Чанде аз созмонҳои ҷамъиятиву ҳизбӣ дар Бадахшон бо пахши изҳоротҳо дар алоҳидагӣ ҷавонони бадахшониро, ки чанд рӯз боз дар маркази ин вилоят гирди ҳам омадаанд ба хештандорӣ даъват карда, ҳодисаҳои охирро кори дасти "авомфиребон" ном бурдаанд.
Шӯрои қӯҳансолони вилояти Бадахшон дар як изҳороти худ ба ҷавонони бадахшон онҳоро ба зиракию ҳушёрӣ ва нигоҳ доштани сулҳу суббот даъват кардаанд.
Дар ин изҳороти Шӯрои куҳансолони бадахшон, ки шоми 24-уми май нусхаи он ба дафтари радиои Озодӣ расид, омдааст, ки дар ҳодисаҳои ахир дар Хоруғ рухдода «нафарони бадхоҳ манфиатдоранд.»
«Имрӯз иддае аз шахсони тангназар ва ҷудоихоҳ мехоҳанд барои пиёда кардани манфиатҳои нопоки хеш дар байни мардуми меҳмоннавозу сулҳпарвари Бадахшон рахнае ворид созанд ва ба ин мақсад наврасону ҷавононро истифода мекунанд.», омадааст дар муроҷиатномаи ин шӯро.
Дар ҳамин маврид имрӯз 24-уми май Созмони Ҳизби халқӣ демократӣ дар вилояти Бадахшон, Кумитаи вилоятии бадахшонии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва гурӯҳе аз занони шаҳри Хоруғ бо пахши изҳорот ба ҷавонони бадахшонӣ ҳамаи онҳоро ба сабру таҳамул ва нигоҳ доштани суббот дар кишвар даъват кардаанд.
Дар изҳороти ҳизби халқии демократӣ аз ҷумла омадааст: «Ба хубӣ дарк карда истодаем, ки мо дар маҷрои дарёи пурталотуми бархурди манфиатҳо қарор дорем. Давлатҳои абарқудрат бо истифода аз ақидаҳои мухталиф, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бо ҳар восита кӯшиш доранд, ки дар кишварҳои дунё тафриқа андозанд ва ниятҳои бади худро амалӣ намоянд. Биёед, фирефтаи ҳидоятҳои авомфиребонаи доираҳои ғаразноки дохилию хориҷӣ нашуда, ба арзишҳои миллию давлатӣ арҷ гузошта, нангу номуси ватандории худро аз ҳамаи манфиатҳо болотар нигоҳ дорем, зеро ғояи маънавии мо ваҳдат, ягонагӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ободонии Ватан ва таҳкими ҳамаҷонибаи давлатдориамон мебошад.»
КДАМ: "Дар ҳамлаи шабона дар Хоруғ як нафар кушта, ду тан захмӣ шуданд"
Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон дар мавриди ҳодисаи шаби гузашта изҳоротеро пахш карда, аз ҷумла гуфт, ки "дишаб дар Хоруғ як нафар кушта шуда ва ду тани дигар ҷароҳат бардоштаанд."
Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар вилояти Бадахшон рӯзи 24-уми май дар мавриди ҳодисаи шаби гузашта изҳоротеро пахш карда, аз ҷумла гуфтааст, ки "бар асари ҳодисаи дишаб дар шаҳри Хоруғ як нафар кушта ва ду тани дигар ҷароҳат бардоштаанд."
Дар ин изҳорот, ки нимаи дувуми рӯзи шанбеи 24-уми май дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Бадахшон дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, омадааст, ки "Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дарки масъулият изҳор медорад, ки соати 00:43 дақиқаи шаби 24-уми майи соли 2014 шахсони номаълум дар ду автомошинаи сабукрав кӯшиши ҳамла ба бинои маъмурии Раёсатро карда, гранатаи дастии навъи «РГД-5»-ро ба сӯйи дарвозаи бино партофтанд. Дар натиҷаи чунин амалиёти террористӣ таркиш ба амал омад. Ҳамчунон аз яроқи тамғаи Калашников ба бинои маъмурии Раёсати КДАМ ҳуҷум карданӣ шуданд."
