Ҳукумати Толибон аз созиши марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кард

Мавлавӣ Амирхон Муттақӣ иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Толибон мебошад

Рӯзи 15 март бо нашри изҳороте ҳукумати Толибон, ки худро “Аморати исломии Афғонистон” меномад, аз қарордоди имзошудаи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Толибон, аз ҷумла, навиштааст: “Аморати исломии Афғонистон дастёбӣ ба хатми баҳси дарозмуддати миёни ду кишвари бародарро аз роҳи ҳамдигарфаҳмӣ қадами мусбате ба самти суботи минтақавӣ, рушди иқтисодӣ ва тақвияти эътимоди байниҳамдигарӣ арзёбӣ мекунад”.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки “Афғонистон ҳамеша пуштибони сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ аст ва бовар дорад, ки ин созишнома саҳифаи навро дар сулҳи давомдор дар Осиёи Марказӣ боз хоҳад кард”.

Ҳукумати Толибон, ки соли 2021 дар Афғонистон сари қудрат баргаштааст, ҳанӯз аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба расмият шинохта нашудааст, вале ҳамкориҳои энержӣ ва тиҷоратӣ миёни ин кишварҳо вуҷуд доранд.

Созиши марзии миёни Душанбе ва Бишкек рӯзи 13 март имзо шуд ва то ҳол бисёр давлату созмонҳои шарики ин кишварҳо, аз ҷумла, СММ, Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои ИМА, Русия, Чин ва дигарҳо аз имзои ин санад истиқбол кардаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Истиқболи Департаменти давлатии ИМА аз созиши Тоҷикистон ва ҚирғизистонИстиқболи раҳбарони СММ, Чину Русия, Иттиҳоди Аврупо аз созиши марзии Тоҷикистону Қирғизистон "Ҳаргиз ҷангу хунрезӣ нашавад." Бозкушоии ду гузаргоҳ байни Суғду БодкандСозишномаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон имзо шудМарз миёни Тоҷикистону Қирғизистон боз шудЯтимов дар бораи созиши марзӣ: "Дар Тоҷикистон ҳам норозиҳо ҳастанд"