Ҳукумати Тоҷикистон даҳҳо миллион сомонӣ қарзи андозро бахшидааст

Ҳукумат 33 миллион сомонӣ ($ 3,1 млн) қарзи панҷ корхонаи давлатиро аз андоз бахшидааст. Қарори мазкурро президент Эмомалӣ Раҳмон 1-уми октябр имзо кардааст.

Аз 33 миллион сомонӣ қарзи корхонаҳои давлатӣ аз андоз, қариб нисфи он ё 15 миллион сомонӣ ба ширкати “Тоҷик Эйр” тааллуқ дорад. Ин ширкати ҳавопаймоии давлатӣ қариб панҷ сол аст, ки бо мушкили молӣ рубарӯ аст ва ҳавопаймоҳои он ба ҷуз шаҳри Хоруғ, ба дигар ҷой парвоз намекунанд.

Ба ҷуз “Тоҷик Эйр”, ҳамчунин 14 миллион сомонӣ қарзи «Кони ангишти «Назар-Айлоқ», 1,3 миллион маблағи ҶСК «Пармакунии ҷанубӣ», 1,1 миллион қарзи «Тоҷиксармоягузор» ва 366 ҳазор қарзи «Кони Ангишти Шӯрообод» бахшида шудаанд.

Интиқодҳо аз гаронии андоз ва ҳам додани имтиёз ба ширкатҳои наздик ба мақомот қаблан ҳам садо дода буд. Ҳарчанд масъулин гуфтанд, дар Тоҷикистон ширкатҳои “худӣ” ва “бегона” нест.