Дар ҳоле ки садҳо корбар аз пурра ё қисман дастнорас будани шабакаҳои Фейсбуку Инстаграм ва чанд сомонаи хабарӣ дар Тоҷикистон шикоят доранд, масъулони Хадамоти алоқа гуфтанд, ки "ҳеч мушкил ҷой надорад".
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа, рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "система фаъол аст, мо ҳеч кор накардем." Баъзе аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар паёме ба муштариёни худ пеш омадани чунин вазъро ба "мушкили фаннӣ" (техникӣ) рабт додаанд.
Маҳини Даврон, хабарнигори тоҷик ва яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, мегӯяд, ду рӯз боз ба Фейсбук ворид шуда наметавонад ва ҳатто садшикан (VPN) кумакаш накард. "Бештар аз Фейсбук истифода мекунам ва маҳдуд шуданаш бароям сахт буд. Се навъи қулфшиканҳоро боргирӣ кардам, вале бо онҳо низ вориди Фейсбук шуда натавонистам. Дар ин ҷо мушкили қулфшиканҳо ҳам буд", -- афзуд ӯ.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фейсбук яке аз шабакаҳои иҷтимоии пуристифода дар Тоҷикистон аст. Инстаграм асосан дар миёни ҷавонон маъруф аст ва барои иддае як роҳи дарёфти маблағ ба шумор меравад.
Таҳмина, яке аз корбарони Инстаграм, гуфт, муштарии ширкати "Мегафон" аст ва ҳоло танҳо бо қулфшикан вориди шабакаи иҷтимоӣ мешавад. "Дар қаҳвахонае нишаста будам ва Инстаграмро кушода натавонистам. Фикр кардам, дар онҷо мавҷ суст аст. Яке аз дӯстон гуфт, муштариёни ширкатҳои "Мегафон" ва "Тселл" чунин мушкил доранд", -- шарҳ дод ӯ.
Баъзе аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ин вазъро "мушкили техникӣ" номиданд. Масъулони "Мегафон" ба муштариёни худ гуфтаанд, "дар серверҳои сомонаҳои иҷтимоии Instagram ва Facebook мушкилӣ дида мешавад. Вақти барқароршавӣ маълум нест."
Дастнорас шудани шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон падидаи нав нест, чун дар солҳои охир борҳо ин ҳолат пеш омадааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора маҳдудияти дастрасӣ ба сомона ва шабакаҳои иҷтимоиро ба "мушкили фаннӣ" пайванд додаанд, аммо мунтақидон онро ҳадафмандона мехонанд.
Фариштамоҳ Гулова, мутахассиси фанновариҳои иттилоотӣ, рӯзи 12-уми январ гуфт, вазъе, ки ҳоло корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон таҷриба мекунанд, "рӯзҳои гузашта дар кишварҳои ҳамсоя мушоҳида шудааст". Ӯ гуфт: "Баста шудани шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла чанд паёмрасоне ба мисли Вотсап ба он рабт дорад, ки каме сиёсати махфияти худро дигар карданд. Рӯзи 11-уми январ дар иёлати Айдаҳои Амрико низ Фейсбуку Твитер ва Вотсап маҳдуд шуданд."
Бино ба иттилои расмӣ беш аз 3 миллион аҳолии Тоҷикистон ба Интернет дастрасӣ доранд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, шабакаҳои иҷтимоӣ ба як василаи муҳими иттилоърасонӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтаанд ва баста шудани онҳо нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба дастрасӣ ба иттилоъ аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"WhatsApp ё Viber баста шавад, даҳҳо месенҷери дигар рӯи кор меояд". ВИДЕОФейсбук, ОК, ВК, Ютюб ба ҷойи рӯзномаву телевизион? (ВИДЕО)"Дарвозабон"-и Интернети Тоҷикистон кист? "Одобномаи интернетӣ" интернетро боодоб хоҳад кард?