Талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои маҳви қочоқи инсонро нокофӣ хонданд

Гуруҳе аз занон аз Осиёи Марказиро дар Эрон бо иттиҳоми қочоқи инсон дастгир кардаанд.

“Талошҳои ҳукумати Тоҷикистон ба меъёрҳои ҳадди аққали маҳви қочоқи инсон мутобиқат намекунад, ҳарчанд мақомот талоши зиёд ба харҷ медиҳанд”. Ин натиҷагирии калидии муаллифони гузориши вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи вазъи мубориза бо қочоқи инсон дар соли 2019 аст. Гузориши солона дар бораи муборизаи кишварҳои ҷаҳон барои маҳви ин зуҳурот дар соли 2019 рӯзи 25-уми июн нашр шуд.

Дар ин гузориш, ки дар Вашингтон муаррифӣ шуд, омадааст, соли гузашта 53 нафар дар Тоҷикистон, чӣ марду чӣ зан, қурбонии қочоқи инсон шудаанд. Дар як сол 24 нафар, аз ҷумла се шаҳрванди Ветнам, ба унвони қурбонии қочоқ ёрӣ дарёфт кардаанд. Аз миёни онҳо 11 нафар истимори корӣ ва 13 нафар истисмори ҷинсӣ шудаанд.

Дар гузориши вазорати корҳои хориҷии Амрико омадааст, ҳукумати Тоҷикистон дар қиёс ба солҳои пеш барои муқобила бо қочоқи инсон талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад ва дар миёни ин тадбирҳо – ҷазои сахттар ба қочоқчиёни инсон, кӯмак ба ҷабрдидагон дар паноҳгоҳи давлатӣ, қабули қонун дар бораи додани шаҳрвандӣ ба 20 ҳазор шахси бешаҳрвандӣ ва идомаи талошҳо барои пешгирӣ аз истифодаи кӯдакон дар пахтазорҳо аст.

Бо вуҷуди ин ба гуфтаи муаллифони гузориш, - “талошҳои ҳукумати Тоҷикистон ба меъёрҳои ҳадди аққали чанд ҷанбаи мубориза бо қочоқи инсон мутобиқат намекунад.” Фасодкорӣ боиси аз марз гузарондани қурбониҳои қочоқ мешавад, вале ҳукумат аз пайгарди қонунӣ ва ё ҷазо гирифтани кормандони давлатӣ, ки дар ин ҷиноят даст доранд, гузориш намедиҳад. Додгоҳҳо ҷазоҳои сабук медиҳанд, ҷабрдидагон дуруст ҳимоят намешаванд ва қонун дар бораи муҳофизати онҳоро ба таври муносиб иҷро намекунанд.

Вазорат мегӯяд, ҷиноят хотирбинӣ надорад

Дар вокуниш ба ин нуктаи гузориш Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 26-уми ин ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳеҷ ҷиноят, аз ҷумла қочоқи инсон “хотирбинӣ надорад” ва мақомот вазифаи худро аз рӯи қонун иҷро мекунанд.

Ӯ афзуд:” “Дар Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккилона маркази муқовимат бо савдои одамон фаъол аст, ки бевосита бо ҳамин ҷиноятҳо кор мебарад. Ҳама навъи ҷиноятҳои вобаста ба ин, аз ҷумла истисмори меҳнативу шаҳвонӣ, ки бе розигии тарафҳо ба амал омадааст, нисбати чунин ҳолатҳо санҷиш ва корҳои тафтишотӣ бурда мешавад. Агар маълумот ё шикояте дар ин маврид ба дасти мақомот расид, ҳатман он пайгирӣ ва мақомот чора мебинад, ӯро дастгир карда нисбаташ ҷазо татбиқ мекунад. Ҳеҷ як чунин ҷиноятҳо новобаста аз синну сол ва вазъи иҷтимоӣ пинҳон намемонанд ва ҳеҷ гуна хотирбинӣ вуҷуд надорад”.​

18 парванда дар як сол

Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, соли 2019 дар Тоҷикистон 18 парванда дар нисбати 23 гумонбари қочоқи инсон таҳқиқ шуд, соли 2018 дар доираи 21 парванда 38 гумонбарро тафтиш кардаанд. Дар миёни ин парвандаҳо кори чор корманди ширкате баррасӣ шудааст, ки дар қочоқи инсон аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ даст доштанд.

