Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки ду бонки азими дучори мушкил – "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро барҳам диҳад. Дар изҳороти расмии созмон, ки рӯзи 14-уми сентябр нашр шуд, ин бонкҳо "низомсоз, вале пардохтнопазир" ном бурда шудаанд.
Тоҷикистон дар гузашта "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк"-ро муфлис эълон карда ва барҳам дода буд.
Изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки и Сандуқи Байналмилалии Пул гуфтааст, Падамҷа Ханделвал, роҳбари ҳайати созмон, аз 18-уми август то 3-юми сентябр "дар як сафари виртуалӣ ё маҷозӣ дар Тоҷикистон қарор дошт".
Яъне, Ханделвал дар асл ба Тоҷикистон сафар накарда, тавассути Интернет ва онлайн бо мақомдорони бахши иқтисоди ҳукумати Тоҷикистон вазъи иқтисоди кишварро баррасӣ кардааст.
Дар изҳороти созмон марбут ба Тоҷикистон омадааст, таъсири пандемияи коронавирус ба сиҳатии омма "хуб пешгирӣ шуд", аммо дар бахши иқтисод чанд чолишро ба миён овард, аз ҷумла, кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон ва мушкилоти савдо бо шарикони калидӣ.
Дар идома созмон зарурати ҳалли мушкили камбуди асъорро зикр кардааст. Дар Тоҷикистон айни замон мушкили камбуди доллар ба мушоҳида мерасад ва дар назди бонкҳо, ки ба як нафар аз 200 доллар бештар намефурӯшанд, навбатпоӣ ба чашм мерасад.
Сандуқи Байналмилалии Пул дар баробари чораҳои дигар тавсеа додани Фонди суғуртаи амонатҳо ва барҳамдиҳии "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро тавсия медиҳад.
Ин бори чандум аст, ки СБП ба Тоҷикистон тавсия мекунад, ки ду бонки пардохтнопазирро барҳам диҳад.
"Тоҷиксодиротбонк" ва “Агроинвестбонк” аз соли 2015 инҷониб дучори буҳрон шуда, дар бозгардони пасандози амонатгузоронашон оҷиз монданд. Охири соли 2016 ҳукумат ба ин бонкҳо зиёда аз 3,3 миллиард сомонӣ ёрии молиявӣ кард, вале ин миқдор маблағ ду бонкро аз вазъияти буҳронӣ наҷот надод.
Даҳҳо муштарӣ аз ин ду бонк инак панҷ сол боз амонатҳои худро бозпас гирифта наметавонанд.