Ҳукми қатли як мардро дар Ҷопон баъд аз 56 сол бекор карданд

Ивао Хакамада

Додгоҳе дар Ҷопон рӯзи 26-уми сентябр Ивао Хакамадаи 88-соларо, ки соли 1968 ба ҳукми қатл маҳкум шуда буд, бегуноҳ эълон кард.

Ӯро 56 сол пеш бо гуноҳи куштани раҳбари собиқаш, ҳамсар ва ду фарзанди ӯ ва оташ задани хонаи онҳо ба ҳукми қатл маҳкум карданд. 46 сол дар зиндон нишаст.

Худаш гуфтааст, ки бегуноҳ аст ва зери шиканҷа ҷинояти нокардаро ба дӯш гирифт. Вай тамоми ин муддат дар интизори содир шудани ҳукм дар пушти панҷара ба сар бурд.

Соли 2014 далелҳои наве аз рӯи ин парванда ошкор шуд ва онро ба бозбинӣ фиристоданду Хакамадаро озод карданд. Даҳ сол баъд аз шурӯи бозбинии парванда додгоҳ рӯзи 26-уми сентябр ҳукм кард, ки иттиҳомҳои зидди ӯ сохтакорӣ шудаанд.

Дар қарори додгоҳ омадааст, ки ӯро “бо дарди равонию ҷисмонӣ водор карданд, ки иқрор шавад”, вале нишонаҳои ДНК-и хуни рӯи либоси кушташудаҳо ва ДНК-и ӯ мувофиқат намекунанд. "Муфаттишон куртаро худашон хунолуд карда, дар ҷойи ҷиноят партофтаанд," – гуфта шудааст дар қарор.

Хакамада, ки саломатиаш дар муддати дар зиндон будан бад шудааст, дар қироати ҳукми додгоҳ иштирок карда натавонист ва ба ҷойи ӯ хоҳари 91-солааш Хидеко Хакамада дар мурофиа ширкат дошт.