Идомаи муҳокимаи чеҳраҳои шинохта пинҳон аз чашми мардум

Дар акс: Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдулфайз Атоӣ

Баррасии парвандаи чеҳраҳои шинохта, ки бо гумони "талоши табаддулот" ва "ғасби қудрат" дар Тоҷикистон дастгир шудаанд, 21-уми ноябр дар Боздоштгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста идома ёфт.

Ба мурофиа танҳо вакилони дифои боздоштшудаҳо роҳ ёфтанд. Наздикони гумонбарон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ба далели муҳри махфӣ доштани парванда ин бор низ натавонистанд дар мурофиа иштирок кунанд.

Аз вакилони дифои гумонбарон касе ҳозир нашуд, бо хабарнигорон суҳбат кунад.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар мурофиаи имрӯз назари Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини раиси Ҳизби демократ ва Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба айбнома шунида шудааст.

Ҷузъиёти суҳбати айбдоршавандаҳо маълум нест. Мақомоти додгоҳ низ мавзуъро шарҳ намедиҳанд.

Қаблан як манбаи огаҳ аз қазия ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки боздоштшудаҳо бар асоси чор банди Кодекси ҷиноӣ: 189 (барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ), 247 (қаллобӣ), 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (талош барои ғасби қудрат) – айбдор мешаванд.

Қаблан як манбаъ ба шарти зикр нашудани номаш ба Радиои озодӣ гуфта буд, дар мурофиаи 18 ноябр назари чаҳор гумбонбар, аз ҷумла Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷӣ шунида шуд.

Ба иттилои манбаъ, "Зарифӣ гуфтааст, ӯ ба давлат хиёнат накард. Вале тасдиқ кардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо имзои мустаор менавишт, чун агар бо номи худ менавишт, назари собиқ вазири корҳои хориҷӣ фаҳмида мешуд." Дақиқ нест, ки кадом нигоштаи ӯ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Се боздоштшудаи дигар – Абдулфайз Атоӣ, сухангӯйи пешини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду сарҳанги бознишастаи амният низ дар мурофиа иттиҳоми ғасби ҳокимиятро рад кардаанд.

Боздошти чеҳраҳои шинохта дар моҳи июни имсол, пас аз дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Айбномаи боздоштшудагон аз 10-20 сол зиндон то ҳукми абадро бо мусодираи амвол пешбинӣ мекунад.