Сандуқи байналмилалии пул (IMF) мегӯяд, ки музокирот дар бораи додани қарзи нав ба Тоҷикистон тақрибан ниҳоӣ шудааст. Юҳа Каҳконен - муовини мудири департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии IMF - гуфт, баҳси асосии музокирот дар бораи низоми бонкии Тоҷикистон аст.
Сандуқи байналмилалии пул дар соли 2008 пас аз як арзёбии ширкати “Ernst&Young”, Бонки миллии Тоҷикистонро ба ироаи маълумоти барғалат ба хотири дарёфти 47 миллион доллар қарз аз ин созмон муттаҳам карда буд.
Дар пайи буҳрони иқтисодии ду соли охир баъзе аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон, ба мисли "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк", пардохтпазирии худро аз даст доданд. Феълан "Тоҷиксодиротбонк"-ро мудирияти муваққатӣ идора мекунад ва, бино ба гузоришҳо, давлат барои наҷоти "Агроинвестбонк" сармоя ҷудо кардааст. Юҳа Каҳконен дар Алмаато гуфтааст, бонкҳои Тоҷикистон сармояи кофӣ надоранд ва нисфи қарзҳои додаи онҳо ба мизоҷон то ҳол баргардонда нашудаанд.
Юҳа Каҳконен дақиқ нагуфтааст, ки дар музокирот ироаи чӣ қадар қарз ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад, вале афзудааст, "бо ҷониби Тоҷикистон пешрафтҳое ҳосил шудааст ва интизор меравад, ин гуфтугӯ моҳҳои наздик ниҳоӣ шавад."
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон, моҳи феврали имсол дар мусоҳиба бо нашрияи "Financial Times" гуфта буд, Тоҷикистон ба хотири муқобила бо таъсири бӯҳрони иқтисодии Русия имкони дарёфти то 500 миллион доллар кумак аз Сандуқи байналмилалии пулро баррасӣ мекунад. Ба дунбол Аҳмад Масъуд, намояндаи аршади ин ниҳоди молӣ гуфт, ҳанӯз шарҳи ҳаҷми маблағи кумак ба ҳукумати Тоҷикистон каме барвақт аст.
Сандуқи байналмилалии пул баъдан дар як иттилоияи расмӣ таъкид кард, танҳо дар сурате ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард, ки агар мақомот барномаи муаасири ислоҳоти иқтисодиро рӯи даст гиранд. Ба ибораи дигар, Сандуқи байналмилалии пул танҳо дар сурати ислоҳот ва ё реформаҳо омодааст, ба Тоҷикистон ёрии молӣ расонад.
Манзур иҷрои 11 тавсияе будааст, ки Сандуқи байналмилалии пул бо Тоҷикистон дар миён гузоштааст. Ин ниҳоди молӣ ба Тоҷикистон тавсия додааст, аз таҷрибаҳои хуби байналмилалӣ дар заминаи муқовимат бо бӯҳронҳои иқтисодӣ истифода кунад ва ниҳодҳои иловагиеро барои суботи иқтисодӣ таъсис диҳад. Аз ҷумла, ба Тоҷикистон тавсия шудааст, монополияи ширкатҳои давлатии суғуртаро аз байн бибарад ва ҳамчунин як ниҳоди мустақилеро таъсис бидиҳад, ки салоҳияти танзими соҳаи суғуртаро дошта бошад.
Таъсиси як шуъбаи махсуси "устувории молӣ дар назди Бонки миллӣ" бо салоҳияти пешбурди сиёсати коҳиши буҳронҳо аз тавсияҳои дигари Сандуқи байналмилалии пул будааст. Ҳайати намояндагони Сандуқи байналмилалии пул моҳи майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон омад ва имконияти пуштибонии молии ин кишварро бо мақомот дар Душанбе баррасӣ кард. Сафари ҳайати мазкур ба раҳбарии Пол Росс аз 5 то 11 май идома кард ва дар ҷараёни ин сафар ҳайати масъулини СБП бо вазъи иқтисодиву молии кишвар аз наздик ошно шуданд.
Тоҷикистон, ки дар солҳои охир аз Чин кумакҳои саршоре ба даст оварда буд, ба ёриҳои Сандуқи байналмилалии пул ва дигар ниҳодҳои байналмилалии молӣ, ки аксаран таҳти шартҳои сахт ва дар ивази анҷоми ислоҳоти мушаххас дода мешаванд, таваҷҷӯҳи чандон нишон намедод.
Сандуқи байналмилалии пул дар соли 2008 пас аз як арзёбии ширкати “Ernst&Young”, Бонки миллии Тоҷикистонро ба ироаи маълумоти барғалат ба хотири дарёфти 47 миллион доллар қарз аз ин созмон муттаҳам карда буд. Он замон Бонки миллӣ айбномаро қабул карда, ризоият дод, ки ин қарзашро қабл аз муҳлат баргардонад. Пас аз ин моҷаро Сандуқи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон қарзу кумакҳои қобили мулоҳиза намедиҳад ва асосан бо расондани кумакҳои фаннӣ ҷиҳати рушди ниҳодҳои Тоҷикистон иктифо мекунад.
Тоҷикистон аз соли 1993 узви Сандуқи байналмилалии пул аст ва дар ин муддат аз ин ниҳод ба маблағи тақрибан 200 миллион доллар қарзу ёриҳо дарёфт кардааст. Дар сомонаи намояндагии Сандуқи пул дар Душанбе гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир қарзи пардохтношудае аз ин ниҳод надорад.