Вазири умури хориҷии Олмон, ки бо як сафари ногаҳонӣ ба Киев рафтааст, нисбат ба "тактика"-ҳои Русия барои кашолкорӣ дар гуфтушуниди сулҳ дар мавриди хатми ҷанг дар Украина ҳушдор дод. Ин сафари нуҳуми Анналена Барбок ба Украина аз оғози ҳамлаи густурдаи Русия дар моҳи феврали соли 2022 аст.
Ӯ гуфт, бовар дорад Киев омодаи имзои як созиши сулҳ ба раҳбарии Амрикост: "Дар нишасти ояндаи вазирони корҳои хориҷии НАТО, мо ба ҷониби амрикоӣ рӯшан хоҳем кард, ки набояд бо тактикаҳои Путин даргир шавем."
Баёнияи вазири корҳои хориҷии Олмон пас аз он нашр шуд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, таҳдид кард, ки агар Русия тарҳи оташбаси ӯро нодида гирад, бар маҳсулоти нафтияш боҷҳои дубора ҷорӣ хоҳад кард.
Трамп дар айни замон гуфт, агар Владимир Зеленский, президенти Украина, созишномаи истихроҷи маъданҳоро бо Иёлоти Муттаҳида имзо накунад, “бо мушкилоти калон” дучор мешавад.
Раисҷумҳури Амрико рӯзи 30-юми март гуфт, "ӯ талош мекунад аз ин қарордод ақибнишинӣ кунад. Мехоҳад, узви НАТО бошад, аммо ҳаргиз нахоҳад шуд. Вай инро медонад."

Владимир Зеленский
Ҳукумати Украина рӯзи 28-уми март гуфт, ҳамчунон дар ҳоли баррасии пешнависи тавофуқномае аз сӯи Иёлоти Муттаҳида дар мавриди конҳои маъдани ин кишвар аст. Расонаҳо гузориш доданд, ки Вашинтон бандҳои ин қарордодро чанд бор дигар кардааст.
Юлия Свириденко, вазири иқтисоди Украина, дар нишасти ҳукумат эълон кард, ки Киев дар ҳоли шакл додани мавқеи худ дар бораи ин қарордод аст, аммо вакилони порлумон танҳо замоне мавқеи худро муайян хоҳанд кард, ки иттифоқи назар вуҷуд дошта бошад. Вай афзуд, қабл аз он, баҳси умумӣ ба нафъи кор нахоҳад буд.
Украина дорои захираҳои қобили таваҷҷуҳе аз маводи маъдании муҳим мебошад, ҳарчанд миқдори он дақиқ нест. Маводи камёб бинобар истифода дар фанновариҳои дифоӣ ва ҳамчунин дар дастгоҳҳое монанди компютерҳо, телефонҳои ҳушманд ва батареяҳо бисёр арзишманд ҳастанд.
Украина ва Амрико дар аввалҳои моҳи март созиш карданд, ки барои истихроҷи маъданҳои муҳим як қарордод имзо мекунанд. Талошҳо барои имзои ин созишнома пештар, 28-уми феврал, дар пайи таниши лафзии Трамп ва Зеленский дар Кохи Сафед аз байн рафт.
Акси Доналд Трамп ва Владимир Путин
Дар ҳамин ҳол, 30-юми март Трамп гуфт, агар эҳсос кунад раисҷумҳури Русия Владимир Путин монеи талошҳои ӯ барои поён додан ба ҷанг дар Украина шудааст, таърифаҳои 25-50-дарсадӣ бар ҳама маҳсулоти нафтии Русия ҷорӣ хоҳад кард.
Вай афзуд, вақте президенти Русия Владимир Путин хоҳони ташкили ҳукумати муваққатӣ дар Украина шуд, ки амалан ба маънои рондани раисҷумҳур Владимир Зеленский аст, "бисёр хашмгин" ва "дилсард" гашт. Худи Трамп пештар Зеленскийро "диктатори бидуни интихобот" номида буд.
"Агар бо Русия барои қатъи хунрезӣ дар Украина ба тавофуқ нарасем ва агар фикр кунам, ки ин гуноҳи Русия аст... он вақт ба ҳама нафти содиротии Русия таърифаи дубора ҷорӣ хоҳам кард," – гуфт Доналд Трамп.
Трамп афзуд, ки дар сурати даст наёфтан ба оташбас, давоми як моҳи оянда иқдомоти тиҷоратӣ рӯи даст хоҳад гирифт.
Ин изҳорот баъди он садо дод, ки Кохи Сафед рӯзи 25-уми март гуфт, ҳам Русия ва ҳам Украина ба оташбас дар Баҳри Сиёҳ ва зарба назадан ба иншооти энергетикии ҳамдигар розӣ шудаанд. Бо вуҷуди ин, мушкилот боқӣ монд.
Киев мегӯяд, ба иҷрои созиш омода аст, аммо Маскав дар иваз лағви баъзе аз таҳримҳои вобаста ба ширкату бонкҳои русиро талаб дорад.