Таҳқиқи парвандаи як гумонбар, ки дар Олмон зиндагӣ мекунад, ҳамчунон идома дорад. Дар гузориш омадааст, додгоҳҳо 4 нафарро барои қочоқи инсон ба мӯҳлатҳои аз панҷ то ҳашт соли зиндон маҳкум карданд ва ҳамин ҳукмҳо ҳам баъдан коҳиш дода шуданд.

Як сарпаноҳ барои ҷабрдидаҳо дар кишвар

Паноҳгоҳи Маркази кӯмак ба ҷабрдидагони қочоқи инсон, ки аз ҷониби созмони ҷамъиятии “Фемида” назорат мешавад, танҳо муассисае дар Тоҷикистон аст, ки ба онҳо сарпаноҳ медиҳад. Дар ин муассиса ҳоло як зан бо ду кӯдакаш нигаҳдорӣ мешаванд. Зан аз истисмори корӣ раҳо шуда, дар инҷо кӯмаки равониву ҳуқуқӣ мегирифтааст.

Саноат Солиева, ҳуқуқдони тоҷик, ки солҳост бо ҷабрдидагони қочоқи инсон кор мекунад, мегӯяд, дар давраи пандемия ин марказ, ки бо маблағгузории вазорати беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоӣ амал мекунад, тақрибан холӣ шуд. Паноҳгоҳ аз бахши занонаву мардона иборат аст ва имкони нигаҳдории чор зан бо кӯдаконашон ва шаш мард вуҷуд дорад.

Ӯ афзуд: “Ин фавқулодда кам аст, чунки гоҳо чунин мешавад, ки то 20 нафар дар як вақт ба сарпаноҳ ниёз доранд. Бархе аз ҷабрдидагон мутобиқ бо ҷараёни таҳқиқи парванда, то ҳукми суд бояд дар ин муассиса нигаҳдорӣ шаванд ва ин то чору шаш моҳ ҳам тӯл мекашад.”

Яке аз мушкилоти марказ нокофӣ будани буҷаи он мебошад, чунки танҳо барои харҷи хӯроки якрӯзаи як қурбонӣ тахминан 18 сомонӣ ҷудо мешавад. Буҷаи соли 2020-и ин паноҳгоҳ 253 ҳазору 600 сомонӣ (тахминан 25 ҳазор доллар дар сол) аст, ки ба гуфтаи Солиева кофӣ нест.

Солиева мегӯяд: “Шукр, ки вазорати тандурустӣ ин корро ба зиммааш гирифта пеш бурда истодааст. Агар онҳо дастгирӣ намекарданд, мо намедонистем, ки ҷабрдидаҳоро ба куҷо фиристем”. Маблағи бештар барои аз ташхиси тиббӣ гузаонидани қурбониён, таъмини онҳо бо дорувор, либоси мавсимӣ ва дигарҳо лозим аст.

Ҷабрдидагон аксар вақт аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират бо вакили дифоъ таъмин ва бо мусоидати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ касб меомӯзанд. Солиева гуфт: “Бисёри онҳо баъдан омада, аз кӯмаки гирифтаашон ташаккур мекунанд. Баъзе духтароне, ки ваҳшати қочоқро дидаанд, омада мегӯянд, ки оиладор шудаанд ва зиндагиро аз нав шурӯъ кардаанд.”

Машваратҳо ба Тоҷикистон

Муаллифони гузориш ба Тоҷикистон машварат додаанд, ки барои беҳбуди кор дар ин самт чанд тадбирро амалӣ кунад. Аз ҷумла, шиносоии ҷабрдидагон, ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо, тамрини полис барои шинохти гурӯҳҳои осебпазир, мисли қурбониёни бозори фаҳшо ва муҳоҷирони корӣ аз ин машваратҳо аст. Ба Тоҷикистон ҳамчунин тавсия додаанд, ки ҳар парвандаро то охир мӯшикофона таҳқиқ кунад ва гунаҳкорони қочоқро ҷазои сазовор бидиҳад.

Машварати дигар ба сарнавишти 84 кӯдаки аз Сурияву Ироқ баргардонидашуда рабт дорад, ки онҳоро апрели соли 2019 ба Тоҷикистон оварданд. Амрико гуфтааст, ин атфол бояд аз хатари табдил шудан ба “сарбози ҷанг” халос шаванд ва офият ёбанд. Як машварати дигар идомаи кор бо дипломатҳову дигар кормандони давлатӣ, марзбонону гумрукчиён барои пешгирӣ аз ҷалби онҳо ба қочоқи инсон аст.