Дафтари матбуоти Раёсати КДАМ дар вилояти Бадахшон афзудааст, ки "наряди посбонии Раёсат, мутобиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, бо мақсади пешгирии талафоти ҷонии ҳайати шахсӣ ва муҳофизати объекти махсусан муҳими давлатӣ аз яроқи оташфишон истифода кард. Дар натиҷа яке аз ҳуҷумкунандагон Паллаев Азамат, соли таваллудаш 1994, зода ва истиқоматкунандаи хонаи 24-и кӯчаи Қирғизстони шаҳри Хоруғ дар ҷойи ҳодиса захм бардошта, ба ҳалокат расид."
Ҳамчунин, ба таъкиди ин манбаъ "иштирокчиёни ин амали террористӣ Ноёбшоев Аслишоҳ, соли таваллудаш 1986, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Сучони ноҳияи Шуғнон ва Айдарбеков Наврӯз, соли таваллудаш 1997, зода ва истиқоматкунандаи хонаи 36-и кўчаи Айнии шаҳри Хоруғ бинобар гирифтани ҷароҳати вазнин дар беморхонаи марказии вилоятӣ бистарӣ гаштанд."
Ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати КДАМ -и вилояти Бадахшон "ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса қисматҳои таркидаи гранати ҷангии РГД-5 ва теъдоди зиёди гилзаҳои қутраш 5,4 5-и автомати «Калашников» ва пистолети тамғаи «Макаров» дарёфт ва дар доираи парвандаи ҷиноятии оғозшуда ҳуҷҷатгузорӣ карда шуданд."
Ин манбаъ афзуд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна иғвоангезӣ ва эҷоди беэътимодӣ байни намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз сокинони шаҳри Хоруғ қотеъона талаб карда мешавад, ки оромию эътидолро нигоҳ дошта, аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонуние, ки ба амният ва сулҳу субот таҳдид ворид месозанд, ҷиддан худдорӣ намоянд.
Аммо дар ҳамин ҳол Алим Шерзамонов, раиси ҳизби Сотсиал-демократ дар вилояти Бадахшон, ки мегӯяд, феълан раҳбарии намоиши эътирозиро ба ӯҳда дорад, чун «амалиёти терористӣ» унвон шудани ҳамла ба бинои Кумитаи давлатии миллиро зери суол мебарад.
Зеро ба гуфтаи вай худи ҳамон шаб (шаби 24-уми май), кормандони сохторҳои қудратӣ аз навори сабтшудаи видеоӣ дидаанд, ки нафари кушташуда ва шахсони ҷароҳатбардошта ҳеҷ рабте ба ин амал надоштааст.
Ба иддаои Алим Шерзамонов, «аз сабти видеоӣ маълум аст, ки шахси ниқобпӯш норинҷакро ба дарвозаи КДАМ мезанд ва ин норинҷак дар назди пояш метаркад ва ҳатто зараре ҳам ба ӯ намерасонад. Баъд аз ин ӯ аз таппонча ба дарвоза тир холӣ мекунад ва дар пушти худи бино пинҳон мешавад. Пас аз ин ҳодиса онҳо аз даруни бино ба сӯи се нафар роҳгузар ва як мошини сабукраве, ки аз поён ба боло ҳаракат мекард ва ҳеҷ иртибот ба эътирозгарон надошатанд тир холӣ мекунанд. Мардуме, ки дар майдон буданд лаҳзае ба ҳаяҷон афтоданд. Аммо мо онҳоро ором кардем ва се чор нафари калонсолро ба ҷойи ҳодиса фиристодем. Онҳо дар он ҷо як нафар кушташуда ва як нафари дигарро маҷрӯҳ пайдо карданд ва дарҳол ба бемористон интиқол доданд. Агар ин нафарони мо намерафтанд шояд дувуми ҳам аз ҷароҳат ҳалок мешуд. Ин амал ҳамчун як тавтеъа аз сӯи худи мақомот аст, ки бо ҳадафи тахрибкор нишон додани мардуми дар майдон ҷамъ омада роҳандозӣ шудааст.»
