Ҳузури Раҳмон ва раҳбарони дигар дар нишасти Русия баёнгари чист?

Қазон, 23-юми октябри 2024

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23-юми октябр ба Қазон рафт, то дар нишасти кишварҳои узви BRICS ширкат кунад. Созмонро Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Африқои Ҷанубӣ дар соли 2009 созмон додаанд. Тоҷикистон узви он нест.

Нишасти BRICS дар шароите баргузор мешавад, ки Русия ба далели таҷовузаш ба хоки Украина дар инзиво қарор дорад. Аз ин рӯ, Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, даъвати раҳбаронеро ба мисли Эмомалӣ Раҳмон ба нишаст бештар намоишӣ медонад.

Ӯ рӯзи 23-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Путин худашро танҳо эҳсос мекунад. Ба нишаст даъват шудани президенти Тоҷикистон ва раҳбарони кишварҳои дигари таҳти нуфузи Русия як намоиш аст. Путин гуфтан мехоҳад, ки ӯ танҳо нест."

Гадоев афзуд, ба нишасти BRICS дар Русия бештар онҳое даъват шудаанд, ки "аз кишварҳои авторитарӣ ҳастанд. Ҳеч кишвари демократӣ дар он ширкат надорад."

BRICS аксаран кишварҳоеро муттаҳид кардааст, ки мавқеашон бо кишварҳои ғарбӣ ҳамсон нест ё мухолифи арзишҳои онҳоянд. Чин ва Русия дар созмон нақши калидӣ доранд ва бештар аз тариқи он манфиатҳои худро бароварда месозанд.

"Ҳамкории Чин ва Русия дар масъалаҳои байнулмилалӣ як омили субот дар ҷаҳон аст. Мо ҳадаф дорем, ки барои амният дар дунё ва назми ҷаҳон ҳамкориро дар ҳама бахшҳо бештар кунем," – гуфт Владимир Путин, президенти Русия.

Дар нишасти BRICS дар Қазон раҳбарон ва намояндаҳои сӣ кишвар ширкат мекунанд.

Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милал, ҳам барои ширкат дар нишаст ба Русия рафтааст. Украина аз Гуттериш хоста буд, ки бо даъвати “ҷинояткори ҷангӣ” ба ин нишаст наравад ва обрӯйи Созмони Милалро нарезонад.

Видеоро дар ин ҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Русия ба як нишасти муҳим рафт