Назарзода дар посух ба пурсишҳои батакрори хабарнигори Радиои Озоди гуфт, ихроҷи тоҷикистониҳо дар моҳҳои аввал (манзур баъди ходисаи “Крокус”) буд.
Дар ҳоле, ки муҳоҷирон мегӯянд, баъди моҳи март онҳоро бидуни сабаби дақиқ аз фурудгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон бозпас мефиристанд, директори Оҷонсии ҳавонавардӣ инро ба дуруст набудани санадҳои рабт дод.
"Сабаби иҷозат надодан, надоштани ҳуҷҷати лозима буд. Даъваткунанда маълум нест, ҷойи корӣ маълум нест. Ҳамин 95-99 дарсади шаҳрвандон медонанд куҷо даъват шудаанд, баъзеяш намедонам, шояд худашонро гум мекунанд, наметавонанд ба савол посух додан, сабабаш ҳамин, ягон сабаби сиёсӣ ё душвор надорад",-гуфт Назарзода.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Масъалаи ихроҷи муҳоҷирон баҳси гармеро дар нишасти хабарии Оҷонсии ҳавонавардӣ ба миён овард. Баъзе хабарнигорон ба ҳарфҳои Ҳабибулло Назарзода дар бораи сабаби ихроҷи муҳоҷирон розӣ нашуданд.
Аммо мудири Оҷонсии ҳавонавардӣ талош кард хабарнигоронро мутақоид созад, ки сабаби ихроҷи тоҷикистониҳо мушкил дар ҳуҷҷатҳои онҳо аст ва масъала "ягон сабаби сиёсӣ надорад".
Баъд аз 20-уми июни имсол шикояти муҳоҷирони тоҷик дар бораи мушкил шудани вуруд ба Русия зиёд шудааст. Даҳҳо муҳоҷир шикоят кардаанд, ки онҳоро дар фурудгоҳҳои Русия ва ҳам гузаргоҳҳои заминии ин кишвар бо баҳонаҳои гуногун нигоҳ медоранд.
Як қисми ин муҳоҷиронро аз фурудгоҳҳо дубора ба Тоҷикистон ихроҷ ё депорт мекунанд. Аз ҷумла рӯзи 8-уми июл 59 шаҳрванди Тоҷикистонро аз фурудгоҳи Шереметово ба шаҳри Бохтар бозпас фиристоданд.
Мақомоти Тоҷикистону Русия дар бораи сабабҳои пеш омадани вазъ расман чизе нагуфтанд.