Ин матлаби кӯтоҳро яке аз хонандагони Озодӣ фиристода, аз бақия мехоҳад, то дар такмили ин "кайнома" кумакаш кунед.
Хонандаи азиз!
Мову ту ҳамватанем ва дар ҳавои озоди Ватан нафас мекашем. Ватан, миллат, ваҳдат, озодӣ, истиклолият- чӣ гуфтаниҳои ширин ва гуворо. Афсӯс, ки ҳама пучанд, пучанд ба он маъно, ки ҳазорҳо саволи «кай?» ҳаст, ки ман бисёр мехостам ҷавобҳояшонро пайдо кунам. Инак «кай?»-хои беҷавоби ман:
1.Кай дар хонаи ман қувваи барқ доимо фурӯзон мешавад?
2. Кай фарзанди ман дар назди чароғи бобоӣ ва фурӯзонакҳои чинӣ дарс таёрккуниро бас мекунад?
3. Кай дар қубурҳои харобшудаи газ газ пайдо мешавад?
4. Кай аз сақфи синфхонаи мактаб об чакидан бас мекунад?
5. Кай дар мактабҳо гармидиҳии маркази муҷаҳҳаз мешавад?
6. Кай порахӯрон аз вазифа холӣ мешаванд?
7. Кай бе пораю «тағо» кори ман буд мешавад?
8. Кай мардумфиребии роҳбарон ба анҷом мерасад?
9. Кай дар донишгоҳҳо ба ҷои шиму курта ба ботини донишҷӯ нигоҳ мекардагӣ мешаванд?
10. Кай «тағодорҳо» дар чароғаки сурх нигарон мешаванд?
11. Кай адолат ҳукмфармо мешавад?
12. Кай?........................
Хонандаи азиз, аз Шумо бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ин рӯйхатро то ба 100 расидан давом диҳед!