Ҳукумати Қирғизистон хоҳони лағви маҳдудият барои истихроҷи уран шуд

Порлумони Қирғизистон

Девони вазирони Қирғизистон бо таҳияи лоиҳаи қонуне пешниҳод кардааст, ки иктишоф ва коркарди конҳои урану торий дар он кишвар дубора иҷозат дода шавад.

Дар шарҳи пешниҳод гуфта шудааст, ки истихроҷ ва содироти маъданҳои фоидаовар, аз қабили урану торий, дар сурати риояи қатъии меъёрҳои экологӣ ҳангоми коркард метавонад ба ҷузъи муҳими иқтисоди Қирғизистон табдил ёбанд.

Пештар аз ин президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳам гуфта буд, ки қонуни манъи коркарди конҳои уранро дар кишвараш бекор мекунанд.

Ба гуфтаи вай, дар кони Қизил-Омпол беш аз 14 миллион тонна маъдан мавҷуд аст. Аз он 95% - титаномагнетит, 3% -фосфор, 2% - сирконий, 0,22% - торий ва 0,17%-ро уран ташкил медиҳад.

Порлумони Қирғизистон моҳи майи соли 2019 дар пайи эътирози сокинон ба қарори ҳукумат дар бораи тасмими истихроҷи уран дар кони Қизил-Омполи вилояти Иссиқкӯл истихроҷи уранро дар он кишвар манъ карда буд.