Ҳукми зиндони ду рӯзноманигори таҳқиқотгар дар Қирғизистон

Муҳаббат Тоҷибек-қизӣ. Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек

Додгоҳи ноҳияи Ленин дар шаҳри Бишкек рӯзи 10-уми октябр ду рӯзноманигори таҳқиқотгарро аз гурӯҳи "Темиров Live" ба зиндон маҳкум кард.

Муҳаббат Тоҷибек-қизӣ ва Азамат Ишенбековро ба “ташкили гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ” ва “даъват ба бетартибиҳои оммавӣ” гунаҳкор донистанд.

Аввалӣ 6 ва дувумӣ 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Нозирони мустақил ва тарафдорони хабарнигорон ҳукмро дорои ангезаи сиёсӣ донистанд.

Оқтилек Капаров ва Айка Бейшекеева се сол шартан аз озодӣ маҳрум гариданд.

Ҳафт нафар “сафед” карда шуданд.

Мурофиаи 11 рӯзноманигор рӯзи 7-уми июн сар шуда буд. Тайи моҳҳои охир дар Қирғизистон фишор ба матбуоти озод ва ҷомеаи шаҳрвандӣ афзоиш ёфтааст.