Гулбаҳор Маҳкамова ба иншои рисолаи докторӣ машғул аст ва ба ҳамин хотир тасмим гирифтааст, ки аз мақоми раҳбари кулли “Имон Интернешнл” канор равад. Масъулони ташкилоти “Имон Интернешнл” рӯзи 9-уми феврал бо нашри як изҳорот дар ин бора хабар доданд. Онҳо гуфтанд, ки Маҳкамова ин шабу рӯз ба навиштани кори илмиаш идома медиҳад.
Дар изҳороте таҳти унвони “Имон Интернешнл рушди босуботи худро идома медиҳад”, навишта шудааст, ки Шӯрои нозирон қарори аз мақом рафтани Гулбаҳор Маҳкамоваро “эҳтиром ва дарк мекунанд”.
Нахустин шарҳи расмӣ
Дар матн, аз ҷумла, омадааст: “Мо ба фаъолияти Гулбаҳор Маҳкамова, ки муассису сармоядори “Имон Интернешнл” мебошад ва дар 18 соли ахир дар мақомҳои раҳбарии ин ширкат кор карда, онро ба як муассисаи пешрави молӣ дар кишвар табдил додааст, баҳои баланд медиҳем. Бояд таъкид кунем, ки Гулбаҳор Маҳкамова дар оянда ҳам ба рушди стратегии ташкилот ва ҳам таъмини дарозмуддати он ба ҳайси як ширкати сармоягузор мусоидат хоҳад кард.”
Ин нахустин шарҳи расмии тасмими аз мақом рафтани Гулбаҳор Маҳкамова дар ташкилоти молии “Имон Интернешнл” мебошад. Иҷрокунандаи вазифаи раҳбари кулли ин ташкилот Зокир Абдрашитов таъин шудааст, ки дар гузашта узви Шӯрои нозирони ин ширкат ба ҳисоб мерафт.
Абдурашитовро, ки ба навиштаи “Имон Интернешнл” таҷрибаи кор дар созмонҳои молиявии Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро дорад, як шаҳрванди хориҷӣ меноманд.
Дар изҳороти “Имон Интернешнл” таъкид мешавад, ки дар мӯҳлати раҳбарии Гулбаҳор Маҳкамова дороиҳои (активы) ин ташкилот дар соли 2017-ум 25 дарсад афзуда, теъдоди муштариён ба 120 ҳазор нафар расидааст. Ҳамчунон гуфта мешавад, “Имон Интернешнл” ягона ташкилоти молиявии Тоҷикистон аст, ки дар ду соли охир тавонистаааст, сармояашро тавассути ҷалби сармоягузорони хориҷӣ афзоиш бидиҳад.
Эсхата: “Ҷойивазкунии кадрҳо ба хотири пешрафти минбаъда”
Баъди сарусадои зиёд дар бораи тағйирот дар сатҳи раҳбарии ду муассисаи хусусии муваффақе дар Тоҷикистон, рӯзи 5-уми феврал масъулини Бонки Миллӣ дар вилояти Суғд гуфтанд, тағйирот дар сатҳи раҳбарияти бонки "Эсхата" ва ташкилоти қарздиҳии “Имон Интернешнл” бо тавсияи онҳо сурат гирифтааст. Раҳбарии "Эсхата"-ро то чанде пеш Хуршед Носиров бар дӯш дошт ва акнун идоари бонк ба дасти Акбар Назаров гузаштааст.
“Эсхата” рӯзи 9-уми феврал дар як изҳорот гуфтааст, “тағйироти кадрӣ як қадаме барои рушди минбаъда аст ва ба фаъолияти ҷории бонк таъсире нахоҳад гузошт”. Акбар Назаров, дорандаи унвони МBA, ба ҳайси сармуҳосиб ва муовини роҳбари мудирони бонк фаъолият доштааст. Назаров аз 27-уми январи соли равон иҷрокунандаи бонки “Эсхата” аст.
"Тағйирот иҷборӣ набуд"
Наврӯз Валиев, раҳбари намояндагии Бонки миллӣ дар вилояти Суғд дар нишасти хабариаш рӯзи 5-уми феврал гуфт, ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки чанд санҷиш дар фаъолияти ин ниҳодҳои молӣ камбудҳоро дар паҳлӯҳои гуногуни фаъолияташон ошкор кард. Ӯ афзуд, соҳибони саҳмияҳои ин ниҳодҳои молӣ ба хотири ҷалби кадрҳои наву ҷавони худ ба вазифаҳои раҳбарӣ ва ислоҳи камбудҳо раҳбарони худро иваз карданд.
19 соли "Имон Интернешнл"
Муассисаи “Имон интернешнл”, ки соли 1999 арзи ҳастӣ кардааст, яке аз ташкилоти қобили эътимод ва мувваффақи молӣ ба ҳисоб меравад, ки аз пуштибонии шарикони байналмилалӣ бархӯрдор аст ва дар шӯрои нозиронаш намояндагони муассисаҳои хориҷӣ шомил ҳастанд.
Бо шурӯи кор ба ҳайси як барномаи иҷтимоӣ соли 2008 ин ширкат ба ҳайси ташкилоти хурди молиявӣ фаъолияти худро идома дод. Дар оғози таъсисаш сармояи оиинномавии “Имон интернешнл” 100 миллион сомонӣ буд. “Имон Интернешнл” айни замон бо муҷаввизи Бонки Миллӣ ҳуқуқи ҷалби амонатҳои мардумро низ дорад.
Дар миёни саҳомони байналмилии ин муассисаи молӣ ташкилоти хурди қарзии Triple Jump (Ҳолланд) ва ташкилоти хурди молиявии Alternative Fund (Люксембург) низ мебошанд.