Имзои созишнома миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон

Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов ва Шавкат Мирзиёев

Раҳбарони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон созишномаро дар бораи нуқтаи пайванди марзҳои се кишвар имзо карданд. Маросим рӯзи 31-уми март дар вилояти Суғд баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ин рӯйдодро “бисёр муҳим” хонд. Ӯ гуфт, “мо дар Тоҷикистон ба муносибат бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояи накӯҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем.”

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон бо сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳастанд.

Дар ин рӯз Тоҷикистон бо Узбекистон созишномаро "Дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ" имзо кард.

Тоҷикистон ва Қирғизистон бар иловаи табодули санад дар бораи созиши марзӣ хати интиқоли барқи 500 кВ “Датка – Суғд”-ро ба истифода доданд.

Ин хат дар доираи татбиқи тарҳи CASA-1000 сохта шудааст, ки содироти барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистон ва Покистон дар назар дорад.

Ҳар се кишвари Осиёи Марказӣ дар гузашта бар сари таъйини марз ва убуру мурур аз қаламравҳои якдигар мушкил доштанд. Ин номуайянӣ дар чор соли пеш дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон сабаби задухӯрдҳои мусаллаҳона гашт ва аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт.

Имзои созишномаи марзӣ дар аввали моҳи марти имсол имконпазир шуд. Ҳарчанд ҷониби Қирғизистон баъзе ҷузъиёти шартномаро расонаӣ кард, Тоҷикистон дар ин бора ҳарфе нагуфтааст.

Крис Риклтон, рӯзноманигор ва таҳлилгари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, чанде пеш дар як матлаби муфассал навишт: "Дар Тоҷикистон ибрози норизоиятӣ ва ба чолиш кашидани созишномаи марзӣ тақрибан номумкин аст. Дар даҳаи гузашта мухолифони сиёсӣ дар кишвар ба тамом аз байн рафтанд. Дар ҳоле ки худкомагӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҳоли афзоиш аст, таъкиди бештар ба ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа раванди мусбате аст, ки маъмулан бидуни ёрии хориҷӣ сурат гирифтааст."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Муомилаи таърихӣ? Имзои созишномаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз ҳазор километр сарҳад доранд. Зиёда аз 519 километри он то соли 2011 мувофиқа ва беш аз 486 километри боқимонда дар се соли охир мушаххас шудааст.

Тӯли марзи давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон 1332 километр аст, вале дар беш аз 25 соли раҳбарии президенти собиқ, Ислом Каримов, Тошканд омодаи баррасиву имзои созишномаи марзӣ набуд. Қарордод соли 2018 ва баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв тасвиб шуд.