Ҳукумати Тоҷикистон воридоти садҳо тонна маҳсулотро ба кишвар, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз озод кардааст. Радиои Озодӣ 6-уми апрел бо муҳтавои қарори ҳукумат дар ин бора шинос шуд.
Бар асоси ин санад, Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ бе пардохтани боҷи давлатӣ ва танҳо бо супоридани ними андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ин маҳсулотҳоро ба кишвар ворид мекунад:
- 100 ҳазор тонна гандум
- 2 ҳазор тонна орд
- 30 ҳазор тонна шакар
- Ҳазор тонна равғани растанӣ
- Ҳазор тонна биринҷ
- 2 ҳазор тонна гушт
- Ҳазор тонна гӯшти қимаи мурғ
- 100 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ
- 100 ҳазор тонна бензин
Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз додани имтиёз ба Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ, муътадил нигоҳ доштани арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва сӯзишворӣ аст. Аммо соҳибкорон ва коршиносони иқтисодӣ, додани имтиёз ба як идораи давлатиро, ки иштирокчии бозор аст, хилофи рақобат медонанд.