Гулнора Ҳасанзода, вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон, бо эълони ин рақам аз афзоиши "рейд" ва санҷиши мақомоти Русия хабар дод. Ин вазъ, ба гуфтаи ӯ, дар пайи ҳамлаи маргбор ба толори "Крокус Сити Ҳол"-и Маскав дар моҳи март пеш омада, ҳанӯз идома дорад.
"Бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла қонуншиканиҳои пешина, риоя накардани қоидаи муҳоҷират, надонистани забон ва одоб шаҳрвандонро аз қаламрави он кишвар бозпас фиристода истодаанд," – гуфт Гулнора Ҳасанзода рӯзи 6-уми август ба хабарнигорон.
Вазир нагуфт, ки тоҷикон ҳадафи ситези амдии мақомоти давлатии Русия қарор гирифтаанд. Пештар даҳҳо муҳоҷир шикоят доштанд, ки мақомоти Русия гоҳе онҳоро беасос ва барқасдона дастгир ва аз ин кишвар берун кардаанд. Як бахши умдаи ихроҷҳо дар фурудгоҳҳои Русия ба амал омадааст.
Шарофиддин Хоҷаев, сокини шаҳри Душанбе, аз ҷумлаи онҳоест, ки ба қавли худаш борҳо шоҳиди санҷишҳои беасоси мақомоти рус гаштааст: "Сари вақт ҳуҷҷатҳои даркориро намедиҳанд, вале ҳамзамон барои надоштани ҳуҷҷат берун мекунанд. Ҳуҷҷат дошта бошӣ ё не, ғам медиҳанд. Аз чанд ҷиҳат мушкил аст."
Дар Вазорати кору муҳоҷират гуфтанд, барои ҳалли мушкили муҳоҷирон бо мақомоти Русия гуфтугӯ доранд, вале дақиқан нагуфтанд, ки ҳосилаш чист.
Ҷомеашинос Музаффар Олимов чанде пеш дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ дар бораи дарёфти масирҳои нави муҳоҷират таъкид карда буд: "Мардум ва мақомот дар сатҳҳои гуногун бояд фикр кунанд, ки Русия ҷое нест, ки абадан барои мо сабаби таъмини рӯзгор ва сабаби таъмини зиндагӣ бошад."
Олимов таъсиси корхонаҳои бузурги саноатӣ ва ҷалби бештари сокинонро ба кор дар дохили кишвар яке аз роҳҳои дигари ҳалли мушкил донист.
Вазири кору муҳоҷират дар нишасти хабарии 6-уми август гуфт, муҳоҷирати кории тоҷикистониҳо дар муқоиса ба нимсолаи аввали соли гузашта 16 дарсад кам ва бозгашти онҳо ба кишвар 3 дарсад бештар шудааст. Омори Тоҷикистон дар бораи теъдоди муҳоҷирон солҳои гузашта шубҳаву гумонҳоеро ба миён оварда буд.
Гулнора Ҳасанзода афзуд, барои коҳиши муҳоҷирати мардум дар ним сол беш аз 100 ҳазор ҷойи нави кор ташкил кардаанд. Мақомот ба ин монанд ҳар сол дар бораи ташкили ҷойҳои нави кор омор медиҳанд, вале мардум ба сабаби камии маош намепазиранд.
Тибқи иттилои расмӣ, бештар аз 95 дарсади муҳоҷирони кории тоҷикон ба Русия рост меояд ва ин кишвар як манбаи асосии даромади хонаводаҳо ба шумор меравад. Ихроҷи пайиҳами муҳоҷирон ва худдории бахше аз онҳо аз сафар ба Русия вазъи баъзе аз оилаҳоро дар Тоҷикистон мушкил кардааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад