Ҳукумат сармоягузор меҷӯяд, то тиллову нуқра ёбанду фурӯшанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Тоҷикистон дар як талош ҷиҳати ҷалби сармоягузор барои истихроҷи маъданҳои табиӣ аз ҷумла тиллову нуқра як форуми байналмилалӣ ташкил карданд. Дар ин форум, ки дирӯз оғоз ёфт, ба сармоягузорони хориҷӣ конҳои дастнохӯрдаеро нишон додаанд, ки мумкин аст, садҳо миллион доллар фоида биёранд.