соли ҷорӣ Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёи рушд додани 200 млн доллар барои дастгирии будҷаро то замоне, ки ҷумҳурӣ ба тавофуқоте, ки Сандуқи байналмилалии пул кардааст даст наёбад, ба таъвиқ андохтанд. Дар натиҷа зарурат шуд, ки касри буҷаро аз ҳисоби ҷаримаҳо ва пеняҳо, ки дар натиҷаи тафтиши саҳроии тиҷоратҳо ҷамъоварӣ шуданд, пӯшонида шавад.

Ҳанӯз аз соли 2015 Тоҷикистон бо Сандуки байналмилалии пул дар мавриди дарёфти қарзи боимтиёз дар ҳаҷми 300 млн доллар гуфтушунид дорад. Вале тавофуқ ҳосил нашудааст, зеро ҷониби Тоҷикистон тавсияҳои ин ниҳодро дар бахши ислоҳоти соҳаи бонкдорӣ ва пардохти қарзҳои ниҳодҳои давлатӣ намепазирад. 4 тавсияи ахири ин ниҳод ҳам ба ислоҳот дар ҳамин замина рабт доранд. Пойгоҳи “Eurasianet” менависад, ки донорҳо ба ҷиддияти ваъдаҳои ҳукумат дар самти ислоҳоти иқтисод шубҳа доранд. Ва талаботи асосии барои онҳо барқарор кардани равобити танготанги Душанбе бо Сандуки Байналмилиалии Пул мебошад, ки имконияти бештари баҳогузории сиёсати иқтисодии гирандаи ёриҳоро фароҳам мекунад.

Шореҳи иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки Тоҷикистон ба пуштибонии шарикон ниёз дорад, зеро мустақилона ҳатто наметавонад будҷаро бипӯшонад. Вале бар асари ноустувории иқтисод ва истеҳсолот захираҳои молии қобили таваҷҷуҳеро, ки ба кишвар ворид мешаванд аз даст медиҳад.

“Ҳар қадаре, ки ёрӣ накунанд аз ин фоида нест. Дар сол мо бештар аз 3 млрд доллар маҳсулот ворид мекунем, дар ҳоле ки ҳамагӣ чанд миллион содирот дорем. Худ тасаввур кунед, ки дар солҳои истиқлол чӣ қадар пул аз кишвар рафтааст. Бо чунин раванд ҳеч гуна пешрафтеро мунтазир шудан нашояд”,-таъкид мекунад коршинос.