Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Русия шеваи боздошти қариб 1000 муҳоҷири хориҷӣ дар пойтахти ин кишварро, ки навораш чанд рӯз боз дар Интернет чарх мезанад, маҳкум мекунанд.
Дар ин навор нирӯҳои вижаи пулис(ОМОН) 952 муҳоҷири хориҷии умдатан аз Осиёи Марказиро дастҳо пушти сар аз кӯчаҳои пойтахти Русия ба истилоҳ “этап” мекарданд.
Светлана Ганнушкина, раҳбари шабакаи “Муҳоҷират ва ҳуқуқ” дар “Мемориал”, як гурӯҳи маъруфи ҳомии ҳуқуқи башари Русия, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин шеваи боздошти муҳоҷирон рафтори нирӯҳои Олмони фашистӣ нисбат ба асирон дар солҳои ҷанги дувуми ҷаҳонро ба ёд меорад ва ба таъбири ӯ, “як шармандагист.” Светлана Ганнушкина гуфт, ин боздошт асаре ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ нахоҳад дошт, зеро агар мақомоти Русия дар воқеъ бихоҳанд, ки пеши роҳи чунин муҳоҷиратро бигиранд, бояд бо манбаъи он – корфармоён – сарбасар шаванд, на бо муҳоҷироне, ки ба гуфтаи ӯ, “як қишри мазлум аст ва дар як шароити қариб ғуломона кору зиндагӣ мекунанд.”
Светлана Ганнушкина мегӯяд: “Ин як шармандагӣ буд. Дар ин навор мо дидем, ки муҳоҷиронро мисли ҷинояткорон, мисли асирони ҷанг, ё мисли як бандаи ҷиноӣ, балки мисли як пода мебурданд. Ин барои Русия як доғи шармандагист. Дигар чӣ ҳам метавон гуфт? Ин ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ як зарра рабт ҳам надорад, чунки бо таҳқиру паст задани шаъну шарафи инсонии онҳо ба чизе ноил шудани мақомот ғайримумкин аст.”
Соати панҷи субҳи 30 май нирӯҳои ОМОН аз як маҷтамаъ дар кӯчаи сеюми Хорошевскаяи шаҳри Маскав, ки бо номи “Город бытовок” ҳам маъруф аст, 952 муҳоҷири хориҷиро боздошт карда ва дастҳо пушти сар аз кӯчаҳо бурданд. Барои интиқоли ин артиши бузурги “асирон” 34 автобус ҷалб шуда буд. Мақомот ба дунбол хабар доданд, ки боздоштшудагон аксаран шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистону Қирғизистон ва қисме аз Туркия будаанд ва алайҳи 117 нафари онҳо, ки дар Русия ғайриқонунӣ кору иқомат мекарданд, протокол тартиб додаанд ва онҳоро бояд акнун ё ҷарима, ё ихроҷ кунанд.
Дар кӯчаи сеюми Хорошевская барои муҳоҷирон як силсила хобгоҳҳои сеқабатаи тунукагӣ сохтаанд ва ба навиштаи расонаҳои русӣ, ҳар субҳ аҳли ин шаҳраки худсохтро даҳҳо автобус ба маҳалли корашон мебурд. Як бахши ин муҳоҷирон дар бозорҳои яклухтфурӯшии атроф ва қисмате ҳам дар сохтмонҳо кор мекардаанд. Дар замони Шӯравӣ дар ин макон совхози овозадори сабзавоткории “Тепличний” амал мекард, ки феълан ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил ёфтааст, вале ҳоло бештар на аз ҳисоби гармхонаҳову кишти сабзавот, балки аз ҳисоби бозорҳои сершумор ва сохтмон кор мекунад.
"Моро мисли немисҳо бурданд"
Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Озодӣ гуфтанд, ки шумори муҳоҷирони тоҷик дар байни боздоштшудагон ҳанӯз дақиқ нашудааст, вале ба гуфтаи онҳо, тоҷикон дар онҷо зиёд набуданд.
Аммо Маҳмуд, яке аз ин боздоштшудагон мегӯяд, ки ӯро на аз ин “Город бытовок”, балки аз манзилаш дар шаҳраки Реутов гирифтанд. Маҳмуд дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, онҳоро баъдан ба шӯъбаҳои мухталифи пулис “тақсим” карданд ва танҳо дар шӯъбаи пулиси шаҳри Реутов ҳамроҳи ӯ 80 тоҷики дигарро оварда буданд. Ӯву тақрибан 50 тоҷики дигарро фақат баъди 3 рӯз, баъди ташхиси қонунияти будубошашон дар Русия бо мусоидати созмони “ЭтМос” тавонистаанд аз боздошт раҳо шаванд.
