Дар қарори ҳукумат, ки Радиои Озодӣ 24-уми март бо он шинос шуд, омадааст, 238 ҳазор сомонӣ ($ 21 ҳазор) қарзи "Раёсати таъмиру сохтмонии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон" бахшида шавад. Ин қарз то 1-уми октябр соли 2024 ҷамъ шудааст.
Ҳукумат дар гузашта ҳам аз баҳри қарзи чанд идораи давлатӣ баромада буд. Аз ҷумла соли 2024 қариб 135 миллион сомонӣ ($12,7 млн) қарзи ду ширкати зертобеи Хадамоти алоқаро аз молиёт (андоз) бахшиданд. Хадамоти алоқаро онвақт Бег Сабур, қудои президент Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекард ва моҳи январи имсол барканор шуд.
Интиқодҳо аз гаронии андоз ва ҳам додани имтиёз ба ширкатҳои наздик ба мақомот қаблан ҳам садо дода буд. Ҳарчанд масъулин гуфтанд, дар Тоҷикистон ширкатҳои “худӣ” ва “бегона” нест. Коршиносон мегӯянд, давлат барои ҳамаи ширкатҳо бояд "қоидаи ягонаи бозӣ”-ро муайян кунад.