Идомаи эътирозҳо ва боздоштҳо дар Туркия

Истанбул, Туркия

Истанбул, Туркия

Пулиси Туркия чанд рӯз боз талош дорад, ки эътирозгаронро пароканда кунад. Даҳҳо ҳазор кас дар 55 вилояти Туркия бо эътироз ба боздошти Акрам Имомоғлу, раиси шаҳри Истанбул, ба хиёбонҳо рехтаанд.

Нерӯҳои пулис бо гази ашковар ва тирҳои резинӣ ба эътирозгарон ҳамла карданд.

Мақомоти Туркия гуфтанд, беш аз ҳазор нафар боздошт шуд. Касоне, ки ба иддаои онҳо, қонунро поймол ва ба кормандони пулис ҳамла кардаанд.

Эътирозгарон талаб доранд, ки Акрам Имомоғлу озод шавад.

Шаҳрдори Истанбул пас аз он дастгир шуд, ки ӯро барои ширкат дар интихоботи президентии Туркия аз номи Ҳизби ҷумҳурихоҳи мардумӣ номзад интихоб карданд. Интихобот соли 2028 бояд барпо шавад.

Баъзе аз пурсишҳои афкори умум, Имомоғлуро назар ба Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури ҳозираи Туркия, пешсаф нишон додааст.

Имомоғлуи 54-сола дар доираи як парванда бо иттиҳоми даст доштан дар фасод рӯзи 19-уми март боздошт шуд.

Муҳлати президентии Эрдуғон дар соли 2028 тамом мешавад ва ҳаққи президент шуданро надорад, вале мухолифон мегӯянд, шояд ӯ қонунро тағйир диҳад ва боз президент шавад.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи мухолифон Эрдуғон рақиби аслияшро бо баҳонаи сохта аз сабқат берун мекунад.