Ин феҳраст аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон сар шуда, бо Эммануэл Макрон, президенти Фаронса ба поён мерасад. Раҳмон собиқаи беш аз 31 сол раҳбарӣ дорад. Ӯ аз соли 1992 то 1994 раиси Шӯрои Олӣ буд. Сипас, дар натиҷаи интихоботҳои пайиҳаме, ки мухолифонаш ва кишварҳои ғарбӣ ноозоду олуда ба тақаллуб хонда, аммо ҳампаймонҳояш ба мисли Чину Русия шаффофу дуруст донистаанд, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст.
Шахсоне, ки давраҳои пайиҳам раҳбарӣ накардаанд, дар ин рӯйхат нестанд.