Манбаъ: Айбномаи раҳбарони ҲНИТ ҳафтаи оянда эълон мешавад

13 узви боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз сӯи муфаттишони КДАМ бозпурсӣ мешаванд ва шояд алайҳи онҳо ҳафтаи оянда иттиҳом эълом шавад.

Як манбаъ аз Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 19 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир 13 узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз сӯи муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бозпурсӣ мешаванд ва бо эҳтимоли зиёд ҳафтаи оянда алайҳи онҳо иттиҳом эълон шавад.

Ин манбаъ мегӯяд, дар робита ба боздошти 13 узви ҲНИТ ҳанӯз иттиҳоми дақиқе эълон нашудааст ва ҳанӯз масъалаи ба рӯйхати созмонҳои ифротгаро шомил кардани ин ҳизб низ матраҳ нест. Ба гуфтаи мусоҳиби Озодӣ, шомил кардан ё накардани ҲНИТ ба ин "рӯйхати сиёҳ" танҳо баъди анҷоми таҳқиқи мақомоти амниятӣ маълум хоҳад шуд.

Вале ин манбаъ мегӯяд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон дар баробари Вазорати умури дохилӣ барои дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додани Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ санадҳои лозимиро ҷамъоварӣ дорад.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр бо пахши як изҳороти расмӣ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва 13 тан аз раҳбарони ин ҳизбро айбдор кард, ки дар ошӯби ахири гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим, даст доранд. Аммо раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва Маҳмадалӣ Ҳайит даст доштани аъзоёни ин ҳизб дар ин ҳодисаро радд карданд.

Ба дунбол, мақомоти амниятии Тоҷикистон 13 нафар аз афроди баландпояи ин ҳизбро дар як рӯз боздошт карданд, ки ба гуфтаи додситонӣ, ба даст доштан дар “амалҳои ҷинояткоронаи гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода” гумонбар мешаванд.

Ҳоло аз се рӯз ба ин тараф Саидумар Ҳусайнӣ, Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Муҳаммадалии Ҳайит, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов ва Воҳидхон Қосидинов дар боздошт қарор доранд.

Манобеъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон дар ҳоле аз эҳтимоли дар ҳафтаи оянда эълон кардани иттиҳом алайҳи ин афрод хабар доданд, ки созмонҳои ҳуқуқи башар аз боздошти фаъолони ҲНИТ нигаронӣ карданд.

Созмони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch, рӯзи ҷумъаи 18-уми сентябр дар якҷоягӣ бо Иттиҳодия оид ба ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ ва Кумитаи Ҳелсенкии Норвежӣ аз давлати Тоҷикистон хостанд, ки фаълони Ҳизби наҳзати исломиро бидуни таъхир раҳо намояд ва ё агар далоили рӯшан барои даст доштани онҳо дар нақзи қавонин дорад, онро эълон кунанд ва ҳамин таври тамоси боздоштшудаҳоро бо вакилони мудофеъ ва хонаводаҳояшон таъмин намояд.

Дар гузориши Созмони ҳуқуқи башар гуфта мешавад, ки ин боздоштҳо намунаи барҷастаи ҳамла ба мухолифон дар Тоҷикистон мебошад. Ҳаг Виллиамсон, директори бахши Аврупо ва Осиёи Миёна дар ин созмон афзудааст, ки "мақомоти тоҷик вазифадоранд, ки ҳар чи зудтар алайҳи ин афрод иттиҳомоти муайян ва дақиқ эълон кунанд ё онҳоро раҳо намоянд."

Дар гузориши Созмони ҳуқуқи башар аз қавли Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон омадааст, ки мақомоти тоҷик то ба ҳол наздик ба 50 узви ин ҳизб, ба шумули мақомоти аршади онро боздошт кардаанд. Бар пояи қонунҳои байналмилалӣ, боздоштшудаҳо бояд дар додгоҳ ҳозир карда шаванд, то сарнавишти онҳо муайян шавад.

Ба гуфтаи Котиби генералии Кумитаи Ҳелсинкии Норвежӣ, “мақомоти тоҷик ба ин натиҷа расиданд, ки аз ҳодисаи ахир барои раҳо шудан аз мухолифон истифодаи лозимро бикунанд: "Аммо иддаои даст доштани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар нооромиҳои ахир танҳо дар ҳолест, ки аз қабл низ ин ҳизб таҳдид ба бастан шуда буд. Набудани нишонаҳо ва далоили ҳақиқӣ, нишон медиҳад, ки ин боздоштҳо аломати маъракаи густурдаи ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ин ҳизби пурнуфуси мухолиф мебошад."

Созмони ҳуқуқи башар, ҳамчунин аз эҳтимоли ба шиканҷа рӯбарӯ шудани боздоштшудагон нигаронӣ кардааст. Дар ин изҳорот аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва дигар шарикони байналмилалии Тоҷикистон тақозо шудааст, ки ба ҳукумати он кишвар фишор биёранд то ӯҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро намуда ва озодиҳои баён, эътиқод ва фаъолиятҳои сиёсиро эҳтиром намояд.

Амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим, ки 12 рӯз идома кард, дар пайи ду ҳамлаи мусаллаҳонаи субҳи 4 сентябр ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва ба як посгоҳи милиса дар маҳаллаи “Гардиши фурудгоҳ”-и Душанбе, ки дар маҷмӯъ 9 тан аз нирӯҳои милисаро кушта бар ҷой гузошт, оғоз ёфт. Мақомот масъулияти таҳия ва раҳбарии ин ҳамлаҳоро ба дӯши муовини вазири дифоъ генерал-майор Абдуҳалим Назарзода гузошт.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон пас аз анҷоми ин амалиёт, ки рӯзи 16 сентябр бо кушта шудани генерал Абдулҳалим Назарзода ва ҳамроҳонан анҷом ёфт, эълон кард, ки дар натиҷаи амалиёти 12-рӯзаи нирӯҳои ҳифзи ҳуқуқ алайҳи ин гурӯҳ, 139 гумонбар боздошт шудааст. Ин манбаъ мегӯяд, ки нисбати 100 нафари онҳо парванди ҷиноӣ боз шудааст шудааст. Дар миёни нирӯҳои ҳукуматӣ аз рӯзи аввали ҳодиса - 4 то 16 сентябр 14 нафар, аз ҷумла фармондеҳи гурӯҳи зиддитеррористии КДАМ Рустам Амакиев кушта шудаанд. Шумори кушташудаҳо дар миёни мусаллаҳон 27 нафар гуфта мешавад.