Маҳмуд мегӯяд, рафтор нисбат ба онҳо аз оғози амалиёт то дами раҳоӣ аз шӯъбаи пулис таҳқиромез буд: “Ранги немисҳо бурданд моро. Дастҳоятонро пушти сар бигиреду даст ба китифи ҳамдигар монед, гуфтанд ба мо. Ҳатто ба конслагер инхел намебурданд. Ман бо онҳо ҷанг ҳам кардам, ки маро бобоям дар Ҷанги бузурги ватанӣ ширкат кардааст, амакам ширкат кардааст, ин чӣ рафтор аст, ки бо мо раво мебинед? Кай парво доштанд. Гуфтанд, ки равед, дар ватани худатон пахтаву картошка шинонед, чӣ гум кардаед дар Русия?”
Маҳмуд мегӯяд, акнун то замоне ки асноди шаҳрвандии Русияашро дуруст накунад, аз хона берун нахоҳад шуд, чунки метарсад, ки агар мабодо боз дар як “шикор” ба даст биафтаду ихроҷ шавад, ба ҳоли зану фарзандонаш, ки дар Реутов ба сар мебаранд, кӣ хоҳад расид? Ба гуфтаи мусоҳиби мо, вақте рӯзи якшанбе раҳо ёфт, тақрибан 30 муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳи шӯъбаи пулиси Реутов ҳанӯз мунтазир будаанд, ки оё сарнавишти онҳоро чигуна ҳалл мекунанд?
Иттифоқан...
Каримҷон Ёров, раҳбари “ЭтМос”, созмоне ки ба муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик кумак кардааст, мегӯяд, шеваи боздошти ин 952 нафар иттифоқан ҳамагӣ ду рӯз баъд аз мулоқоти раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек сурат гирифт.
Ба ақидаи Ёров, чунин шеваи таҳқиромез ва намоишкоронаи боздошти муҳоҷирон дар худ як навъ паёме дошт ба мақомоти кунунии Душанбе: “Мо хуб мефаҳмем, ки ин боз як амалиёти тарҳрезишуда буд, ки бо он ҳукумати Русия ба ҳукумати Тоҷикистон боз як аломати дигар дод, ки мо ба чӣ корҳое қодирем. Ин ҷанги филу мӯрчаро ба ёди ман меорад. Муҳоҷирони корӣ боз ҳам дар дасти ҳукуматҳои ин ду кишвар як бозича шудаанд, ки ҳар вақт ки хостанд, ҷилави ҳамин мардуми бечораро мекашанд. Агар ин қадар ҷилав кашиданианд, дар ҳамон сатҳи боло бикашанд, на инки ҳар бор алами худро аз ин тоифаи беҳуқуқ бигиранд. Чунин корҳо баъди баҳси қарордоди пойгоҳи 201 зиёдтар шуд, вале ман фикр мекунам, ки ҳатто агар Тоҷикистон ин қарордодро тасвиб ҳам кунад, ҳамлаҳо ба муҳоҷирон идома хоҳанд ёфт.”
Ба дунболи боздошти 952 муҳоҷир дар кӯчаи сеюми Хорошевская, шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфтааст, ки ӯ мухолифи талошҳои сохтани гетто, яъне маҳаллҳои хоси сукунат барои намояндагони ақвоми ғайр аст. “Маскав шаҳри Русия аст ва бояд чунин бимонад,” - гуфтааст Собянин. Манзури шаҳрдор аз ҷумла ҳамон “Город бытовок” аст, ки макони иқомати ҳазорон муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ шудааст.
Ҳамасола беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Танҳо соли гузашта ин мардум ба Тоҷикистон 3,6 миллиард доллар пул фиристодаанд, ки баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвари фақири пасошӯравист. Ҷамъи муҳоҷирони хориҷӣ дар Русияро ҳудуди 13 миллион нафар баровард мекунанд.
Светлана Ганнушкина, раҳбари шабакаи “Муҳоҷират ва ҳуқуқ” дар “Мемориал”, як гурӯҳи маъруфи ҳомии ҳуқуқи башари Русия, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин шеваи боздошти муҳоҷирон рафтори нирӯҳои Олмони фашистӣ нисбат ба асирон дар солҳои ҷанги дувуми ҷаҳонро ба ёд меорад ва ба таъбири ӯ, “як шармандагист.” Светлана Ганнушкина гуфт, ин боздошт асаре ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ нахоҳад дошт, зеро агар мақомоти Русия дар воқеъ бихоҳанд, ки пеши роҳи чунин муҳоҷиратро бигиранд, бояд бо манбаъи он – корфармоён – сарбасар шаванд, на бо муҳоҷироне, ки ба гуфтаи ӯ, “як қишри мазлум аст ва дар як шароити қариб ғуломона кору зиндагӣ мекунанд.”
Светлана Ганнушкина мегӯяд: “Ин як шармандагӣ буд. Дар ин навор мо дидем, ки муҳоҷиронро мисли ҷинояткорон, мисли асирони ҷанг, ё мисли як бандаи ҷиноӣ, балки мисли як пода мебурданд. Ин барои Русия як доғи шармандагист. Дигар чӣ ҳам метавон гуфт? Ин ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ як зарра рабт ҳам надорад, чунки бо таҳқиру паст задани шаъну шарафи инсонии онҳо ба чизе ноил шудани мақомот ғайримумкин аст.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад