Ҷо Байден рӯзи 8-уми декабр дар паёми телевизионӣ аз Кохи Сафед гуфт: "Чун онҳо масъулияти бештарро бар дӯш мегиранд, мо на танҳо сухан, балки амали онҳоро низ арзёбӣ хоҳем кард".
Ба қавли ӯ, Иёлоти Муттаҳида фаъолияти гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ-ро, ки метавонад аз холигоҳи бавуҷудомада дар Сурия истифода кунад, бодиққат назорат хоҳад бурд. Байден гуфт, Амрико рӯзи 7-уми декабр ба мавқеъҳои ДОИШ дар Сурия даҳҳо зарбаи дақиқ зад.
Шӯришиён ба раҳбарии гурӯҳи "Таҳрир аш-Шом" рӯзи ҳаштуми декабр аз суқути давлати Башор Асад дар Сурия хабар доданд. Башор Асад аз соли 2000-ум раисҷумҳури Сурия буд. Пеш аз он, падараш Ҳофиз Асад, 29 сол дар ин кишвари Ховари Миёна фармонравоӣ кардааст
Ошӯбгарони мусаллаҳ дар ҳамлаи ғофилгирона, ки 27-уми ноябр сар шуд, аввал Ҳалаб ва сипас Ҳамову Ҳумсро гирифта, ҳаштуми декабр вориди Димишқ, пойтахти Сурия, шуданд.
Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва чанде аз кишварҳои дигар "Таҳрир аш-Шом"-ро созмони террористӣ медонанд. Ин гурӯҳи низомии исломгаро дар солҳои охир иртиботашро бо "Ал-Қоида" бас карда, талош намудааст, худро алтернативаи шоистаи ҳукумати Сурия нишон диҳад.
Бо вуҷуди он ки Абумуҳаммад Ҷулонӣ, раҳбари "Таҳрир аш-Шом", кӯшидааст, шиаҳои алавӣ ва камшуморони дигари Сурия, аз ҷумла насрониҳоро итминон диҳад, ки ба онҳо чизе нахоҳад шуд, нигарониҳо дар бораи пайванди эҳтимолии "Таҳрир аш-Шом" бо гурӯҳҳои террористӣ ва поймоли ҳуқуқи инсон аз тарафи он боқӣ мондааст.