Дар Хуҷанд насби камераҳои видеоии назоратӣ дар биноҳои маъмурӣ, корхонаву муассисаҳо ва хиёбонҳои асосӣ оғоз шуд.
Видеокамераҳои рақамӣ нахуст дар даромадгоҳ ва канори биноҳои додситониву амниятӣ ва бархе корхонаву фурӯшгоҳҳои бузург насб шудааст.
Маҳмудҷон Иброҳимов, сухангӯи раиси шаҳрдории Хуҷанд гуфт, камераҳои назорати видеоӣ барои беҳбуди таъмини бехатарии шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ гузошта мешавад. Вай афзуд, ки чуни камераҳо ба муассисаву корхонаҳои давлатӣ ва сари роҳу кӯчаҳо аз маблағи буҷа ва ба корхонаву фурӯшгоҳҳои хусусӣ бо маблағи соҳибони он гузошта мешавад.
Фирори гурӯҳи зиндониён аз маҳбаси Душанбе, таркишҳои интиҳорӣ дар Хуҷанду Исфара ва ҷилавгирӣ аз таркишҳои террористӣ дар маркази вилояти Суғд, зарурати истифода аз таҷҳизоти назоратии видеоиро ба вуҷуд овардааст.
Ба гуфтаи мақомоти Суғд, насби видекамераҳо дар Хуҷанд қадами аввал буда, дар оянда дар шаҳрҳои дигари ин вилоят низ ведокамераҳои назоратӣ насб хоҳад шуд.
Ҳарчанд ин иқдом ба манзури таъмини амният гирифта шудааст, вале аз сӯи дигар ба назари таҳлилгарон то ҷое ҳуқуқҳои шаҳрвандонро нақз хоҳад кард.
Зеро ба гуфтаи ин соҳибназарон, бо насби ин камераҳои назоратӣ шаҳрвандони оддӣ дар кӯчаву хиёбонҳо худро озод ҳис намекунанд ва мояи ташвиши онҳо хоҳад шуд.