Додрасҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол 94 ҳазор парвандаро баррасӣ карда, ягон ҳукми "сафед" набароварданд. Яъне, аз миёни гумонзадҳо касеро бегуноҳ надонистанд.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми август дар нишасти матбуотӣ инро натиҷаи "назорати ҷиддии додситонӣ" ва "беҳтар шудани кори мақомоти тафтишотӣ" донист.
Ин дар ҳолест, ки баъзе аз ҳуқуқдонҳо ва наздикони маҳкумшудаҳо аз мурофиаҳои паси дарҳои баста, дастрасӣ надоштан ба вакилони мудофеи мустақил ва иқрори гуноҳ зери шиканҷа шикоят доранд.
Дар аксар кишварҳои дунё пас аз баҳсҳои дароз, дар сурати собит нашудани айбе, ки мақомоти тафтишотӣ пешниҳод кардаанд, боздоштшудаҳо бегуноҳ эълон ва озод мешаванд.
Соли 2023 додрасҳо дар минтақаҳои Тоҷикистон, ба истиснои вилояти Суғд, даҳ ҳукми "сафед" содир карда буданд.