Иморот: Ҷасади хохоми яҳудиро пайдо карданд

Акс аз бойгонӣ

Хохом ё рӯҳонии яҳудӣ Тсви Коганро, ки аз соли 2020 дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ зиста, рӯзи 21-уми ноябри имсол нопадид шуда буд, мурда пайдо карданд.

Мақомот гуфтанд, ӯ кушта шудааст.

Пулиси Иморот ва маъмурони иктишофии Исроил пештар фарзияи рабуда шудани ӯро баррасӣ доштанд.

Коган шаҳрвандии Исроил ва Молдоваро дошт.

Дафтари сарвазир ва Вазорати корҳои хориҷии Исроил дар паёми муштарак марги Коганро “амали даҳшатбори террористии зиддияҳудӣ” номиданд.

Онҳо қавл додаанд, ки Исроил барои ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорон, дар ҳар ҷое ҳастанд, тамоми василаҳоро ба кор хоҳад бурд.

Оҷонси амнияти миллии Исроил ба шаҳрвандони ин кишвар маслиҳат додааст, ки муваққатан ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ нараванд.