Мақомоти расмӣ аз шарҳи ин иддаои ҷаноби Шерзамонов ва иттилоъ дар бораи сабти видеоии ҳодиса худдорӣ мекунанд.
Ҳамзамон Алим Шерзамонов гуфт, дар пайи ин ҳодиса субҳи 24-уми май бо раиси вилоят ва раиси шаҳри Хоруғ ба муддати 10 дақиқа мулоқот анҷом додааст. Дар ҷараёни ин гуфтушунид аз ӯ талаб шудааст, ки гирдаҳамоӣ пароканда шавад ва ҳукумати вилоят дар навбати худ талаботи эътирозгаронро баррасӣ хоҳад кард.
Аммо Алим Шерзамонов мегӯяд, «ман гуфтам аз миёни он талабот ҳадди аққал яке аз онҳо, яъне даъвати оҷилии сесияи шаҳрӣ ва дар он қонунӣ донистани гирдиҳамоии чандрӯза иҷро шавад, то ман назди мардум бароям. Аммо дар ҷавоб ба ман гуфтанд, ки иҷрои ин талабот дар солоҳияти мо нест ва мо бояд бо «боло» машварат кунем."
Ба гуфтаи Алим Шерзамонов, онҳо то ба ҳол ба ин дархости худ посух дарёфт накардаанд, ва таҷаммӯи мардум ҳамоно дар майдони назди ҳукумати шаҳр мунтазир мондаанд.
Дар ҳамин ҳол Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Точикистон дар Вилояти Бадахшон дар изҳороти худ бо қотеъияти том изҳор кард, ки ба тамоми кӯшишҳои ашхос ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки ба мақсади зарар расонидан ба кормандони КДАМ, шахс, ҷамъият ва объектҳои муҳими давлатӣ равона карда мешаванд, тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон, ҳамзамон, посухи сазовор дода мешавад.
Тирпаронии навбатӣ дар Хоруғ
Тибқи хабарҳои расида бар асари тирпаронии шаби гузаштаи 23 ба 24-уми май дар шаҳри Хоруғ як нафар кушта шуда ва ду тани дигар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд.
Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки бар асари тирпаронии шаби гузаштаи 23 ба 24-уми май дар шаҳри Хоруғи маркази вилояти Бадахшон як нафар кушта ва ду тани дигар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд.
Як сокини шаҳри Хоруғ рӯзи шанбеи 24-уми май дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки "ҳодиса замоне иттифоқ афтод, ки Фурайдун Абдурасулов, захмии ҳодисаи рӯзи 21-уми май дар бемористон фавтид ва гурӯҳе аз мардуми гирдиҳамомада дар майдони назди ҳукумати шаҳри Хоруғ соатҳои 1 шаб ба сӯи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Бадахшон рафтанд ва дар роҳ тирпаронӣ шуда ва бар асари он яке аз норозиён кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд."
Фурайдун Абдурасулов, яке аз нафароне буд, ки мақомот бо гумони муомилоти маводи мухаддир вайро рӯзи 21-уми май дастгир карда буданд ва ҳангоми тирпаронӣ ҷароҳат бардошта буд.
Ба иттилои ин сокин, аз ин ҷавон, яке аз маҳаллаи Хоруғи Боло, Шошхоруғ ва севумӣ аз маҳаллаи УПД будааст.
Дар ҳамин ҳол гирдиҳамомадагони майдони назди ҳукумати шаҳри Хоруғ мунтазири ҷасади Фурайдун Абдурасулов, ҷавони фавтида дар бемористон ҳастанд, ки ҷанозаи он хонда шавад.
Аммо масъулони ҳукумати вилояти Бадахшон бо он ки тирапаронии шаби гузаштаро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ки ба иттилои онҳо ду нафар ҷароҳат бардошта ва ҳоло дар бемористон мебошанд.
Амрихудои Дамдор, муовини аввали раиси вилояти Бадахшон рӯзи 24-уми май зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки "воқеа соати 1 шаб шуда ва тибқи маълумотҳо ду нафар захмӣ шуданд ва ҳоло дар бемористон бистарӣ ҳастанд. Аммо ахбори аниқ нест, ки ҳодиса чӣ гуна иттифоқ афтодааст. Гуфтушунид идома дорад ва комиссияи ҳукуматӣ ва гурӯҳи муштарак кор карда истодааст."
