Ҳукумати Арманистон тарҳи қонунро дар бораи вуруди ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо қабул кард. Дар ин бора бахши армании Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми январ хабар дод.
Арарат Мирзоян, вазири корҳои хориҷии Арманистон, ҳангоми муаррифии лоиҳа гуфт, Иттиҳоди Аврупо чанд дафъа аз демократия дар ин кишвар ҳимоят кардааст.
"Арманистон омода аст ба Иттиҳоди Аврупо то он дараҷае, ки имкон дорад, наздик шавад. Мо нишонаҳоеро мебинем ва ин наздикӣ имконпазир аст," -- афзуд Мирзоян.
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, гуфт, қабули ин тарҳ маънои узвият дар Иттиҳоди Аврупоро надорад.
Ба гуфтаи Пашинян, бояд аввал харитаи роҳ бо Иттиҳоди Аврупо мувофиқа шуда, тибқи талаботи Қонуни асосӣ дар кишвар раъйпурсӣ гузаронда шавад.