Шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24” рӯзи 11-уми август эълом кард, ки узвияти Убайдулло Носиров, машҳур ба Убайдулло Саидиро “бо сабаби пойбанд набудан бо оинномаи ҳаракат” бекор кард.
Убайдулло Саидӣ (Носиров) даъво дорад, ки “ғайриқонунӣ” ронда шуд, аммо қасд дорад “номзадии худро ба вазифаи раҳбари нави созмон пешниҳод кунад”. Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24”, ки дар Туркия ба таври мармуз нопадид шуда буд, дар боздошт ва дар Тоҷикистон аст. Дар ҳоли ҳозир раёсати ҷунбиши мухолифро Ҳусейн Ашӯров бар уҳда дорад.
Як масъули созмони “Гурӯҳи 24” рӯзи 12-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Убайдулло Саидӣ аз ин ба баъд ба созмони онҳо ҳеч иртибот надорад ва “масъули аъмол ва кирдораш танҳо худи ӯ хоҳад буд”. Аз ин бештар тафсилот надод. Маълум нест, байни ду тараф чӣ гузашта.
Убайдулло Саидӣ рӯзи 12-уми август гуфт, ки Шӯрои ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” интихобӣ аст ва аъзои он дахлнопазиранд. “Танҳо дар сурати хиёнат ба ҳаракат ваколати ӯ ботил карда мешавад. Сипас хориҷ мекунанд. Чизе, ки дар қарори 11-уми август вуҷуд надошт ва тибқи оинномаи ҳаракат сурат нагирифт,” – афзуд ӯ.
Саидӣ сабаби чунин бархӯрдро ин гуна шарҳ дод: “Аз ман хостанд, ки чанд сирро бигӯям, вале худдорӣ кардам. Чанд узви Шӯро маро таҳқир карданд. Талаб кардам, ҷаласа баргузор шавад ва ин тарзи рафтор баррасӣ гардад, вале дар иваз узвияти маро қатъ карданд.”
Ӯ мехоҳад, ҷаласаи Шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24” баргузор шуда, “шахсоне, ки чунин тасмим гирифтанд, муҷозот шаванд.” Ба қавли Убайдулло Саидӣ, пас аз як моҳ раиси нави созмони “Гурӯҳи 24”-ро интихоб мекунанд ва ӯ қасд дорад яке аз номзадҳо бошад. Вай се сол боз узви раёсат ва сухангӯйи "Гурӯҳи 24" будааст.
Дар ҳоли ҳозир Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насимҷон Шарифов, фаъоли дигари ин созмони мухолифи ҳукумат, дар боздошт ва дар Тоҷикистон ҳастанд. Онҳо дар моҳҳои феврал ва марти имсол дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуда буданд.
Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 9-уми август гуфт, онҳо дар Душанбе ҳастанд ва парвандаашон дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст. Ӯ чӣ гуна аз Туркия ба Тоҷикистон оварда шудани онҳоро нагуфт. Масъулони “Гурӯҳи 24” ва баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, ба мисли Freedom House ё Хонаи Озодӣ бовар доранд, ки “онҳо рабуда шудаанд”.
Фаъолияти “Гурӯҳи 24”, ҷунбиши мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ”-ст. Ҳарчанд масъулонаш созмонро сиёсӣ ва фаъолияти онро дурусту қонунӣ медонанд, то ин дам ба гуноҳи пайравӣ аз “Гурӯҳи 24” даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар боздошт ва бархе ба муддати дароз зиндонӣ шудаанд.