Ба таъкиди ҷаноби Дамдор, бо он ки гуфтушунид миёни намояндагони ҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гурӯҳи гирдиҳамомада идома дорад, аммо то ҳол ҳеҷ нафаре расман раҳбарии мардуми таҷапммӯъкарда дар майдони назди ҳукумати шаҳри Хоруғро бар дӯш нагирфтааст.
Аммо як манбаъ аз сохторҳои қудратӣ ба хабаргузории Азия Плюс гуфтааст, ки тирпаронӣ дар пайи ҳамлаи эътирозгарон ба кумитаи амнияти миллӣ дар Хоруғ сурат гирифтааст. Ин манбаъ аз сохтори қудратӣ, афзудааст, ки ба ҷониби бинои кумитаи амнияти миллӣ аз тарафи ҳамлагорон ду норинҷак партоб ва аз силоҳи оташфишон оташ кушода шудааст. Дар натиҷа, маъмурони амниятӣ оташ ҷавобӣ кушодаанд, ки дар маҳҳалӣ ҳодиса ду ҳамлагар кушта шудааст. Аммо ҳувияти онҳо ҳанӯз ошкор нагардидааст. Ҳамчунин ба гуфтаи ин манбаъ, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишотро шурӯъ кардааст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки рӯзи гӯзашта Алим Шерзамонов, раҳбари созмони бадахшонии Ҳизби Сотсиал - Демократи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз кушта шудани ҷиянаш дар ҳодисаи рӯзи 21-уми май раҳбарии гурӯҳи эътирозгарон дар шаҳри Хоруғро бар дӯш гирифтааст.
Ба гуфтаи Амрихудои Дамдор, дар ҳоли ҳозир амният дар шаҳри Хоруғ таъмин аст ва ҳеҷ нируи иловагӣ ба маркази вилояти Бадахшон ворид нашудааст ва тартибу низом дар майдон тавассути ҷомеаи шаҳрвандӣ зери контрол аст ва мақомот талош доранд, то аз тариқи музокирот ва аз муосилматомез қазияро дар зудтарин фурсат ҳал кунанд.
Ҷаноби Дамдор сару садои марбут ба он ки теъдоди мардуми гиридҳамомада бо шумули сокинони маҳалҳои атрофи Хоруғ афзоиш ёфта ва хаймаҳо низ бештар шудааст, рад кард ва гуфт, ки ҳоло теъдоди ками онҳо дар ҳудуди 30 нафар боқӣ мондаанд.
Муовини аввали раиси ҳукумати вилояти Бадахшон гуфт, ки комиссияи ҳукумати ва гуруҳи муштараки ҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ сари талаботи мардуми гирдиҳамомада кор бурда истодаанд ва бархе аз талабҳо аллакай иҷро шудаанд.
Вай хабарҳоеро, ки гӯё кормандони ҳукумат дар Бадахшон бо таваҷҷӯҳ ба қазияи ахир таътил шудаанд, рад кард ва гуфт, ки тамоми сохторҳои ҳукумати вилояти Бадахшон ва шаҳри Хоруғ шабонарӯзӣ сари кор ҳастанд ва ҳатто рӯзи шанбе ва якшанбе низ фаъолияташонро қатъ нахоҳанд кард.
Зимнан, рӯзи 21 май дар назди Раёсати корҳои дохилии Хоруғ тирандозие ба амал омад, ки дар натиҷаи он 3 нафар кушта ва 6 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ин даргирӣ ҳангоми талоши боздошти як гурӯҳи гумонбаршуда дар қочоқи маводи мухаддир ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи он як корманди полис кушта ва як коромӯз захмӣ гаштааст.
Ба дунболи ин тирпарронӣ, издиҳоме аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти ходимони ОМОН ба назди бинои идораи умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд ва бинои пулису амният ва додситонӣ ва ҳамчунин ду мошини пулису як мошини марбут ба як корманди додситониро оташ задаанд.
Ин навори видеоӣ аз рафти гирдиҳамоии шоми 22-уми май дар маркази Хоруғ аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад