Дар ҳоле ки ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Туркия барои саркӯби эътирозгарон талош дорад, мардум рӯзи 29-уми март низ бо пуштибонӣ аз Акрам Имомоғлу, шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул, ба кӯчаҳо баромаданд.
Ба гузориши хабаргузории "Reuters", аз оғози эътирозҳо дар Туркия тақрибан ду ҳазор кас дастгир шудаанд.
Акрам Имомоғлу, шаҳрдори 54-солаи Истанбул, ду ҳафта қабл боздошт шуд. Мақомоти Туркия ӯро ба "ташкил ва мудирияти созмони ҷиноӣ, гирифтани ришва ва тамаъҷӯӣ" гумонзад медонанд, аммо худаш ҳамаи иттиҳомҳоро рад кардааст.
Дар гирдиҳамоии рӯзи шанбе номаи Акрам Имомоғлу ба эътирозгарон хонда шуд, ки дар он гуфтааст, "онҳо метавонанд маро дар зиндон нигоҳ доранд ва ба додгоҳ кашанд, аммо миллат нишон дод, ки ҳамаи домҳо ва тавтеаҳоро аз байн мебарад."
Боздошти Акрам Имомоғлу як иқдоми сиёсӣ барои берун кардани ӯ аз сабқати интихоботи президентӣ арзёбӣ мешавад. Ҳукумат исрор дорад, ки додгоҳҳои Туркия мустақил ҳастанд.
Баъзе аз назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки Имомоғлу аз Эрдуғон маъруфтар аст.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон ду дафъа президенти Туркия интихоб шудааст ва пеш аз он сарвазири ин кишвар буд. Агар ӯ мехоҳад, ки дигарбора дар интихоботи президентӣ номзад шавад, ё бояд интихоботи пеш аз муҳлат гузаронад ва ё Қонуни асосиро тағйир диҳад.