Додгоҳи Русия раиси пешини "Маркази Сахаров" Сергей Лукашевскийро, ки берун аз кишвараш қарор дорад, ба ҳашт сол зиндон маҳкум кард.
Ҳукм рӯзи 18-уми ноябр эълон шуд.
Додгоҳ Лукашевскийро бар асоси панҷ навиштааш дар Фейсбук, ки ҷиноятҳои ҷангии нерӯҳои Русияро дар Украина маҳкум мекард, ба пахши "ахбори дурӯғ" дар бораи артиши Русия гунаҳкор донист.
"Маркази Сахаров" соли 1996 бо ҳадафи ҳифзи мероси физики барҷастаи рус, барандаи ҷоизаи Нобел, ҳомии ҳуқуқи башар Андрей Сахаров боз шуда буд.
Додгоҳи Маскав дар моҳи августи соли 2023 онро барҳам дод. Далелаш ҳам тамаркузи осорхона ба вазъи ҳуқуқи одамон дар Русия буд.
Сергей Лукашевский дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина дар соли 2022 ин кишварро тарк кард.